(Аз «Туҳфат-ул -аҳбоб»)
Маҳе дорам, ки аз шўхӣ кунад сар лоуболиро,
Гаҳ аз рўи таҳаммул сар кунад соҳибкамолиро.
Гаҳ аз ҷўши такаллум зинат афзояд фасоҳатро
Гаҳ аз мавҷи табассум ҷон диҳад софи зулолиро
Гаҳ аз ороиши худ бандад ойини зулайхоӣ,
Гаҳ аз рухсори маҳ равшан кунад юсуфмисолиро.
Гаҳе аз ханда бахшад шаҳд ҳалқи талхкомонро
Гаҳе аз гиря афшонад ба рў иқди лаолиро.
Гаҳ аз мафтунии чашми сияҳ созад аён сеҳрам,
Гаҳ аз мавзунии сарви қадаш нозукниҳолиро.
Гаҳ аз субҳи гиребон сафҳаи хуршед бикшояд,
Гаҳе бо килки абрў хуш кашад нақши ҳилолиро.
Гаҳе аз сурхии ғабғаб лаълро дар санг бигзорад,
Гаҳ аз рангинии лаб хун диҳад ёқути олиро.
Гаҳ аз теғи тағофул хуни чандин каҷулаҳ резад,
Гаҳ аз шамшери истиғно занад сайди ғизолиро.
Гаҳе дар боғи маънӣ андалеби хушнаво гардад,
Гаҳе тўти шавад ойинаи ширинмақолиро.
Ба ин омошноӣ ёри Ширин то бувад,ё раб,
Мабод ойинаи ў рўбарў занги малолиро!
***
Шариф Махдум, писари қозӣ Муллоабдураҳими Балхист, дар Бухоро таваллуд ва касби камол намуда. Дар авоили ҳол «Ширин» тахаллус карда, оқибат ба «Муътасим» табдил дода. Баъд аз хатми кутуб дар аҳди амир Музаффар дар баъзе туманоти Бухоро раис ва муҳтасиб шуда, баъд аз он ба сабабе аз Бухоро фирор карда, дар Истанбул ба нашри кутуб ва тобеъӣ иштиғол намуда. Аз он ҷо зан хоста, ба фавти занаш , ки девонавор дўст медошт, ба забони туркии усмонӣ марсияҳои ҷонсўс дорад.
Қасидаи «Абўбакри Сиддиқ» ва қасидаи «Бурда»-ро дар форсӣ, туркӣ ва арабӣ мухаммас намуда.
Дар авохири умр тиҷорати кутубро байни Бухоро ва Қазон нақл дода буд. Аз таърихи вафоташ маълумот ба даст надаромад.
Таҳияи С. Шарифӣ,
мутахасиси шуъбаи кудакон ва наврасон
Садриддин Айнӣ.
“Намунаи адабиёти тоҷик”,
Душанбе соли 2010.