Рӯ ба илм. Забонаҳои офтоб, яъне чӣ?

Забонаҳои  офтоб, машъалаҳои офтоб, машъалаҳое, ки бевосита дар гирди доғҳои Офтоб мушоҳида мешаванд. Забонаҳои офтоб ба намуди қитъаҳои нисбатан равшан дар канорҳои қурси Офтоб беҳтар мушоҳида шуда, ҳарораташон нисбат ба ҳарорати атроф то 20000С баландтар аст.

Забонаҳои офтоб дар гирди доғҳо ҷой гирифта, аз онҳо пештар пайдо ва дертар нест мешаванд. Баъзан бидуни доғҳо то пайдоиш ё баъд аз нест шуданашон низ вуҷуд дошта метавонанд. Онҳо дар натиҷаи зиёд будани конвексия (мубодила)-и газҳои баландҳарорати атрофии доғҳо, ки майдони магнитии суст ба вуҷуд меорад, пайдо мешаванд.

Забонаҳои офтоб ташкилаҳои нисбатан устувор буда, майдони зиёди фотосфери (қисми нурафкан)-ро ишғол менамоянд ва ҳафтаҳо, ҳатто моҳҳо вуҷуд дошта метавонанд.

Маъмулан Забонаҳои офтоб майдонҳои калонро  ташкил дода, баъзан бе доғҳо низ дар сатҳи фотосфераи Офтоб мушоҳида. Сохтори Забонаҳои офтоб аз миқдори зиёди хатҳо (рангҳо)-и мураккаб, нуқтаҳову халқаҳо ё худ ғурўшаҳои равшани андозаҳояшон то 30000 км иборат аст. Миқдори Забонаҳои офтоб чун миқдори доғҳо ба фаъолияти Офтоб вобаста буда, дар қисматҳои фаъоли майдони магнитӣ пайдо мешаванд. Бо зиёд шудани забонаҳо ва доғҳо Офтоб фаъол ва ҳангоми кам будани онҳо ором аст.

Боз чоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2017. Ҷ.6. – С. 488.

Муаллифон: А. Раҳимов.

Таҳияи Аниса Набиева

корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.