Чӣ ? Кай? Дар куҷо?
Ин китобест, ки ахиран Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Милли Тоҷик дар ҳаҷми 238 саҳифа бо ороиши хеле ҷолибу диданӣ барои бачаҳо интишор додааст. Ва шояд ин аввалин иқдомест, ки Энсиклопедияи миллӣ таҷриба мекунад. Ва китоб на танҳо бо ороишаш ҷолиб аст, балки он саропо хонданист. Чун ба суолоте посух медиҳад, ки маъмулан аз зеҳни куҷкови атфол мегузарад.
Ин нукта дар муқаддимаи китоб ҳам омада. “Чун кўдакон хеле ҳассосу кунҷкованд, суҳбаташон ҳамеша аз суолҳои чуну чаро оғоз меёбад. Аз қабили чаро рўз ба шаб табдил меёбад ва ситораҳо медурахшанд? Чаро борону барф – ҳар ду аз осмон меборанд, вале яке моеъ асту дигаре не! Замини мо чӣ сохт ва дигар сайёраҳо чӣ сохт доранд. Таркиби Моҳтоб ва дигар сайёраҳо чӣ гунаанд?
Ба ҳамин тартиб ҳазорҳо суолу пурсиш вуҷуд доранд, ки бидуни раҳнамое ба онҳо ҷавоб ёфтан мушки ласт. Вале ин китоб мададгори кўдакони кунҷков хоҳад буд”.
Ин танҳо як пора аз сарсухани китоби ёдшудааст. Дар пораи дигаре, ки ҳоло иқтибос мекунем, омада: “Китобе, ки дар даст доред, Шуморо ба олами аҷоиби илм, дунёи кашфиёти бузурги тафаккури инсонӣ ва ҷаҳони рангини набототу ҳайвонот хоҳад бурд. Шумо аз ҳар боби ин донишнома ба суолҳои бешумори худ ҷавоб хоҳед ёфт. Мо аминем, ки китоби “Чи? Кай? Дар? Куҷо?” дар инкишоф ёфтани истеъдод мукаммал гаштани ҷаҳонбинии шумо мусоидат хоҳад кард. Ва ба чунин сифатҳо ороста будани ҳар яки шуморо пешрафти замон тақозо мекунад”.
Яқинан чунин аст. Инсони ҳамадон тоҷи сари ҷомеа аст. Ва ин ҳамадониву пурдонӣ бояд аз кӯдакӣ оғоз шавад. Атфол бояд ҳамеша кунҷкову ҳамадон бошанд. Ва ин калонсолонанд, ки масъуланд ба ҳама суолоти онҳо посух диҳанд. Вале оё мо калонсолон он донишеро дорем, ки ба ҳама пурсишҳои атфол посух дода тавонем? Шояд, вале на ҳама. Ана барои чӣ ин гуна донишномаҳо лозиманд. Пас бояд мо аз ин гуна китобҳо истифода кунем.
Муаллифони донишнома мегӯянд, ки мо бояд ҳамқадами замон бошем. Яъне, ин чӣ маъно дорад? Ҷаҳон бар пояи донишҳои пешрафта устувор аст ва агар мо бихоҳем ҳамқадами замон бошем, пас биёмӯзем ва бидонем. Ва ин тақозо мекунад, ки мо ҳама донишманд бошем, мо ҳама пурдон бошем, мо ҳама ихтирокор бошем. Танҳо ҳамин аст, ки Истиқлолияти Ватани худро ҳифз карда метавонем. Ободии Ватан, шукофоии он танҳо бо дониш мешавад таъмин гардад.
Аммо боз дар бораи китоби “Чӣ? Кай, Дар куҷо?”. Ин китоб бори аввал бо забони тоҷикӣ нашр мешавад ва мутарҷими он низ Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуқодири Абдуқаҳҳор аст. Шахсе, ки солиёни дароз даст ба қалам бурдаву аз ҳаёти одамон навиштааст, аз мушкилоти ҷомеа сухан гуфтааст. Ва чун зиёд миёни мардум будааст, дарк ҳам кардааст, ки ҷомеаи мо ба ин гуна китобҳо ниёз дорад. Ва боз ин ки худи Абдуқодири Абдуқаҳҳор масъулияти сарварии Китобхонаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутиро бар дӯш дорад.
Умуман дар бораи ин китоб гуфтаниҳо хеле зиёданд. Бо ҳамин иктифо мекунем ва шуморо ба мутолиаи ин донишномаи хеле шавқовар даъват менамоем. Чанд адад аз ин китоб ҳоло дар толори хониши кӯдакон ва наврасон гузошта шудааст ва шумо бе мамониат ва хеле осон онҳоро дастрас ва мутолиа карда метавонед.
Ду шарҳеро аз ин китоб чун намуна ин ҷо меорем, то бидонед, ки воқеъан ҳам ин китоб шавқовар ва ҷолиб аст.
Бозичаҳоро аз чӣ месозанд?
Ҳоло қариб тамоми бозичаҳо аз пластика сохта мешаванд. Пластикаро аз маводи нафтӣ истеҳсол мекунанд. Пластика навъҳои гуногун дорад. Он вобаста ба тарзи истифода ба намудҳои сахт, мулоим, элластикӣ (чандир) ҷудо мешавад. Мавводе, ки аз он бозича истеҳсол мекунанд, бояд ба синну соли кўдак мувофиқ бошад. Дар ҷаҳон қонуни ягонае амал мекунад, ки мутобиқи он бояд бозичаҳо ба ҳайёти кўдакон хатарнок набошанд ва боиси ҳодисаҳои нохӯш нашаванд.Оҳанрабо
Оҳанрабо ашёест дорои хусусияти фавқулодда. Вай баъзе филиззотро ба худ мекашад. Тамоми навъҳои оҳанрабо ду қутб доранд, ки онҳоро шартан қутбҳои «шимол» ва «ҷануб» меноманд. Оҳанрабо ғайр аз филиззот, инчунин оҳанрабои дигарро низ ҷазб мекунад. Дар ин сурат қутби шимоли як оҳанрабо қутби ҷануби оҳанрабои дигарро мекашад ва баръакс. Аммо ду қутби якҷинсаи оҳанрабо (қутбҳои шимолу шимол ва ҷанубу ҷануб) ҳамдигарро тела медиҳанд.
Оҳанрабо ашёеро ба худ мекашад, ки аз оҳан, чўян, кобалт ва никел сохта шудаанд, вале ба тило, мисс, нуқра, алюминий, пластика ва чўб таъсир намерасонад.