Иштироки кормандони КМТ дар аксияи "Дарахти ман"
Нашр шуд 2021-02-24 15:38
Бо розигӣ ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дастгирии Сафорати Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми қаламрави кишвар аксия таҳти унвони "Дарахти ман" бо мақсади ҳифзи муҳити зист, ободонӣ ва кабудизоркунӣ мегузарад. Бо ташаббуси роҳбарияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳайати кормандон тасмим гирифтаанд, ки дар ин аксия иштирок намуда, саҳми худро дар ободонӣ ва кабудизоркунии ватани азизамон гузоранд.
Ба ҳамин мақсад, рӯзи 21 феврал гурӯҳи кормандони Китобхона ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии низомаш махсуси шаҳри Ҳисор ба деҳаи Хирманаки шаҳри Ҳисор сафар намуда, дар қитъаи замини он 500 адад дарахтони гуногуни мевадиҳанда шинониданд.
Ҳамчунин ба маъюбони мактаб-интернат аз номи Китобхонаи миллӣ кумак карда шуд.
Масъулони аксияи “Дарахти ман” Наврӯз Одинаев ва Амир Исоев ба директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон профессор Файзализода Ҷумахон Хол барои ширкати кормандони китобхона дар аксияи зикршуда изҳори миннатдорӣ намуда, аз ҷумла қайд карданд, ки “Дастгирии роҳбарияти Китобхонаи миллӣ гувоҳи он аст, ки кормандони ин даргоҳ, шурӯъ аз директор то ба корманди қаторӣ ҳамеша дар фикри хурраму сарсабз ва ободу зебо гардонидани Тоҷикистони маҳбуб мебошанд”.
Чорабинии мазкур бо иштироки доираи васеи рӯзноманигорони дохилу хориҷ баргузор шуда, рафти он пурра аз ҷониби телевизони"Мир" сабт гардид.
Аз ҳисоби аксияи “Дарахти ман” барои Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон 50 адад дарахтони ҳамешасабзи сӯзанбарг ҷудо карда шудааст, ки рӯзи шанбе дар саҳни Китобхона шинонда хоҳанд шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки иштирок дар аксияи “Дарахти ман” озод буда, идораю корхонаҳо ва шахсони алоҳида метавонанд, ки дар он ширкат намуда, дар барномаи кабудизоркуниву сарсабзгардонии кишвар саҳм гузоранд.
Фирӯза Аҳророва,
муовини сардори шуъбаи кӯдакон ва наврасон.