Мулоқоти Вазири фарҳанг бо ширкаткунандагони хориҷии намоиши “Китоби Душанбе” дар Китобхонаи миллӣ
Нашр шуд 2017-10-27 13:16
Дар доираи Намоишгоҳи ҳафтуми байналмилалии «Китоби Душанбе» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо зумрае аз иштирокдорон - меҳмонони хориҷии намоишгоҳ мулоқот ва суҳбат кард. Дар ин дидор муовини аввали директори Оҷонсии табъу нашр ва иттилооти Ҷумҳурии Ўзбекистон Мизроб Мавлонов хостори фурӯши китобҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Самарқанд ва Бухоро шуд.
Дар вохўрӣ Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Белорус дар Тоҷикистон Олег Иванов, намояндагони ширкатҳои табъу нашр аз Афғонистон, Белорус, Қазоқистон, Ўзбекистон, инчунин коршиносони соҳа аз Тоҷикистон иштирок намуданд.Вазири фарҳанг аз иштироки меҳмонон дар чорабинии мазкур, ки барои кишвари мо падидаи бузург аст, изҳори сипос намуда, оид ба муносибатҳои фарҳангӣ ва адабии Тоҷикистон бо ҳар яке аз кишварҳои номбурда ҳарф зад.
Ў инчунин иброз дошт, ки чанде пеш дар доираи Рўзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ўзбекистон намоиши китобҳои Тоҷикистон баргузор гардида буд ва Тоҷикистон кўшиш менамояд, то дар намоишгоҳҳои китоб дар дигар кишварҳо низ бо китобҳои тозанашри худ ширкат варзад, ҳамчунин ноширони беҳтарин барои мамлики дуру наздик ошно созад.
Сафири Белорус дар Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки нашри маҷаллаҳои адабии Белорус дар Тоҷикистон бо забони тоҷикӣ ва нашри маҷаллаи адабии Помир дар Белорус бо забони тоҷикӣ боиси боз ҳам таҳким бахшидани муносибатҳои ду кишвар дар ин соҳа хоҳад шуд.
Муовини аввали директори Оҷонсии табъу нашр ва иттилооти Ҷумҳурии Ўзбекистон Мизроб Мавлонов пешниҳод кард, ки дар Тоҷикистон фурўши китобҳои ўзбекӣ ва дар Ўзбекистон, аз ҷумла дар шаҳрҳои Самарқанд ва Бухоро фурўши китобҳои адибони тоҷик ба роҳ монда шавад.
Боиси зикр аст, ки 26 октябри соли равон меҳмонони хориҷии чорабинӣ аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон, чопхонаи муосири Ганҷ майдонҳои Парчами давлатӣ ва Нишони давлатӣ дидан намуданд.