Имрӯз як пора замини дигар дар гӯшаи қитъаи заминҳои ҳотаи Китобхонаи миллӣ побел шуд ва қарор аст дар рӯзҳои наздик онро пурра тахту ҳамвор созанд ва дар кутоҳтарин фурсат ба масоҳати умумии киштзори сабзпӯши ҳотаи Китобхона афзояд.
Гуруҳи дигари кормандон ҳамчунин гулҳоро аз алафҳои печон тоза карданд, бехи гулҳоро тоза намуданд, нарм карданд ва об доданд.
Ҳамчунин дар ин рӯз саҳни бинои Китобюхонаро рубучин карданд, даромадгоҳро боз ҳам тозаву тамиз намуда, атрофи биноро аз ҳар гуна хаспораву коғазпораҳо ва олудаҳои дигар тоза намуданд.