С. Назарзода: Забони тоҷикӣ ганҷи шойгони миллати тоҷик аст
Ҷумҳурии Тоҷикистон 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии худро бо шукӯҳу шаҳомат пешвоз мегирад. Дар назди таърихи чандинҳазорсолаи сарнавишти миллати мо ин давра шояд аз лиҳози замонӣ саҳифае беш набошад, вале аз лиҳози пешомади рӯйдоду ҳодисаҳо ва пайдо шудани чархиши бунёдӣ дар рушду нумӯи ин сарзамину ин миллати бостонӣ дар таърих назир надорад.
Таъмини сулҳу ваҳдати умумиву саросарӣ баъд аз чанд соли ҷанги дохиливу бародаркуш ба марҳилаи созандагиву бунёдкорӣ қадам гузошта, дар як муҳлати кӯтоҳтарин дар амал пиёда намудани ҳадафҳои муҳими стратегӣ, дар амал татбиқ намудани ислоҳоти бунёдӣ дар риштаҳои маорифу тандурустӣ, сохторҳои кишоварзиву саноатӣ намунае чанд аз дастовардҳои бунёдии даврони истиқлоланд. Тамоми ин дастоварду муваффақияту музаффариятҳо зери роҳбариву роҳнамоиҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтаанд. Заковату хиради азалӣ, дурбинӣ ва зиракиву ҳушёрии сиёсии Сарвари тоҷикони ҷаҳон маҳаки асосӣ ва бунёдии таъмини ҳамаи ин музаффариятҳост.
Дар бахши иҷтимоиёт ва махсусан фарҳангу маърифат низ дастовардҳо бисёр назаррасанд. Забон, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллист, доимо ва пайваста дар зери таваҷҷуҳи Сарвари миллати мост. Ҳарчанд дар даврони шӯравӣ барои рушди забони тоҷикӣ ҳамчун забони расмии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон корҳои зиёде анҷом гирифта, ҷанбаҳои гуногуни илмии он дар муассисаҳои таҳқиқотӣ пажӯҳиш шуда, асоси таҳқиқи забоншиносии он бо усулҳои муосиртар поягузорӣ шуда бошад ҳам, бо тақозои давру замон ва сохтмони ҷомеаи нави «халқи шӯравӣ» ва забони расмии ин халқи «номниҳод» шудани забони русӣ, забони тоҷикӣ дар баробари дигар забонҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба забони дуюмдараҷа ва забони хонагиву баъзе бахшҳои таълим табдил ёфт. Чунин вазъият дар даврони бозсозӣ ба бедории миллии мардуми тоҷик дар шакли ба забони модарии мо додани мақоми расмӣ оварда расонд, ки дар ниҳояти амр бо Қабули Қонуни забон дар таърихи 22 июли соли 1989 ин муборизаи фарҳангӣ бо пирӯзии мардуми тоҷик анҷом ёфт.
Забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ баъд аз эъломи Истиқлол тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангии ҷомеаро фаро гирифта, имрӯз ба забони муоширати миллатҳои гуногуни сокини Тоҷикистон табдил ёфтааст. Албатта, рушду инкишофи забони тоҷикӣ дар даврони Истиқлол бояд аз нигоҳи таҳқиқи дақиқ ва мукаммали илмӣ, бо назардошти нақши забони миллӣ дар афкори иҷтимоӣ ва сиёсӣ баррасӣ ва дурнамои пешрафти он дар солҳои оянда муайян гардад. Бояд гуфт, ки асосҳои таҳқиқи ин масъала дар суханрониву асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба таври ҳамаҷониба тарҳрезӣ ва барномарезӣ шудаанд. Метавон гуфт, ки дар асоси нишондодҳои дурбинонаи Президенти кишвар месазад «Барномаи рушди забони давлатӣ» ва дигар забонҳои мутадовил дар Тоҷикистонро барои даҳсолаҳои оянда таҳия намуд. Ҳар соли даврони Истиқлол барои рушду инкишофи забони модарии мо як саҳифаи заррин ва тоза боз мекунад. Махсусан, баъди солҳои 1992-1993 бо ба эътидол омадани вазъи сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар масъалаи пуштибонӣ аз забони давлатӣ, таҳияи тадбирҳои мушаххас барои рушду инкишофи забони давлатӣ аз самтҳои асосии сиёсати фарҳангӣ ва забонии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.
Дар даврони истиқлол бо фаро расидани шароити мусоид барои инкишоф ва пешрафти забони давлатӣ ва забоншиносии миллӣ тамоми монеаҳои сунъии сиёсиву назариявӣ ва идеологӣ бардошта шуд. Дар ин давра бо дар амал пиёда шудани сиёсати воқеан миллии забонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Президенти кишвар нақши забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ ба маротиб афзуд. Махсусан асарҳои Президенти кишвар, суханрониҳои ӯ дар маҳфилу чорабиниҳои гуногун дар пайрезии сиёсати забонии давлат, муайян кардани самтҳои асосии инкишофи забон ва забоншиносии тоҷик нақши бунёдӣ ва раҳнамоӣ доштанд.
Дастовардҳои асосии моро дар даврони Истиқлол метавон ба таври фишурда ба шакли зер гурӯҳбандӣ кард:
ба забони тавонои давлатӣ, расмиву коргузорӣ табдил ёфтани забони тоҷикӣ; таҳияи як силсила асарҳои муҳим дар бахши забоншиносии тоҷик, махсусан, асарҳо оид ба таърихи забони тоҷикӣ, забони муосири тоҷикӣ, фарҳангу луғатномаҳои гуногун «Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ», «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ», «Донишномаи Рӯдакӣ», «Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ» (ҷилди 1) ва ғайра. Ба забони муоширати байни халқҳои сокини кишвар табдил ёфтани забони давлатӣ.
Тавре ки Президенти кишвар дар яке аз суханрониҳояшон мефармоянд: «Дар замони истиқлолият забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ пайдо карда, дар асоси меъёрҳои таърихӣ ва адабӣ ташаккул пайдо мекунад ва тадриҷан вазифаи забони муоширати байни намояндагони миллатҳои гуногуни сокини кишварро ба дӯш мегирад. Аз ин рӯ, истиқлоли давлатӣ ҳамчун омили воқеии эҳёи забони мо дониста мешавад». Дар ин гуфтаҳои Президенти кишвар ду нуктаи бисёр муҳим нуҳуфта аст. Аввалан, Истиқлолияти Тоҷикистон барои рушди забони давлатӣ тамоми шароитро фароҳам овардааст. Сониян, ин шароит имкон додааст, ки забони тоҷикӣ дар қаламрави Тоҷикистон ба забони муоширати байни халқҳои сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон мубаддал шавад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули як силсила қарору тадбирҳои мушаххас бобати беҳтар кардани вазъи ҳуқуқии забони тоҷикӣ ва татбиқи марҳила ба марҳилаи қонуни забони тоҷикӣ дар Комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҷдиди қонун ва таҳияи қонуни нави забон комиссияи махсус таъсис дод, ки дар муддати солҳои 2007-2008 матни қонуни нави забонро бо номи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия карда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.
5-уми октябри соли 2009 қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатӣ» қабул гардид. Дар қонуни нав масъалаҳое, ки дар Қонуни забони пешин набуд, ҷойгоҳи худро пайдо карданд ва ин қонун яке аз қонунҳои хеле муосири сатҳи байналмилалӣ мебошад. Чунки ҳангоми таҳияи ин қонун мазмуну меъёрҳои бисёре аз қонунҳои забони кишварҳои дигар, ҳатто кишварҳои араб, кишварҳои Аврупо то Лаҳистону тамоми ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ дар назар гирифта, дар таҳияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» истифода шудаанд.
Бо қабули ин қонун Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016» қабул гардид. Имлои забони тоҷикӣ аз нав мавриди баррасӣ қарор гирифта, қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ қабул гардид. Яъне тавре мебинем, дар даврони Истиқлолият барои рушди забони давлатӣ корҳои зиёде анҷом гирифтаанд.
Забони илмӣ бояд забони тавоно, гӯё, зоё ва ҷӯё бошад. Агар гунаҳои форсиву дарӣ дар ҷаҳон аз лиҳози илмӣ будан ҷои 17-умро ишғол кунанд, пас забони тоҷикии мо ҳанӯз ҳам пояҳои илмии худро мустаҳкам карда натавониста истодааст. Ба ин ҷараён, пеш аз ҳама, ҳанӯз ҳам навиштани рисолаҳои илмӣ бо забони русӣ ва ҳимояи онҳо ба ин забон халали ҷиддӣ ворид мекунад. Бинобар ин зарур аст, ки ҳар чи зудтар ба навиштани рисолаҳои илмӣ, танзими истилоҳоти илмӣ ва таблиғу тарвиҷи забони илмии тоҷикӣ бештар рӯ биорем. Аз тарафи дигар таҳияи фарҳангҳои тафсирии тоҷикӣ яке дигар аз масъалаҳои ҳалталаби забони мост . Ҳарчанд дар ин ҷода бо таҳияи «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» (2008, 2010, 2011) гоми муҳимме бардошта шуд, вале бо халал ворид шудан ба кори таҳияи «Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ» аз тарафи Раёсати пешини АИ ҶТ ва собиқ директори Институти забон, адабиёт ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ Акбар Турсун кори таҳияи ин фарҳанг ба таъхир афтод ва маблағҳои ин Лоиҳа барои самтҳои номаълум сарф шуданд. Танҳо ҷилди аввали ин дар соли 2011 бо бартараф кардани садҳо мушкиливу монеаҳои сунъӣ аз чоп баромад.
Ҳол он ки дар давоми соҳибистиқлолӣ ҷумҳуриҳои пешини Шӯравӣ дар ҷодаи фарҳангнигорӣ ва махсусан фарҳангҳои тафсирӣ муваффақиятҳои зиёде ба даст оварданд. Тибқи маълумоти оморӣ дар ин муддат дар Ҷумхурии Узбекистон «Фарҳанги тафсирии забони узбекӣ» (дар панҷ ҷилд), дар Ҷумҳурии Қазоқистон «Фарҳанги тафсирии забони қазоқӣ» дар 20 ҷилд, дар Ҷумҳурии Украина низ «Фарҳанги тафсирии забони украинӣ» дар 20 ҷилд чоп шуданд.
Албатта, забон ҳастии миллат аст. Мо бояд бо ин ҳастӣ хеле эҳтиёткорона, боназокат ва бомулоҳиза рафтор намоем. Вале дар робита бо пажӯҳиши масъалаҳои забони модарии мо ҳанӯз масъалаҳои ҳалношуда хеле зиёданд. Таҳқиқи забони меъёр ё забони адабӣ ва проблемаҳои он аз масъалаҳои муҳими илми забоншиносӣ мебошад. Бояд гуфт, ки дар замони истиқлол бо забони давлатӣ гардидани забони тоҷикӣ таҳқиқи ҷанбаҳои гуногуни он аҳамияти миллӣ ва давлатӣ касб мекунад. Мутаассифона, дар рушду инкишофи забони давлатӣ ҳанӯз ҳам мушкиливу монеаҳои зиёдеро бартараф кардан лозим меояд. Бо вуҷуди он, ки барои инкишофи забони адабӣ аз лиҳози сиёсӣ ва давлатдорӣ тамоми шароит муҳайё аст, зарурати истифодаи он ба ҳайси забони давлатӣ, коргузорӣ, таълим, илмӣ ва ғайра аз тарафи тамоми қишрҳои ҷомеа дуруст дарк нашудааст. Инчунин барои таҳияи фарҳангҳои тафсирӣ, дузабона, чандзабона, истилоҳӣ ва луғатҳои махсуси забоншиносӣ (фарҳанги басомади вожаҳо, ҳаммаъноҳо, зидмаъноҳо ва ғ) муддати зиёд ва заҳмати фаровон лозим аст. Доир ба забони адабии тоҷикӣ корҳои зиёди таҳқиқотӣ ба анҷом расидаанд. Аммо роҷеъ ба меъёри он ба таври мушаххас ҳанӯз тадқиқоти зиёде анҷом додан лозим меояд. Роҷеъ ба меъёрҳои забони адабии гуфтугӯӣ то кунун коре ба майдон наомадааст. Дар забоншиносии муосири тоҷик то кунун таҳқиқоте, ки дар асоси меъёри забони адабии гуфтугӯӣ ба итмом расида бошад, арзи вуҷуд накардааст. Бинобар ин, меъёрҳои забони адабӣ ва забони адабии гуфтугӯиро дар асоси маводи муътамад мавриди таҳқиқ қарор додан аз вазифаҳои бетаъхири забоншиносон ба шумор меравад.
Дар бахши истилоҳот ва истилоҳсозӣ имрӯз барои забоншиносони тоҷик шароит фароҳам аст, ки таҷрибаву бозёфтҳо ва захираҳои истилоҳоти забони тоҷикӣ, форсӣ ва дариро олимона таҳлилу баррасӣ карда, муносибтарин ва озмудатарини онҳоро баргузинанд. Ҳамгунсозии риштаҳои илму фан ва технология ба далели таъсири забонҳои гуногун ва анъанаҳои истилоҳсозии асрҳои охир дар замони мо фурсат ва заҳмати бештарро талаб мекунад. Аз ин рӯ, набояд яке аз ин шохаҳоро бар дигаре тарҷеҳ дод. Баръакс, ба андешаи мо имрӯзҳо, ки дар истилоҳсозӣ ҳама гирифтори мушкилоти муштаракем, бояд талош варзид, ки ҳатто вижагиҳои луғавии минтақавии форсӣ, дарӣ ва тоҷикӣ бетаассуб таҳқиқ ва тафтиш шаванд, то бошад, ки бо кумаки ҳамдигар мушкилоти нави хешро ҳам дар ин ришта ба мисли гузаштаҳо бартараф созем.
Барои ба даст овардану таҳким бахшидани истиқлоли фарҳангии миллӣ, пеш аз ҳама, пояҳои забони миллиро мустаҳкам намудан зарур аст. Забони тоҷикӣ фақат ҳамон вақте забони илму фарҳанг мегардад, ки бо ин забон истилоҳоти илмӣ ба вуҷуд оварда шаванд.
Масъалаи стандартсозӣ ва ҳамгунсозии истилоҳоти забони тоҷикӣ, аз дигар масъалаҳои муҳими забон илм мебошад. Махсусан, имрӯз, ки як марҳилаи муҳими инкишофи забони тоҷикӣ, яъне дар коргузории идораҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ ҷорӣ шудани забони давлатӣ анҷом ёфтааст, масъалаи истилоҳот, стандартсозӣ ва ҳамгунсозии он ба мадди аввал мебарояд. Он харҷу марҷе, ки имрӯз дар истифодаи истилоҳот дар коргузории расмӣ, ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ, забони таҳсил ва матбуот вомехӯрад, ба ҳамагон маълум аст. Бинобар ин, зарурати соҳа ба соҳа стандарт ва ҳамгун сохтани истилоҳоти забони тоҷикӣ ва ба меъёри муайян даровардани меъёрҳои забони адабӣ ва махсусан бахши вожагонии он сахт эҳсос мешавад. Барои дар амал пиёда кардани он таҳияи фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ ва инчунин фарҳангҳои истилоҳии соҳавӣ бисёр зарур аст. Дар ин солҳо ба чоп расидани «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» (дар ду ҷилд) ва «Фарҳанги русӣ – тоҷикӣ» (дар ду ҷилд) ба ҳалли ин масъала метавонад ёрии амалӣ расонад.
Яке аз масъалаҳои муҳимми дигари инкишофи забон барномарезии таҳияи истилоҳоти илмӣ барои риштаҳои гуногуни ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар аст. Ин масъала бояд якҷоя бо муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва илмии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои педагогӣ баррасӣ гардида, роҳҳои татбиқи он муайян гардад. Зеро таҳия, ҳамгунсозӣ ва стандарт намудани истилоҳоти илмӣ яке аз пояҳои асосии ба вуҷуд овардани забони илм аст. Масъалаи таҳияи асарҳои илмӣ ба забони тоҷикӣ (махсусан дар бахши илмҳои дақиқ) бояд ҳарчи зудтар ба таври расмӣ баррасӣ шавад ва роҳи ҳалли расмии худро ёбад. Ҳалли ин масъала агар аз як тараф барои ба забони илм табдил ёфтани забони давлатӣ мусоидат кунад, аз тарафи дигар барои таблиғу тарвиҷи илмҳои дақиқ дар Тоҷикистон замина фароҳам меоварад.
Дурнамои рушди на танҳо илми филологияи тоҷик, балки умуман илми тоҷик, пеш аз ҳама, ба сатҳи тайёрии касбии донишмандони ин ришта сахт марбут аст. Бинобар ин тарбияи кадрҳои ҷавони илмӣ аз масъалаҳои муҳимтарини мо мебошад. Сол аз сол бо беҳтар шудани вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар Ҳукумати Тоҷикистон ба рушду сармоягузории илм аҳамияти зиёде медиҳад. Аз ҷумла, вазъи илми тоҷик низ рӯз аз рӯз беҳтар мегардад ва кадрҳои ҷавон низ ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ҷалб мешаванд. Вале баланд бардоштани сатҳи дониши онҳо дар бобати аз худ кардани асосҳои забоншиносӣ, таърихи забонҳои эронӣ ва дастовардҳои ахири илми забоншиносӣ хеле зарур аст. Ногуфта намонад, ки аз худ кардани алифбои ниёгон ва ба таври озод мутолиа кардани осори адабиёти классикӣ яке аз талабҳои асосӣ барои кадрҳои ҷавони илми забоншиносӣ мебошад.
Забон ба мисли мавҷуди зинда доимо дар такопӯву густариш аст. Забони модарии мо, ки аз қаъри асрҳо сарчашма гирифта, саршор аз вожагону таркибҳои худиву бегона аст, ба ғамхорӣ ва парастории соҳибони худ сахт эҳтиёҷ дорад. Дар дунё имрӯз забоне шояд вуҷуд надошта бошад, ки асолати худро дар муддати 1500-1800 сол нигоҳ дошта бошад ва осори ба ин забон навишташуда дар ин давраи тӯлонӣ боз ҳам барои соҳибонаш фаҳмо бошад. Ин ганҷи шойгонро мо тоҷикон бояд ҳамчун гавҳараки чашм, нури хиради азалӣ нигоҳ дорем ва онро саробонӣ кунем.
Сайфиддин Назарзода,
директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, профессор.
www.khovar.tj