Дар маҳфили навбатии “Дастони моҳир”-и шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ мавзӯъ «Ҳайвонҳо ва парандаҳои хонагӣ» буд. Чун анъана муаллима дар бораи ин ҳайвонҳо ва парандаҳо бо ширкаткунандагони наврас суҳбат кард, назари онҳоро пурсид. Маълум гардид, ки аксари ин бачаҳо дар бораи ин ҳайвонҳо ва парандагон маълумоти кофӣ доранд.
Дар бораи ҳайвонҳо ва парандаҳои хонагӣ дар шароти шаҳр гуфтан чандон вақти зиёд намехоҳад. Аксари мардум дар шаҳр дар хонаҳои баландошёна зиндагӣ мекунанд ва аксаран шояд ба ҷуз гурба, дигар ҳайвони хонагӣ надошта бошанд. Баъзеҳо албатта, сагонро ҳам нигоҳ медоранд, вале ин теъдод одам хеле каманд.
Аз парандаҳо мурғони қафасӣ, аз қабили кабку тӯтиву қанорӣ баъзе парандаҳои асири қафасӣ ҳастанд. Хонандагон дар ҷараёни суҳбат гуфтанд, ки кӣ дар хона ин гуна парандаҳо дорад.
Аммо зимни суҳбат муаллима умуман дар бораи ин гуна ҳавоноту парандаҳо суҳбат намуд. Бахусус дар шароити деҳот мардуми мо гов, гўсфанд, асп, хар, мурғ, мурғобӣ, буз, тўтӣ, кабк ва ғайра нигаҳдорӣ мекунанд.
Муаллима ба хонандагон дар бораи фоидаи ин ҳайвонот нақл кард, аз шири гову буз, то гӯшти гову аспу бузу гӯсфанд, аз тухму гӯшти мурғ то хизмати хару асп дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ҳикоят кард.
Хонандагон ҳам дар бораи ин ҳайвонот ва парандаҳо шеърхонӣ карданд.
Расму наққошиҳои хонандагон дар доираи мавзӯъ хеле ҷолибу диданӣ буд.
Азиза Алимова