Аз “Намунаи адабиёти тоҷик” Қорӣ Масеҳо Тамҳиди Самарқандӣ

Ибни Муҳаммадсолеҳи ибни Муҳаммадзиё Ҳайрат ибни Муҳаммадзамон ибни Муҳаммадризои Фалғарии Похутист (таваллуд 1310 ҳиҷри). Падару аҷдоди Тамҳид  ҳама шоиру аҳли  адаб, фалғариюласл ва тоҷики  сирфанд.

Ғазал

(Аз рўзномаи «Овози тоҷик», шумораи 10 )

То боз намудем чу гулғунча даҳонро,

Мизроби баён гашт забон сози суханро.

Ин ғулғулаи  табли сухан буд, ки имрўз,

Дар зилзила андохт заминрову заманро.

З-ин даври такомул чу тараққист  муродат,

Ёд ор ба ибрат  ҳама  дам  аҳди  куҳанро.

Оҳанги  тараб  шеваи  мо  гашт чу булбул,

То сабз бишуд  нахли амал шохаву  танро.

Ноил ба  таманнои дили худ  шавад он, к-ў

Айюбсифат  сабр  кунад  ранҷу  миҳанро.

Ҳар  сабза, ки  болид  зи  борони  сиришкам,

Ороиши  дигар  бидиҳад  боғу  чаманро.

Мо мурдадилонем, вале  зинда  ба  сурат,

Фарқе  набувад  пираҳани  мову  кафанро.

Ҳар кас, ки фитад дар чаҳи андешаи маънӣ,

Н-орад ба хаёлаш ҳаваси чоҳи зақанро.

Лаззат надиҳад шарбати кавсар ба лабонаш,

Нўшид зи бустони адаб ҳар ки лабанро.

Хуш он, ки бувад дар пайи Тамҳиди фасоҳат,

Равшан кунад аз тарзи баён шамъи фитанро.

Мақтаъ ба рўзнома нашр нашуда  буд, аммо  соҳиби  асар илова  намуд:

Тамҳид  агар лаб ба  тағаззул  бикушояд,

Равнақ  барад  аз дурри  дарӣ дурри  Аданро.

Истеъдоди адабии Тамҳид  аз  наворид  аст, ҳоло  тамоми қщбилияти худро  изҳор  накарда, дар  дохили  чорчўбаи  тақлиди  Бедил  ба  муҳосира  мондааст. Агар ин  истеъдоди  фавқулода аз  ин  муҳосира халосӣ ёбад, аз  наводири  рўзгор  шуданаш  муқаррар   аст.

Чунончи  аз  тарзи  баён  маълум  аст, ду  ғазалаи  нахустин  ба  тарзи  хеле  кўҳна ва танҳо  ба  нияти  тақлиду  пайравии  Бедил  иншод шудааст. Аммо  ғазали охирӣ  назар  ба  дарёфту  завқи  фақир хеле  баланд  аст.

Тамҳидро  дар  заминаҳои  нав  низ  сухансароиҳост, ки  дар қисми савум ин маҷмўа гўши ҷони бошандагони маҳфили адабиёти навро овеза хоҳем кард.

Таҳияи Нафиса Қурбонова,

мутахассиси шуъбаи кўдакон ва наврасон.