Маҳфили «Дар суҳбати адиб» бо ширкати Зариф Ғулом

Дар шуъбаи кўдакон ва наврасони Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон», маҳфили «Дар сўҳбати  адиб» бо иштироки  нависандаи шинохтаи тоҷик Зариф Ғулом баргузор гардид. Муовини директори Китобхонаи миллӣ Ҷалолуддин Нурзода маҳфилро ифтитоҳ намуд ва баъди изҳори сипос ба меҳмон, ки даъвати ширкат дар маҳфил ва мулоқот бо хонандагонашро пазируфт, дар бораи Зариф Ғулом ва эҷодиёташ чанд сухан гуфт. Ҷонишини Директори Китобхонаи миллӣ аз ҷумла гуфт, ки Зарифи Ғулом солҳои зиёд дар вазифаҳои гуногуни мақомоти судии кишвар фаъолият намудааст. Хабару мақола, очерку лавҳа, ҳаҷвияву латифа, қисса, романҳояш бо забонҳои тоҷикӣ, ўзбекӣ ва русӣ ба табъ расидаанд. Нависандае, ки ҳамвора талош кардааст барои кўдакон  ҳикояву қисса нависад.

Хонандагони фаъоли шуъба дар бораи кору фаъолият ва саргузашти нависандаи  тоҷик, ки нафақат дар Тоҷикистон, балки берун аз кишвар шуҳрату маъруфи хоса дорад, нақл намуда, ба саволҳои худ ҷавобҳои  посух гирифтанд.

МУАРРИФИИ МО:

Зариф Ғулом (Зариф Ғуломов) 30-уми ноябри соли 1944 дар ноҳияи Кангурт (ҳоло Темурмалик) дар оилаи деҳқон чашм ба олами ҳасти кушодааст.

Айёми кўдаки ва ҷавониашро дар ноҳияи Колхозобод (айни ҳол Ҷалолиддини Балхӣ) гузарондааст. Мактаби миёнаи №-33-и ноҳияи Колхозободро соли 1961 бо мувафаққият хатм намуда, пас аз каме дар истеҳсолот ва ташкилотҳои ҷамъиятию давлатӣ таҷриба андўхтан, соли 1975 ба шўъбаи рўзонаи факултети ҳуқуқшиносии Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (айни замон Донишгоҳи миллииТоҷикистон) дохил шуда, онро соли 1980 ба итмом расонидааст.

Солҳои зиёд дар вазифаҳои гуногуни мақомоти судии кишвар фаъолият намудааст.

Аз омўзиши ҳунар кайҳо гузашта, хабару мақола, очерку лавҳа, ҳаҷвию латифа, қиссаю ҳикояҳояш дар васоити ахбори оммаи ҷумҳурӣ аз соли 1959 то инҷониб ба забонҳои тоҷикӣ, ўзбекӣ ва русӣ ба табъ расидааст. Мавсуф аз соли 1998-ум узви Иттифоқи рўзноманигорони Тоҷикистон ва аз соли 2000 –ум узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

Маҷмуаи қиссаву ҳикояҳояхояш бо номи «Парвоз» соли 1998, қиссаи «Ҳукми дил» -соли 2003, «Парвоз» -дар таҳрири нав – соли 2004, қиссаи «Даъвати хун»- соли 2005, қиссаи «Ҷодугар» -ро соли 2006 манзури хонандагон гардонида аст.

Нахустромани моҷароиаш «Бори каҷ – дар роҳи каҷ» аз тариқи нашриёти «Адиб» -соли 2011 аз чоп баромад. Қиссаи «Ҷодугар» дар таҳрир нав аз ҷониби нашриёти «Шарқи озод» ва қиссаи «Бўсаи аввалин» аз тариқи нашриёти ТҒД «Истиқбол» нашр гардидаанд. Адиб ҳамон замон романи таърихӣ «Асри хиёнат»- ашро тавассути чопхонаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли 2012 ва соли 2015 дар нашриёти «Балоғат» аз чоп баромадааст. 

Фирӯза Раҳимова