Аз “Намунаи адабиёти тоҷик”. Мирзоҳайит туқсабо Саҳбои Вобкандӣ (Аз тумани Бухоро, шаҳид-1336/1918)

(Аз тазкираи Садри Зиё)

Гуфтам: Ҳама побанди ту шуд. Гуфт: Шумо чӣ?

Гуфтам: Зи ғамат сўхт дилам. Гуфт: Ба мо чӣ?

Гуфтам: Чи шавад ҳосили мо? Гуфт: Надонам.

Гуфтам: Ба сарам даст бинеҳ. Гуфт, ки по чӣ?

Гуфтам: Кӣ бувад ошиқи ту? Гуфт, ки Саҳбо.

Гуфтам, ки чаро зулм кунӣ? Чаро чӣ?

***

          Кай тавонад, ки кунад фитна муҳайё наргис,

          З-ин сабаб нест ба чашмони ту ҳамто наргис.

          Фитнаву мастиву ноз аст ба чашми ту, вале

          Сарбасар ҳаст аз ин ҷумла мубарро наргис.

          Гаштаам маст ман аз нашъаи чашми сияҳаш,

          Нест огоҳ зи кайфияти Саҳбо наргис.

Саҳбо пири равшанзамири хонақоҳи инқилобу таҷаддуд аст. Мумоилайҳи ба сифати шоире дар вақте ки амир Абдулаҳад ҳокими Кармина буд, ба хидмат ҷалб шуда. Баъд аз он ки амири мазкур ба ҷои падар ҳукумрон гардид, Саҳбо ҳам ба хидмати дарбор монда.

Саҳбо, бино бар собиқаи хидматаш, ҳарчанд ба мансабҳои бузург расид, аммо аз он ҷо, ки ҳамеша фасоди аҳли дарбор ва навоқиси ҳукумати  амирро далерона танқид мекард, на аз амир, на аз вазир ва на аз соири аҳли дарбор ва уламо рўйгармӣ надид.

Дар соли 1915 ба супориши  сафоратхонаи Николай аз қўшбегӣ танбеҳ дид, 1917 моҳи апрел, ба муносибати намоиши  ҷавонбухориён дар арки Бухоро маҳбус ва пас аз тахфифи ноираи ихтилол ҳамроҳи рафиқи деринаву ҳаммаслаки пешинааш Ҳоҷӣ Додхоҳ-ҳокими маъзули Яккабоғ ба Қубодиён  нафй (бадрақа) гардиданд.

Дар соли 1918 ба муносибати воқеаи Колесов ва фармудаи  амир Олим ба мубошарати Давронбек ном ҳокими золим ин ду пири равшанзамир ба як сурати ваҳшиёна шаҳид шуданд. Синни Саҳбо ва рафиқаш ба 70 наздик буд.

Аз тазкиранависони муосир Садри Зиё Саҳборо бад-ин наҳҷ тасвир карда:

Дигар шоире ҳаст донишшиор

Зи тумани Комоти мулки Бухоро,

Ки Мирзоҳайит ному Саҳбо лақаб,

Занад ҷўш табъаш чу май аз тараб.

Фазилатдисоре ғаюру далер

Ба гуфтору кирдор чун наррашер.

Ба нерўи бозуи он покдин

Дар ин аср н-омад ба рўи замин.

Ба изҳори ҳақ ошкору ниҳон

Надорад ҳазор аз кеҳону меҳон,

Ба ҳаде, ки дар пеши шаҳ з-ин насақ

Кунад доимо нашру эълони ҳақ.

Ин абёт ҷасорати адабияи Саҳборо, ки оқибат сарашро ба боди зулм дод, ба хубӣ баён менамояд.

Садри Зиё, баъд аз он ки маҷори ҳолати Саҳборо менависад, дар бораи ахлоқаш менигорад:

Гаҳи эҳтиёҷ аст баҳри сахо,

Гаҳи имтизоҷ аст кони вафо.

Ба пои касе гар занад хор неш,

Равон оварад марҳам аз ҷони хеш.

Ин тавсифоти Зиё табиӣ, бериёст, чунончи дар охир мегўяд:                               

Бад-ў кори ман ҳеҷ н-афтодааст,

Ба омад-шуде роҳ накшодааст,

Ҳар он чӣ шунидам ман аз дигарон,

Кашидам дар ин ҷо ба шарҳу баён.

Саҳбо соҳибдевон аст. Номи ин пири қурбони роҳи таҷаддуд,инқилоб ва ҳақгўиро ба табъу нашр кардани девонаш, бо тарҷумаи ҳолаш зинда кардан аз чумлаи вазифаҳои инқилобист.

Садриддин Айнӣ.

“Намунаи адабиёти тоҷик”,

Душанбе соли 2010.