Владимир Войнович-ҳамватани мо, адиби маъруф аз олам даргузашт

Субҳи имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабари марги бармаҳали Владимир Войнович-адиби шуҳратёри рус ва ҳамватани мо паҳн шуд. Бино ба навиштаи рӯзноманигор Виктор Давидов адиби маъруф бар асари сактаи қалб дар синни 85-солагӣ олами моро тарк кард. Худ зодаи шаҳри Душанбе ва фарзанди касест, ки дар рушди матбуоти даврони пуртаҳлуқаи Тоҷикистони замони Шўравӣ саҳми арзанда гузоштааст.  

Владимир Войнович 26 сентябри соли 1932 дар шаҳри Душанбе дар оилаи журналист ва котиби масъули рўзномаи «Коммунист Таджикистана» ва муҳаррири рўзномаи вилоятии «Рабочий Ходжента» Николай Павлович Войнович ба дунё омадааст. Гузаштагонаш аз сулолаи ашрофзодагони серб буда, аслан дар шаҳраки  Новозибкови губернияи Чернигов, ки ҳоло вилояти Брянск мебошад, мезистаанд.

Соли 1936 чун аксари рушанфикрони замон падари ў низ гирифтори тўҳмату бўҳтон қарор гирифт ва зиндонӣ шуд. Баъди озодӣ ба сафи артиш даъват шуд, ки ба хати пеши ҷабҳа фиристоданд. Охирҳои соли 1941 дар ҷанг захмӣ гашт ва ба ақибгоҳ фиристода шуд.

Баъди ҳабси падараш Владимир Войнович бо модар ва бобою момояш дар шаҳри Ленинобод (ҳозира Хуҷанд) мезистанд. Вақте падараш озод шуд, онҳо ба Запороже, ба хонаи хоҳари ў баргаштанд. Моҳи августи соли 1941 якҷо бо модараш ба деҳаи Северо-Восточнии ноҳияи Ипатови кишвари Ставропол интиқол дода шуданд. Баъди он ки фашистон дар ҳамлаҳои худ муваффақ ба пешрафт шуданд, лозим омад онҳо дубора ба дохилтари кишвар, ба вилояти Куйбишев фиристода шаванд.

Мутолиаи тарҷумаи ҳоли ин хонавода гувоҳ аст, ки он солҳо саргардониҳои зиёде насибашон шудааст. Аз маҳалле ба маҳалли дигар, аз вилояте ба вилояти дигар, гоҳ дар шаҳр зиставу гоҳ дар русто ва гоҳи дигар сокини пойтахти кишвар будаанд. Замони ҷанг саргардониҳои мардум беш аз ҳар вақти дигар буданд ва ин ба хонаводаи Войнович низ бетаъсир намонд. Аммо чизе, ки аз он метавонист шукрона кунад, боқӣ намондани доғи сиёҳ дар парвандаи ў  буд. Яъне, падараш бо вуҷуди он ки дар солҳои табъиди тройка ҳабс шуда буд, вале тамғаи «душмани халқ» дар номаш надошт. Аз сўи дигар дар майдони ҷанг ҳам корномаҳои хотирмон дошт, ки барои зиндагии шарафмандонаи худу пайвандонаш роҳ мекушод. 

Владимир аз соли 1950, ки ба сафи артиш даъват шуд, шеър менавишт ва аввалин чакидаҳои хомаашро дар нашрияи ҳарбӣ ба чоп мерасонд. Соли 1951 оилаи онҳо ба Керч кўчид ва падараш дар газетаи  «Керченский рабочий» ба кор даромад. Баъди хатми хизмати ҳарбӣ ба назди падару модараш баргашт ва танҳо ҳамон вақт имкон ёфт синфи даҳумро хатм кунад ва соҳиби номаи камол шавад.

Аз соли 1956 шеърҳояшро дар рўзномаи  «Керченский рабочий» чоп мекард. Солҳои 1956 то 1959 дар институти адабиёт ва Донишкадаи омўзгории Маскав таҳсил кард. Баъдан ба заминҳои навкорами Қазоқистон сафарбар гардид ва аввалин асари насрии худро эҷод намуд.

Соли 1960 муҳаррири барномаҳо дар радио буд. 

Соли 1962 ба узвияти Иттиҳоди нависандагони СССР қабул шуд. Таронаҳояш дар мавзўъҳои гуногун зуд машҳур шуданд. Повести ў бо номи «Мо ин ҷо зиндагонӣ мекунем», ки соли 1961 дар «Новий мир» чоп шуд, барояш шўҳрати нависандагӣ овард.

Баъди ин Войнович ҷиддан даст ба насрнависӣ зад. Қисми авали романи вай «Ҳаёти ғайримуқаррарии сарбоз Иван Чонкин» аввалин маротиба бидуни иҷозаи муаллиф соли 1969 дар Франкфурд-на-Майне чоп шуд ва соли 1975 дар Порис матни комили он рўи чопро дид.

Аммо баъдан барои андешаҳи мvстаъқилонааш дар рўйхати сиёҳи КГБ уфтод ва соли 1974 аз сафи Иттиҳоди нависандагони СССР хориҷ карда шуд.  Борҳо барои сўҳбат ба идораи хадамоти ҷосусии мамлакат даъват карда шуда, пешниҳод карданд, ки бо шартҳои барои онҳо қобили қабул асарҳояшро дар дохили кишвар интишор диҳад. Ҳатто дар мулоқоти дуввуми вай бо кормандони хадамоти бехатарӣ заҳролуд карда шуд, ки баъдан дар рўзгораш таъсири амиқ гузошт.  Баъди ин вай бо номаи кушода ба Юрий Андропов муроҷиат намуд ва ин лаҳзаро баъдтар дар повести  «Дело No 34840» ба тафсил навишт.

Моҳи декабри соли 1980 Войновичро аз Иттиҳоди Шўравӣ пеш карданд ва як сол баъд бо қарори Шўрои Олии СССР аз ҳуқуқи шаҳрвандӣ низ маҳрум намуданд.   

Муддати 12 соли оянда дар Олмони Федерол ва ИМА зист, бо радиостансияи «Озодӣ» ҳамкорӣ намуд. Соли 1990 ҳуқуқи шаҳрвандиаш барқарор карда шуд ва ў ба СССР баргашт.

Баъди пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ варианти матни гимни Русияро ба озмун ироа кард, ки басо танзомез буд. Войнович ҳамчунин рассомӣ ҳам мекунад ва аввалин намоиши расмҳои ў  5 ноябри соли 1966 дар Маскав баргузор шуда буд.

То ҳамин шабу рӯз дар шаҳри Маскав, дар хонаи худ зиндагонӣ мекард.

Войнович дар умри худ се маротиба хонадор шудааст. Аввал бо Валентина Василевна Войнович зистааст ва аз ў як писару як духтар доштааст ва духтараш Марина соли 2006 дар синни 48-солагӣ аз олам даргузаштааст ва писараш Павел дар ҳаёт аст. 

Соли 1964 бо  Ирина Даниловна Войнович издивоҷ кардааст, ки пеш аз ў зани нависандаи самарқандитабори Русия Комил Икромов будааст. Аз ў духтаре дорад бо номи Олга, ки ҳоло дар Олмон як нависандаи шўҳратёфта аст.  

Ҳамсари сеюмаш  Светлана Яковлевна Колесниченко мебошад, ки пештар зани журналист Томас Анатолевич Колесниченко будааст.

Владимир Войнович адиби ҷасур буд ва новобаста ба ҳар сиёсат мавқеъи шаҳрвандии худро оид ба ин ё он рӯйдод баён медошт. Охирин бор аз миёни ҳама арбобони санъату фарҳанг ва адабиёти рус нисбат ба қарори додгоҳи Русия оид ба Надежда Савченко маҳз ӯ ва Лия Ахеджакова эътироз карда буданд.

Владимир Войнович соҳиби мукофоти Академияи санъати Бовария, хазинаи «Знамя», «Триумф», мукофоти давлатии Федератсияи Русия барои романи  «Монументалная пропаганда» ва ҷоизаи А.Д.Сахаров «Барои ҷасорати шаҳрвандии нависанда» мебошад. Мукофоти давлатиро соли 2001 аз дасти В.Путин гирифтааст.

Б.Шафеъ

Дар Китобхонаи милли Тоҷикистон чанд асари Владимир Войновичро метавон дастрас кард ва мутолиа намуд. Аз ҷумла китобҳои ӯ:

Мы здесь живём. — М.: Советский писатель, 1963

Жизнь и необычайные приключения солдата Ивана Чонкина

Нулевое решение [сб. статей]

Степень доверия. Повесть о Вере Фигнер.

Барчаспҳо: