Маҳфили навбатии «Ман метавонам» бо ташаббуси шуъбаи кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон рўзи 12 марти соли ҷорӣ бахшида ба фасли зиндашавии табиат- баҳор баргузор гардид. Дар маҳфил кормандон ва хонандагони фаъоли шуъба иштирок намуданд.
Садри маҳфил иброз дошт, ки баҳор яке аз фаслҳои зеботарини сол мебошад. Ин фаслро зиндашавии табиат, арўси сол меноманд. Дар васфи баҳор адибони зиёде шеърҳо гуфтанд. Аз ҷумла, абарустод Мирзо Турсунзода фармуда:
Баҳор омад садои булбул омад,
Насими фораму бўи гул омад.
Либоси сабзро саҳро ба бар кард,
Кулоҳи сап сафед олу ба сар кард.
Баҳор қариб дар ҳамаи кишварҳои дунё аз фаслҳои дўстдоштанӣ ба шумор рафта, ба муносибати фарораси ин иду маросимҳои халқӣ гузаронида мешаванд.
Дар фасли баҳор ҳамма мисли гул шукуфон мегардад.Дар тамоми дунё баҳорро фасли зеботарин ва фасли ризқу рўзӣ низ меноманд. Дар давлати Тоҷикистон ин фаслро фасли пурфайз меноманд. Беҳтарину хуштарин иди айём Наврӯз аст, ки аз 21-уми март оғоз мешавад ва бо вуруди Наврӯз тантанаҳои ҷашнӣ низ оғоз мешаванд, ки ҳафтаҳо идома мекунанд.
Сипас, хонандагони фаъоли шуъба дар бораи фасли баҳор шеърҳо қироат намуда, манзараҳои гулпўш ва сарсабзу хуррами баҳориро ба тасвир кашиданд.
Шаҳодатхон Давлатова
мутахассиси шуъбаи кўдакон ва наврасон КМТ.