Завқии Дарвозӣ кӣ буд?
Нашр шуд 2020-11-30 15:10
Завқии Дарвозӣ Абдулқоҳир, Эшони Домулло соли 1800 дар деҳаи Сангевн, Дарвози Бадахшон ба дунё омадааст, шоири тоҷик. Дар зодгоҳ, дар муҳити хонаводагӣ омўзиш дидааст. Завқии Дарвозӣ дар байни мардуми Дарвоз ба нисбаи «Домулло» шуҳрат дошт. Барои идомаи таҳсил ба Бухоро рафта, айёми толибилмӣ ба шеър гуфтан оғоз кард ва тадриҷан дар ин фан устоду номвар шуд. Дар мухаммас гуфтан маҳорат дошт. Абёти зер аз ўст.
Оташам, дар хирмани хошок шўру шар задам,
Сафҳаи дилро ба тори ростӣ мистар задам.
З-ин гулистон то гуле аз аҷз ман бар сар задам,
Дар бисоти бениёзӣ такя бар бистар задам,
Осмонро паст дидам, хайма болотар задам.
Дурри панди носеҳонро ман ба гўш овехтам,
Тан зи нахват тоҷ бар сар дошт, хокаш бехтам,
Хотир аз ташвиши дил зад, гаҳ ба ғам омехтам,
Дил зи доғ озурдахотир буд, хунаш рехтам,
Сина аз нохун шикоят дошт, бар ханҷар задам.
То муҳаббат дар дилам нафзуд, ҷисмам ҷон наёфт,
То нашуд набзам ҷавон, аслан сару сомон наёфт,
Саъй то дар кор н-омад, батни холӣ нон наёфт,
Ҳеҷ кас бе хидмате раҳ бар дари султон наёфт,
Сад ҳуморо бол додам, то паре бар сар задам.
Соли 1873 дар деҳаи Сангевн, Дарвози Бадахшон вафот кард.
Боз чоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2017. Ҷ.6. – С. 581.
Муаллиф: С. Ализода.
Таҳияи Аниса Набиева
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.