Забони адабӣ. Аз гузашта то имрӯз
Нашр шуд 2017-07-01 15:37
Андешаҳои профессор Сайфиддин Назарзода дар бораи дирӯз ва имрӯзи забони адабӣ
Ашкониёни Порт, ки дар баробари Кӯшониёни Кабир дар минтақаҳои марказӣ ва ғарбии кишвари ориётаборон баъд аз барандохтани сулолаи Селевкиён истиқлол ба даст оварда, шоҳаншоҳии бузурги худро созмон доданд, ба забони модарии худ – портӣ эҳтиром гузошта, онро забони давлатӣ эълон намуданд. Тавре Пешвои миллат дар китоби пурарзиши худ «Забони миллат – ҳастии миллат» ишора мекунанд: «Ин забон дар давраи аввали подшоҳии Ашкониён ҳамроҳ бо забони юнонӣ ва баъдан аз давраи Меҳрдоди I (солҳои 171-132 то милод) танҳо забони расмӣ ва давлатии Ашкониёни Порт мегардад. Баъзе муҳаққиқон изҳор доштаанд, ки шояд аз ибтидои садаи III то милод забони портӣ забони расмии давлатдории Порт қарор гирифта бошад. Бозёфти навиштаи болои зарфҳо аз Нисо дар ин бора шаҳодат медиҳад».
Бояд гуфт, ки забони портӣ баъдан дар такомули забони тоҷикӣ (дарӣ, форсӣ) нақши муассире дошта, аз лиҳози вожагониву дастурӣ ба забони модарии мо шабоҳати зиёде дорад.
Идомаи мақола: Забони адабӣ. аз гузашта то имрӯз