Марги соҳибдил ҷаҳонеро далели кулфат аст…
Нашр шуд 2017-10-30 12:31
Аз дирӯз, ки хабари даргузашти устод Худоӣ Шарифзода дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд, аз дуру наздик садҳо тан аз шогирдони ишон, донишмандону донишҷӯён изҳори таъзия карданд.
Аз ҷумла, номзади илмҳои филологӣ Абдулғаффори Камол, ки аз шогирдони устоди марҳум будаву таҳти сарпарастии ӯ рисоли илмии худро дифоъ кардааст, дар саҳифаи худ дар Фейсбук навишт:
Рӯзи 29 октябри соли равон донишманди маъруфи тоҷик ва дунёи форсизабонон устод Худойӣ Шарифзода пас аз талошҳои хастагинопазир дар ҷодаи пажӯҳиш ва аз худ боқӣ гузоштани осори басо арзишманди илмӣ, дар синни 80-солагӣ чашм аз ҷаҳон фурӯ баст. Шахсияте моро тарк гуфт, ки вуҷудаш мояи хайру баракат, қаламаш сарчашмаи донишу маърифат ва каломаш рӯҳбахшу роҳнамо буд. Ӯ худро пурра вақфи илм карда буду ҳатто як лаҳзаи ҳаёташро бе омӯхтан ва ё омӯзондан сарф намекард. То охирин лаҳзаҳои умр дар ҷустуҷӯ буд. Ҳар бор, ки ба аёдаташ мерафтам, на аз дарду аз пирӣ, балки аз он шикоят мекард, ки “ин авохир зиёд(!) мутолиа карда наметавонам”.
Худойӣ Шарифзода дар адабиётшиносӣ, махсусан нақди осори адабӣ саромади замони худ буд ва ба эътирофи олимони дохилу хориҷ, дар дунёи форсизабонон ба болотарин дараҷа расида буд. Устод дар ҳақиқат хуршеде буд, ки нури илм мепошид... Ва инак то чанд соати дигар бо ӯ видоъ мекунем ва нобоварона ба хок месупоремаш: чӣ талафоти бузурге барои ҷомеаи илмӣ!
Аммо он, чӣ моро каме осуда мекунад, осори ҷовидони ин абармарди дунёи илм аст, ки дар ҳудуди 40 китоб ба сони махзани дониш ва ганҷинаи нодир бароямон ба мерос гузоштааст.
Оре, мо танҳо ҷисми ин устоди устодонро ба хок месупорем, аммо рӯҳаш, андешааш, қаламаш ва каломаш бо мосту то ҳамеша барои миллат ва наслҳои баъдии илми тоҷик хидмат хоҳад кард. Пас, ин хуршед хомӯш нашудааст ва моро барои ҳамеша тарк нагуфтааст, танҳо ғуруб кардаасту субҳи дигар аз лобалои авроқи китобҳо ва осори гаронмояааш бароямон боз нурпошӣ хоҳад кард.
Ёдат ҷовидон ва ҷаннатулфирдавс маъвоят бод, устоди маҳбуб!
Пажуҳишгар, рӯзноманигор ва нависандаи тоҷик Султони Ҳамад навишт: “Бо таассуф иттилоъ гирифтем, ки чанд соат қабл устоди бузургвор, профессори Факултаи филологияи тоҷики ДМТ, олими забардасти тоҷик Худоӣ Шариф дар асари сактаи қалбӣ дар синни 80-солагӣ Доии аҷалро лаббайк гуфтаву ба ҷавори Ҳақ пайвастанд. Аз боргоҳи Худованди Муттаъол барояшон аҷри ҷазил ва ба тамоми хонаводаи марҳум, дӯстону шогирдону пайвандонашон сабри ҷамил истидъо мекунем.
Инно Лиллоҳи ва инно илайҳи роҷеъун.
Хушо он кас, ки некӣ ҳосили ӯст,
Паёпай ишқи Яздон дар дили ӯст,
Хушо он кас, ки баъди тарки дунё
Биҳишти ҷовидонӣ манзили ӯст.
Шоири шинохта, адабиётшинос, сардабири маҷаллаи “Садои Шарқ” Рустам Ваҳҳоб низ навишт:
Ҷонҳои самовӣ ба само бозраванд,
Мардони Худо сӯйи Худо бозраванд.
Бо илму амал мубаррӣ аз кибру риё,
То боғу биҳишти кибриё бозраванд.
Даргузашти устод Худоӣ Шарифзодаро ба аҳли адаб ва адабдӯстони кишвар таслият арз менамоем ва барои пайвандони устоди арҷманд аз Парвардгор бурдборӣ ва баракти умр орзу менамоем.
Шоири тоҷик Беҳруз Забеҳулло дар сӯги донишманди фарзонаи тоҷик шодравон Худоӣ Шарифзода дар саҳифаи худ ин сатрҳоро кошт:
Ин ҷо қалами қаламкаше боз шикаст,
Дар умқи дилам хурӯши овоз шикаст.
Гӯянд, ки шуд зилзила дар кӯҳистон,
Як қуллаи сарбаланди Дарвоз шикаст!
Пажуҳишгари шинохта Қиёмиддин Сатторӣ даргузашти устод Шарифзодаро талафоти гарон барои илму фарҳанги тоҷик донист: Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷеъун. Шаб хабар расид, ки устоди бузургвори мо, инсони шариф, донишманди маъруфи тоҷик, профессор, доктори илмҳои филологӣ Худоӣ Шарифзода дар синни 81-солагӣ ин дунёи фониро падруд гуфта, ғарқи уқёнуси раҳмати Парвардигор гардиданд. Даргузашти устод Худоӣ Шарифзода барои илму фарҳанги тоҷик талафоти гарон аст.
Марги соҳибдил ҷаҳонеро далели кулфат аст,
Шамъ агар хомӯш гардад, доғи маҳфил мешавад.
Худованди Мутаъол устоди шодравонро биомурзад, ғариқи раҳмат ва шоистаи ҷаннат гардонад, ба аҳли байт, наздикону шогирдон ва дӯстонашон сабри ҷамил ато намояд.
Аксҳо аз Фейсбук