Муҳаммад Осимӣ-маъруфтарин олиме нохалафон қатлаш карданд
Нашр шуд 2017-08-31 14:08
Олиме буд маъруф. Муддати 23 сол Президенти Академияи илмҳои кишвар буд. Роҳаш ба илм баъди хатми ҷанге сар шуда, ки муддати 5 сол худи ӯ дар ҷабаҳоташ буд. Тири фашист ӯро накушт, вале аз дасти ҳамватани нохудогоҳ ба қатл расид.
Муҳаммад Сайфиддинович Осимӣ, Президенти Академияи фанҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, аъзо-корреспонденти АФ Иттиҳоди Шӯравӣ, аъзои ҳаққиқии АФ ҷумҳурӣ, доктори илми фалсафа, профессор.
1 – уми сентябри соли 1920 дар шаҳри Ленинобод (ҳоло Хуҷанд) таваллуд ёфтааст. Солҳои 1934-1937 дар рабфаки хоҷагии қишлоқи шаҳри Ленинобод таҳсил карда, соли 1941 шуъбаи физикаю математикаи Донишгоҳи давлатии ба номи Алишер Навоии шаҳри Самарқандро бомуваффақият хатм менамояд.
Аз соли 1941 то соли 1946 дар хизмати аскарӣ буд ва панҷ соли Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар сангарҳои набард зидди истилогарони фашитӣ қарор дошт. Замоне зинда буд, аз ҳаёти ҷангии худ қиссаҳои ҷолибу омӯзандае мекард.
Муҳаммад Осимӣ баъди баргаштан аз хизмати ҳарбӣ фаъолияти кории худро дар Институти педагогии ба номи С.М. Кирови шаҳри Ленинобод оғоз намуда, дар вазифаҳои калон, мудири кафедраи физика ва ниҳоят ҷонишини директор оид ба корҳои илмию таълимӣ кор мекунад.
Солҳои 1952-1955 дар аспирантураи Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии назди КМ КПСС таҳсил намуда, дар соҳаи фалсафа рисолаи номзадӣ ҳимоя мекунад.
Муҳаммад Осимӣ соли 1966 нахустин ректори Институти политехникии Тоҷикистон таъин шуда, дар рушду нумуъи ин боргоҳи илм хизматҳои шоиста мекунад.
Муҳаммад Осимӣ соли 1965 президенти Академия фанҳои Тоҷикистон интихоб шудааст.
Ў дар тарҷумаи тоҷикии китобҳои дарсии физика, геометрия, астрономия, асосҳои фалсафаи марксистӣ-ленинӣ низ хизмати босазое кардааст.
Муҳаммад Осимӣ ходими давлатӣ ва ҷамиятӣ буд. Вай депутати Шӯрои Олии СССР, аъзои КМ Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, раиси Кумитаи давлатии ҷоизаии ба номи Абўалӣ ибни Сино, Раиси ҷамъияти «Дониш»-и ҷумҳурӣ, раиси Кумитаи шӯрои омўзиши тамаддуни Осиёи Марказӣ дар назди ЮНЕСКО, аъзои хориҷии ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Таърихи илми араб»-и Донишгоҳи шаҳри Ҳалаби Сурия буд.
Муҳаммад Осимӣ барои хизматҳояш дар назди халқу ватан бо ордени Ленин, ду ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат», орденҳои «Револютсияи Октябр», «Ситораи сурх», «Нишони фахрӣ», «Барои меҳнати шуҷоатнок» мукофотонида шудааст.
Муддати 23 сол Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Узви арбитражи Академияи илмҳои СССР (соли 197 ва аз соли 1991- узви Муассисаи Мушовири Академияи илмҳои Русия буд. ).
Субҳи 27-уми июли соли 1996 вақте ба кор мерафт, дар роҳ аз ҷониби афроди ношинос кушта шуд.
Соли 1997 Донишгоҳи техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон номи Муҳаммад Осимиро гирифт
Бо истифода аз “Тақвими ҷашн ва
санаҳои РСС Тоҷикистон барои соли 1980”
Душанбе. – 1979. – С. 42-44.
Аз навиштаҳои Муҳаммад Осимӣ ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ метавонед ин матолибро бихонед:
Ривоҷу равнақи илм // Оилаи бузурги халқҳои советӣ. – Душанбе, 1972. – С.28-43.
Муборизаи роҳи озодӣ // Ёдбуди Лоҳутӣ. – Душанбе, 1974. – С. 89-90.
Воқеият хилофи афсона аст: Маданияти Шарқи советӣ ва шореҳони хориҷии он // Ҳаёти қаҳрамон ва адабиёт. – Душанбе, 1977. – китоби 4. – С. 21-43.
Ташаккул ва такомули афкори фалсафӣ. – Душанбе: Ирфон, 1981. – 130 с.
Сайр иолами тафаккур // Садои Шарқ . – 1970. – №10. – С. 151-153.
Хусрави мулки сухан: Ба муносибати 700-солагии рўзи таваллуди Амир Хусрави Деҳлавӣ // Садои Шарқ. – 1975. – №10. – С. 93-99.
Дар бораи Муҳаммад Осимӣ
Дар бораи ба рафиқ Осимов М.С. додани унвони фахрии Ходими Хизматнишондодаи илми РСС Тоҷикистон / Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон (23 декабри соли 1977) // Тоҷикистони советӣ. – 1977. – 31 декабр.
Интихоби президенти Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон: Маълумоти мухтасар дар бораи М.С. Осимов // Тоҷикистони советӣ. – 1965. – 28 май.
Илм дар хизмати халқ: Мақолаи президенти Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон доир ба тараққиёти илм дар Тоҷикистон // Коммунисти Тоҷикистон. – 1982. – №6. – С. 33-38.
Фарзанди барўманди миллат // Агитатори Тоҷикистон. – 1989. – №23. – С. 8-12.
Икромов, И. Академик Муҳаммад Осимӣ ҳамчун филолог: Ба муносибати 80-солагии М. Осимӣ // Ҷумҳурият. – 2000. – 7 сентябр.
Абармарде дар роҳи илму фарҳанг: Ба ифтихори 80-солагии Муҳаммад Осимӣ // Ҷумҳурият. – 2000. – 3 июн.
Расул, Х. Муҳаммади Осимӣ дар масири дониш: Ёде аз фаъолияти файласуфи шинохта, академик Муҳаммади Осимӣ // Ҷумҳурият. – 2010. – 27 ноябр.
Қодирӣ, С. Абармарде дар роҳи илму фарҳанг: Ба ифтихори 90-умин солгарди зодрўзи устод Муҳаммад Осимӣ // Абармарде дар раҳи илму фарҳанг. – Душанбе, 2010. – С. 3-37.
Таҳияи Бибикубрия Қурбонова
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ