Муҳаммад Ғойиб: Нақши матбуот кам нашудаст, таъсири нақши қалам кам гаштааст

Суҳбати ихтисосӣ бо  Шоири халқии Тоҷикистон, Барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Муҳаммад Ғойиб, ки мегӯяд имрӯз нақши матбуот кам нашудааст, балки теъдоди рӯзномаҳову расонаҳои электронӣ зиёд гардидааст. Агар нақши матбуот имрӯз коҳиш меёфт, он нашрияҳои давлативу ғайридавлатӣ, ки дар ҳамаи нуқтаҳои фурӯш гузошта мешаванд, дар ҳамон ҷо мемонданд, касе намехарид. Имрӯз фақат таъсироти нақши қалам, офаридани мақолаҳои хонданбоб кам гаштааст. 

- Устод, Шумо факултети физикаю математикаи Институти давлатии педагогии ба номи номи Рӯдакии шаҳри Кӯлобро соли 1977 хатм кардеду ба рӯзноманигорӣ рӯ овардед. Сабаби рӯзноманигор шуданатон чӣ буд?  Боре њам ба дипломи ихтисоси физикаю математика дилатон насӯхтааст?

- Ќаблан, то дохил шудан  ба факултети физикаю математикаи Институти давлатии педагогии ба номи номи Рӯдакии шаҳри Кӯлоб замони дар омӯзишгоҳи шаҳри Кӯлоб тањсил намуданам мақолаҳо менавиштам. Яъне агар гӯем, рӯзноманигории ман қабл аз ин буд, хато намекунем. Ман  омӯзишгоҳро хамт намудаму роҳхат ба яке донишгоҳҳои шаҳри Душанбе доштам. Аммо модарам  барои идомаи таҳсил иҷозат надоданд. Одами мехондагӣ дар њамин љо њам мехонад, -гуфтанд. Қисмат будаст, ки ман дар факултаи физикаю математика хондам. Раҳи тақдир пешомаду пайомадҳое дорад, ки намедонӣ, киро ба куҷо мебараду ба кадом манзил мерасонад. Дар ин миён,   очерке навиштам, ки  маҳз ҳамон очерк сабаб шуд, ки маро ба Кумитаи радио ва телевизиони вилояти Кӯлоб (ҳозира вилояти Хатлон)  дар шаҳри Кӯлоб ба кор даъват карданд. Хуллас, сараввал он ҷо 10 сол ба ҳайси хабарнигори одӣ кор кардаму 3 сол хабарнигори махсуси ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” фаъолият намудам. Баъдан раиси Кумитаи радио ва телевизиони вилояти Кӯлоб таъин шудам. Яъне  дар тамоми давраи роҳбариам ихтисоси интихоб намудаам  ба кор омад.  

 -  Шумо солҳои тӯлонӣ дар телевизион кор кардед. Лаҳзае аз он замон ёдовар мешудед.

- Мушкилот дар Кумитаи телевизиони шаҳри Кӯлоб ва шаҳри Қӯрғонтеппа бештар буд, ки  давраи ҷангию баъд он  рост омад. Вале бо вуҷуди ин ҳама мушкилиҳову солҳои нотинҷиҳо барои ҳимояи  давлату миллат корамро хуб пеш бурдам. Агар аз гузаштаи фаъолияти хеш дар самти роҳбариам ёдовар шавам, чунин хулоса намудам, ки беҳтарин коргоҳи ман Кумитаи радио ва телевизиони вилояти Кӯлоб буд.

- Тӯли 2 ним сол, ки сармуҳаррири яке аз нашрияҳои бонуфузтарини кишвар “Ҷумҳурият  будед.  Ба андешаи Шумо   “Ҷумҳурият”-и Шумо аз “Ҷумҳурият”-ҳои пешин бо чӣ фарқ мекард?

Аввали роҳбариам аз Кумитаи радио ва телевизиони вилояти Кӯлоб шурӯъ гардида, ба рӯзномаи “Ҷумҳурият” ба поён расид. Ман дар ҳамин ду идора бо инсонҳои донишманду пухтакору кордону собиқадор вохӯрда як ҷаҳон таассуроти нек  бо худ гирифтам. Аз  ин лиҳоз, ман дар ин нашрия он қадар мушкилӣ ҳам накашидам.  Барои боз ҳам беҳтар гардидани сатҳи маводҳои нашрия ман ҷаҳд намудам. Сараввал, теъдоди нашри нашрияро, аз  2-3 маротиба ба 5 маротиба расонидам. дар 1 ҳафта ҳамагӣ 2 маротиба нашр мегардид, ба 5 маротиба расонидам. Теъдодашро ҳам  ба 37 ҳазор нусха расонидему сатҳу сифати маводҳо  беҳтару хубтар гардид.

- Замоне матбуот нуфузу эътибор дошт, аммо нақш ва таъсири он имрӯз камтар шудааст. Ба андешаи шумо чаро?

- Имрӯз нақши матбуот кам нашудааст, балки теъдоди рӯзномаҳову расонаҳои электронӣ зиёд гардидааст. Агар нақши матбуот имрӯз коҳиш меёфт, он нашрияҳои давлативу ғайридавлатӣ, ки дар ҳамаи нуқтаҳои фурӯш гузошта мешаванд, дар ҳамон ҷо мемонданд, касе намехарид. Имрӯз фақат таъсироти нақши қалам, офаридани мақолаҳои хонданбоб кам гаштааст. 

- Чунин андешае вуҷуд дорад, ки шоир бояд озод бошад, дар он сурат асари мукаммал эҷод карда метавонад. Назари  Шумо дар ин бора чӣ гуна аст?

- Шояд чунин андеша андешаи шахсони кӯтоҳназар бошад.  Дар дунё умуман озодии комил вуҷуд надорад, озодӣ танҳо нисбӣ шуда метавонад. Ҳар як шоир, олим, адиб дар баробари ин ҳама дар хона  роҳбари хонадон аст. Вай ба тақдири фарзандон ҷавобгар аст. Танҳо шоирӣ гӯему нишинем, ин фарзандонро кӣ мехуронаду мепӯшонад?

- Чанд соли охир ба эҷодиёти наср яъне ҳикоя рӯ овардед. Дар ин самт то кадом андоза муваффақ шудед?

- Назм ин як илҳом, истеъдод аст, ки лаҳзае ғайричашмдошт ба вуҷуд меояд. Аммо барои навиштани наср таҷрибаи рӯзгору дониши мукаммал лозим аст. Инсон барои навиштани наср то аз замон бохабар набошаду энсиклопедист набошад, муваффақ намешавад. Дигар дар ин бора ман чизе гуфта наметавонам. Банда, беш аз 80 ҳикоя ва қисса навиштаам. То чанд муваффақ шудану нашудани маро бояд дигарон баҳо диҳанд.

- Касбу вазифа ба эҷодиёти шумо таъсири нек гузоштааст.   Муддате вазифаи директори киностудияи давлатии “Тоҷикфилм”- ро низ бар ӯҳда доштед, оё тӯли фаъолиятатон дар “Тоҷикфилм”  филмнома низ навиштаед?

- Вақте ман як филмро таҳрир намуда, аз 34 серия ба 16 серия кӯтоҳ кардам, баъзеҳо ранҷиданд. Вале ҳамин боис гашт, ки маро ба киностудияи “Тоҷикфилм” гузарониданд. Кино санъат аст, телевизион ва радио сиёсат. Сиёсатҳо зуд - зуд дигар мешаванд, аммо  санъат абадист.  Онҷо фарҳанг аст, ҳунар аст, қаламрави хаёл беканор аст. Пеш аз ҳама фарҳангу миллатро маҳз санъати синамо дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд. Тӯли 3 соле, ки он ҷо роҳбарӣ намудам, хеле пешравиҳоро ба вуҷуд омад. Чун ба курсӣ нишастам, гуфтам бояд худи сардори киностудия худ филмноманавис бошад. Барои ҳамин, худам ба ин кор шурӯъ намудам.  “Гумгаштапайдо”, “Ҳасрати дидор”, “Саргардонӣ”  ва сенарияи “Дунёи тақдир”-ро   навиштам. Умед дорам, ки офаридаҳоям руи наворро мебинанд.

- Китобхонаи миллии Тоҷикистон имрӯз аз нигоҳи шумо. Яъне шумо ин боргоҳи  илму хирадро чи гуна баҳо мегузоред?

- Мо қабл аз ҳама ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди чунин иншооти зебову барҳаво бо номи Китобхонаи миллии Тоҷикистон изҳори сипос мекунем. Китобхонаи миллии Тоҷикистон яке аз дастовардҳои бузурги Истиқлолият ба ҳисоб меравад, ки  назираш дар олам нест. Чунин шароиту имконоте, ки барои ҷавонону насли наврас сохта ба истифода дода шудааст, дар замони мо набуд. Пас, насли имрӯзро месазад, ки шукронаи Истиқлолияту шукронаи ҳамин боргоҳи хирадро дошта бошанд.

Мусоҳиб: Фарзонаи МИРЗО

МУАРРИФӢ:

МУҲАММАД ҒОЙИБ 16 марти соли 1954 дар деҳаи Алиҷони ноҳияи Данғара ба ҷаҳон омадааст. Соли 1972 Омӯзишгоҳи омӯзгории Кӯлоб, соли 1977 факултаи риёзиёти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Кӯлобро хатм кардааст.

Аммо меҳри сухану истеъдоди зотӣ ӯро ба муҳити суханварон кашидаанд.

Муддате корманди Кумитаи радио ва телевизони тоҷик дар вилояти Кӯлоб, солҳои 1987-1990 хабарнигори ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», 1990-1993 раиси Кумитаи телевизион ва радиои Кӯлоб, 1993-1995 сардори Маркази хабарнигорони радио ва телевизиони вилояти Хатлон, 1995-1997 роҳбари қароргоҳи Ҳукумати вилоят, баъдан раиси Кумитаи телевизион ва радиои вилоят, муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ, директори Киностудияи «Тоҷикфилм» ва директори Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон будааст.

Аз моҳи ноябри соли 2012 сармуҳаррири нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» аст.

Аз овони мактабхонӣ ба шеъргӯйӣ пардохта, сазовори диққату ғамхорӣ ва фотиҳаи сафеди устодони вақти шеъри тоҷикӣ, махсусан, Устод Лоиқ, гардидааст.

Муаллифи маҷмӯаҳои манзуму мансури «Турнаҳо» (1980), «Роҳи деҳа» (1981), «Меҳргиёҳ» (1985), «Хирмани моҳ» (1989), «Сад ғазал» (1991), «Хирмани гул» (1992), «Лолаи чашм» (1993), «Шоҳи Ҳамадон» (1995), «Дидор» (1997), «Фарёди ёдҳо» (1998), «Ашки қалам» (1998), «Каъбаи дил» (2006), «Сояи нур» (2013) ва ғайра мебошад, ки бо сабки хосу нотакроре ба қалам омада, биҳин андешаву мушоҳидаҳои шоиронаи нигорандаашонро фароҳам овардаанд ва дар қатори устодони шеъри муосири тоҷикӣ қарораш додаанд.

Маҷмӯаҳои «Тути дара» (1984), «Савғо» (ба забони русӣ, 1990), «Роҳи Каҳкашон», «Пойгаҳ» ва ғайраро тақдими кӯдакону наврасон доштааст.

Драмаҳои манзуми «Шоҳи Ҳамадон», «Мири Кабир», «Имоми Аъзам», «Арвоҳзада», «Зиндамаргон», «Волидони беворис», филмномаҳои «Гумгаштапайдо», «Пуштаи хандақпеҷ», «Ҳасрати дидор», «Вафодор» зодаи қаламу ҳунари ӯстанд.

Шоири халқии Тоҷикистон (2001), Барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2008), дорандаи ордени «Шараф».

Аз соли 1982 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

Барчаспҳо: