Чанд шеъри нави баҳорӣ азз Фарзонаи Хуҷандӣ

Баҳоро, номаҳо дорам ба унвони азизи ту,
Гул андар гул наво дорам ба даврони азизи ту.

На пул хоҳам, ки гул хоҳам, на гул хоҳам, ки дил хоҳам,
Магар меғунҷад ин хоҳиш дар имкони азизи ту.

Дар авҷи бениёзиҳо ҳазорон ҳоҷатам бар туст,
Таманнои ато дорем зи дастони азизи ту.

Нисор омад, қатор омад ба домони латифи ман,
Ба домони афифи ман зи домони азизи ту.

Чӣ эъҷоз аст ин манзар, ки дасти осмон бо ноз
Шабошаб шабнам овезад ба мижгони азизи ту.

Ба ҳаққи посдориҳо, ба шукри пурбаҳориҳо
Маро шогирд мехонад дабистони азизи ту.

Ба рӯи ҷонамози гул иҷозат деҳ, ки биншинам,
Чу мурғони саҳар бошам дуъохони азизи ту.

Иҷозат аз ту мехоҳам, ки сад соли навоянда
Дилу ҷони маро нозад дили ҷони азизи ту.

****     *****     ****

Эй ҷону дилам, баҳор, соат чанд аст,
Боз ову кушо канор, соат чанд аст.

Дер аст барои дӯстдориҳо, дер,
Эй ошиқи интизор, соат чанд аст.

Бигзашт зи бисту чор ҳам соати мо,
Пас аз пайи бисту чор, соат чанд аст.

Халқ аз ту ҳанӯз ҳам шарар металабад,
Эй дил, дили бешарор, соат чанд аст.

Эй аз ҳама сусткори олам, эй дил,
Эй аз ҳама девкор, соат чанд аст.

Як навбата аст омаданҳои ҳама,
Эй омаданат ду бор, соат чанд аст.

Хатти сафарат як аст аз аввали даҳр,
Эй қофилаи қатор, соат чанд аст.

Монандатарин гуле дар ин дунё нест,
Хонандатарин ҳазор, соат чанд аст.

Як фурсати ту фарох бошад, эй ишқ,
Они ҳама бошумор, соат чанд аст.

Бо соати офтоб барнома кашанд,
Аз мӯр бипурсу мор, соат чанд аст.

Як соати туст бар қафогарданда
Чун хотираҳои пор, соат чанд аст.

Як соати туст раҳрави оянда,
Эй қосиди Кирдигор, соат чанд аст?!

****     *****     ****

Ҳар саҳар бо шабнами хушбахт сӯҳбат мекунам,
Бар баҳори тоза изҳори муҳаббат мекунам.

Бо як одам мекунам қисмат тамоми ишқро,
Балки на, бо одами офоқ қисмат мекунам.

Пирӣ, эй дунёву дардат низ хеле куҳна аст,
Ман туро бо навтарин дору табобат мекунам.

Гарчи мустафъӣ шудам аз рутбаи ҳусну шабоб,
Боз ҳам дар кишвари дилҳо ҳукумат мекунам.

Аз ту бар ту мебарам, эй ҳодии якто, паноҳ,
Аз ту бар ту, боз ҳам бар ту шикоят мекунам.

Ростӣ, гунҷишкро симурғ мебинам кунун,
Мӯри арзанхораро бисёр иззат мекунам.

Булбуло, чун ту ба инсонҳои асри бистуяк
Қиссаҳои бостониро ҳикоят мекунам.

Лутф кун, бар зиндагии пурфурӯғи ман биё,
Дер ҳам бошад, туро, эй ишқ, даъват мекунам.

****     *****     ****

Атса зан, атса зан, баҳор, баҳор,
Фурсат омад, нафас барор, барор.

Эй гиребону доманат гулдӯз,
Баркушо, баркушо канор, канор.

Аз сарам чун зи қолии кӯҳна
Лутф кун, барфишон ғубор, ғубор.

Дили аз кор мондаи маро
Бидаровар зи нав ба кор, ба кор.

Умрҳо шуд, ки бо далолати ишқ
Хубиятро кунам шумор, шумор.

Таҳниятгӯ, ки бо туйи бемисл
Нав ба нав мешавам дучор, дучор.

Кош, пирӣ чу ҳадяи нодир
Оварад бар дилам қарор, қарор.

Варна ҳар лаҳза аз таҷовузи вақт
Ба куҷо мекунам фирор, фирор.

Доман афшон, ай осмон, ки чу ман
То кунун дидаӣ ҳазор, ҳазор.

Козурона дили ҳарири маро
Пок шӯву мадеҳ фишор, фишор.

Бори дигар ба шодбоди ҳаёт
Орзу офарам қатор, қатор.

Барчаспҳо: