Аз “Намунаи адабиёти тоҷик”. Абдулазизхон ибни Надирмуҳаммадхон
Нашр шуд 2020-08-06 10:07
Волии Бухоро буда, соли 1091 ҳиҷрӣ ба сини 74 - солагӣ аз ҳукумат истеъфо дода, озими Ҳиҷоз гардида. Пас аз адои ҳаҷ сайри Ҳиндустон карда, дар он ҷо вафот ёфт. Наъши ўро ба Мадина бурда, дар гўристони Буқайъ дафн карданд.
Дар вақти сафари ҳаҷ ба бародараш Субҳонқулихон, ки ҷонишини ў шуда буд, ин ғазалро навишт:
(Аз тазкираи Сиддиқхони Ҳашмат)
Ҷавҳари шамшери ғайрат печутоб аз ман гирифт,
Мавҷи ин дарёи сокин изтироб аз ман гирифт.
Баҳри ман дар ҳеҷ мавсим нест бе ҷўши нишот,
Гиряи шодӣ кунад абре, ки об аз ман гирифт.
Хоби ман сад бор аз давлат бувад бедортар,
Хобро дар хоб бинад, ҳар ки хоб аз ман гирифт.
Дар дили вайронаи ман ганҷҳо осудааст.
Вақти он кас хуш, ки ин мулки хароб аз ман гирифт.
Дар ғурбат навишта:
Ёди айёме, ки мо ҳам рўзгоре доштем,
Шаҳриёри шаҳри худ будему ёре доштем.
Тирабахтӣ кард моро инчунин беэътибор,
Варна мо ҳам пеши мардум эътиборе доштем.
Бар сарири мамлакат будем хуш, Абдулазиз,
Дар миёни мардуми олам диёре доштем.
Аз «Оташкада»
Ба санг рахна шуд, азбас гиристам бе ту,
Зи санг сахттарам ман, ки зистам бе ту.
Таҳияи Бобораҳимова Уғул,
мутахасисси шуъбаи кўдакон ва наврасон.