Рӯзи ободонии охири ҳафта

Имрӯз ҳам чун анъанаи рӯзҳои шанбе дар Китобхонаи миллӣ рӯзи ободониву низофат буд.

Кормандон бештари вақти худро дар кабудизор гузарониданд. Ниҳолҳоро нарм карданд, ба гулҳо об рехтанд, бехи гулҳоро аз алафҳои бегона тоза карданд.

Ҳамчунин зарур омад як бори дигар ҷӯйборҳоро аз хасу хасрӯбаҳо тоза кунанд, то аз он об ба мавзеъҳои мавриди назар ба осонӣ равон шавад.

Ба қисматҳое, ки аз оби ҷӯйбор наметавонистанд шодоб шавад, бо сатилҳо об рехтанд.

Дар гармои шадиди тобистон гулҳо нигоҳубини вижа мехоҳанд. Бахусус ин шабу рӯз, ки тибқи огоҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то 18-уми июн ҳарорати ҳаво баланд мешавад.

Барчаспҳо: