Асрори осмону замин гўям... Ёде аз Сафармуҳаммад Аюбӣ

Сафармуҳаммад Аюбӣ шоири тозагӯ буд. Ашъораш миёни мардум аз маҳбубияти хосе бархӯрдор буд. Ҳамин маҳбубият буд, ки ба бештар аз 200 шеъри Аюбӣ аз ҷониби оҳангсозони тоҷик оҳанг баста шудааст. Аз рўи сенарияҳои Аюбӣ 10 филми телеаизионӣ ба навор гирифта, калонтарин чорабиниҳои давлатии солҳои 1994-97- и пойтахт ва консертҳои ҳукуматӣ таҳия шудаанд.

Сафармуҳаммад Аюбӣ  20-уми декабри соли 1945 дар шаҳри Кўлоб ба дунё омадааст. Соли 1976 Институти педагогии ба номи А. Рўдакии шаҳри Кўлобро хатм кардааст. Аз соли 1976 мухбири махсуси  рўзномаи “Роҳи Ленинӣ”- и вилояти Кўлоб шуда кор кардааст. 

Аюбӣ аввали солҳои 70 ашъори худро пешкаши ҳаводорони назми тоҷик гардонида буд. Аввалин шеърҳои ў дар рўзномаю маҷаллаҳои “Садои Шарқ”, “Помир”, “Маориф ва маданият”, “Тоҷикистони Советӣ” ва дигар расонаҳои хабарию адабӣ интишор гардидаанд. Китоби шеърҳои ў  “Гули гандум” (1981), “Рохи сафар” (1983), “Шохаи барқ” (1986), “Фалаки роғӣ” (1990) аз ҷониби нақди адабӣ баҳои хуб гирифтаанд.  Шеърҳояш бештар оҳангҳои лирикию иҷтимоӣ дошта, дар онҳо Ватан, орзую умедҳои наҷиби инсонӣ, ишқу муҳаббат тараннум шудаанд.

Дар шеърҳои “Шеъри сафеди Данғара”, “Деҳқон”, “Фарзанди коргар” ва ғайра ранҷу заҳмати коргару деҳқон самимӣ ифода ёфтаанд.  

 Солҳои 80 Аюбӣ дар эҷоди дром низ ҳунари хуб нишон дод. Ў то ин дам беш аз чиҳил дроми манзуму мансур эҷод кардааст, ки алакай хонанда ва тамошобинро бо як нафар драматурги пурмаҳсули хушсалиқа умедвор мекунад. Асарҳои драмавии ў “Фишор” (1984) ва “Заволи Ҷамбули Мастон” (1997) дар фестивали театрҳои касбии Тоҷикистон беҳтарин шумурда, соҳиби ҷоизаи   олии Фестивал “Гран-при”, дар хориҷи мамлакат намоиш дода сазовори баҳои баланд гардидаанд.

Дар манзумаҳои “Гандуми сироҷӣ” (1983) ва “Хоки ташна” (1986) қаҳрамони ҷабҳаи  инқилобу меҳнатро васф мекунад. Як силсила шеърҳои  Аюбӣ ба забони русӣ тарҷума  шудаанд. Як қатор очеркҳои  ў оид ба муҳимтарин масоили рўз низ ба табъ расидаанд. Шеърҳои Н. Доризо, Р. Рождественский , М. Геттуев,  Миртемирро  ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.

Ба бештар аз 200 шеъри Аюбӣ аз ҷониби оҳангсозони тоҷик оҳанг баста шудааст.  Аз рўи сенарияҳои Аюбӣ 10 филми телеаизионӣ ба навор гирифта, калонтарин чорабиниҳои давлатии солҳои 1994-97- и пойтахт ва консертҳои ҳукуматӣ таҳия шудаанд. Хизматҳои ўро ба назар гирифта, ба Сафармуҳаммад Аюбӣ унвони фахрии “Арбоби Шоистаи санъати Тоҷикистон” дода шуд. Аюбӣ аз соли 1986 узви Иттифоқи нависандагон, соли 1980 узви Иттиҳоди Журналистон ва соли 1981 узви Иттиҳоди Арбобони театрии Тоҷикистон буда, соли 1994 бо ҷоизаи санъати олии Иттиҳоди Арбобони театрии Тоҷикистон “Ноҳид” мукофотонида шудааст.

Ў 22 феврали соли 2011 аз олам даргузашт.

Бозчоп аз “Энсиклопедияи Адабиёт ва санъатитоҷик”. – Душанбе. – 1988. – Ҷ. 1. – С. 210-211.

Муаллиф: Б. Абдураҳмонов

Адибони Тоҷикистон. – Душанбе: Адиб, 2003. – С. 65-66.

Муаллиф: Гулназар

Аз Сафармуҳаммад Аюбӣ ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ ин матолибро метавонед пайдо ва мутолиа намоед:

Гули гандум / Маҷмўаи шеърҳо. Душанбе: Ирфон, 1981. – 64 с.

Модар; Модарам, дар фироқи дидорат: Шеърҳо // Дили модар. Душанбе, 1984. – С. 162-163.

Роҳи сафар: Маҷмўаи шеърҳо. Душанбе: Ирфон, 1984. – 96 с.

Манзараи баҳор: Шеър // Наврўз муборак. Душанбе, 1985. – С. 109.

Шохаи барқ: Маҷмўаи шеърҳо ва қисса. Душанбе: Ирфон, 1986. 128 с.

Фалаки роғӣ. – Душанбе: Адиб, 1990. – 144 с.

Ватан: Шеър // Газетаи муаллимон. 1986. – 1 май.

Аз тарафи аланга бархезад: Шеър // Роҳи Ленинӣ. 1987. – 22 апрел.

Партизан: Шеър // Роҳи Ленинӣ. 1987. – 26 июн.

Вафо; Манзара; Шишагар: Шеърҳо // Адабиёт ва санъат. 1988. – 8  ноябр.

Сирк: Ҳикоя // Ҷавонони Тоҷикистон. 1989. – 8 январ.

Сўзи модар: Шеър // Дарвози Шўравӣ. 1992. – 10 январ.

Қиблагоҳи мо Душанбе: Ба озмуни суруди пойтахт // Паёми Душанбе. 1998. – 7 октябр.

Мо ҷавони Тоҷикистонем: Шеър // Паёми Душанбе. – 2000. – 23 май.

Ҳама аз гармии оғўш сабзем: Дубайтиҳо // Адабиёт ва санъат. – 2002. – 21 март.

Сози меҳион аз наво бегона нест: Шеър // Садои мардум. 2002. – 13 апрел.

Сарқонун: Шеър // Садои мардум. 2004. – 6 ноябр.

Алла кун бачам: Шеър // Садои мардум. – 2005. – 25 июн.

Абдурозиқи фақир: Намоишнома // Адабиёт ва санъат. 2007. – 26 июл.

Муборакбодӣ: Шеър // Садои мардум. – 2007. – 4 октябр.

Тоҷик ватан дорад; Ишқи аввалинам бош;  Рақс; Доғистон; Фирор; Ситора: Шеърҳо // Адабиёт ва санъат. – 2008. – 7 август.

Истиқлол; Суруди Тоҷикистон: Шеърҳо // Тоҷикистон. – 2009. – №9-10. – С. 9.

Тавкид; Охират; Баҳор кунед; Наберагон: Шеърҳо // Адабиёт ва санъат. 2015. 17 декабр.

Тоҷикистон-ватанам: Шеър // Мароми пойтахт. 2017. 26 апрел.

Пойдор аз Ваҳдатем: Шеър // Ҷавонони Тоҷикистон. 2017. 4 май.

Дар бораи адиб

Салим, М. Шоире дар дилу дида: Бахшида ба 60-солагии шоири халқии Тоҷикистон Сафармуҳаммад Аюбӣ // Адабиёт ва санъат. – 2005. – 15 декабр.

Муҳаммадиева, Г. Асрори осмону замин гўям: Маълумот дар бораи эҷодиёти шодравон Сафармуҳаммад Аюбӣ // Адабиёт ва санъат. 2011. – 5 май.

Умар, С. Дар кўчаи Аюбӣ бо ёди ў хоҳам зист: Шеър эҳдо ба Шоири халқии Тоҷикистон Сафармуҳаммад Аюбӣ // Ҷумҳурият. – 2014. – 15 май.

Нур, Р. (Рухсора) Парвози абадзиндаи истеъдод: Шамъи хотира аз ҳаёт ва фаъолияти шоири шинохта, устоди зиндаёд Сафармуҳаммад Аюбӣ // Тоҷикистон. 2014. – №7-8. – С. 38-39.

Кўчаров, А., Ҳафизов, Т. Адибе бо шеваи тоза ва нафаси гарм: Аз эҷодиёти шоири шаҳири тоҷик зиндаёд Сафармуҳаммад Аюбӣ // Садои Шарқ. 2015. – №12. – С. 130-136.

Таҳияи Бибикубрия Қурбонова
корманди  шуъбаи
библиографияи миллӣ