Ободгарӣ дар рӯзи якшанбе

Аз субҳи имрӯз дар Китобхонаи миллӣ рӯзи ободгарӣ буд. Мисли дирӯз имрӯз ҳам кормандон аз сари субҳ ба маҳалли кор ҳозир шуданд ва гулҳоро об монданд, бехи дарахтонро нарм карданд.
Бо обпошак ба масофае, ки яқин аст аз ҷӯйбор об намеравад, ба сару бехи сабзаҳо об пошиданд.
Ва рӯзи ободгарӣ ҳамин нигоҳубини сабзазори ҳотаи Китобхонаи миллӣ буд, то аз гармои июн гулҳо пажмурда нашаванд, дарахтон хушк нагарданд.

Барчаспҳо: