Дарахтони сӯзанбарг дар ҳотаи Китобхонаи миллӣ

Тайи 2 рузи ахир кормандони Китобхонаи миллӣ бо истифода аз ҳавои гарму мусоид пайи ободкориву бунёдкорӣ камари ҳиммат бастанд

Бо мусоидати Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Абдусалом Мирализода аз ноҳияи Ваҳдат  саду даҳ дарахти сӯзанбарг оварданд ва онҳоро дар саҳни китобхонаву боғи он шинонданд.

Дарахтшинонӣ аз аввали моҳи декабри соли гузашта шуруъ шуда буд. Ва тӯли ин муддат бо сайю талоши кормандон ҳудудан 560 адад дарахтони гуногун овардаву шинонда шуданд.

Маъракаи дарахтшинонӣ ва сабзкориҳо ҳамоно идома дорад.