ТАФРЕҲ. Жола Бадеъ: Парандаҳои муҳоҷир

Парандагони муҳоҷир дар ин ғуруби хамӯш,
Ки абри тира тан андохта ба қуллаи кӯҳ –
Шумо шитобзада роҳии куҷо ҳастед
Кашида пар ба уфуқ так-таку гурӯҳ-гурӯҳ?

Чӣ шуд, ки рӯй намудед бар диёри дигар?
Чӣ шуд, ки аз чамани ошно сафар кардед?
Магар чӣ дарду шиканҷе дар ошён дидед,
Ки азми дашту даманҳои дуртар кардед?

Дар ин сафар, ки хатар дошт бешумор
Оё зи корвони шумо ҳич кас шаҳид шудааст?
Дар ин сафар, ки шуморо умед бадрақа кард,
Диле зи ранҷи раҳи дур ноумед шудааст?

Чиро ба сардии дай тарки ошён кардед?
Баройи лаззати кӯтоҳи гармии танатон? Ва ё
Даруни шуморо шарорҳое месӯхт??
Ки буд ташнаи хуршед ҷони равшанатон?

Парандагони муҳоҷир! Дилам ба ташвиш аст,
Ки умри ин сафари дуратон дароз шавад
Ба боғ боди баҳор ояду бидуни шумо
Шикуфаҳои дарахтони себ боз шавад!

Ба дӯши руҳ чӣ сангинии дилозорест,
Хаёли он ки роҳе нест дар паси бунбаст!
Баройи мардуми роҳрав дар ин ҷаҳони фарох
Ҳазор роҳи раҳоиеву рӯшаноие ҳаст!

Барчаспҳо: