Орзуҳои баҳории ХАЙРАНДЕШ

   Шоири шиноха Хайрандеш аз субҳи имрӯз байтҳои ҷолибу хонданиеро дар фазои Фейсбук мекорад, ки таманноҳои баҳорианд. Лаҳза ба лаҳза байти тоза аз илҳоми шоир метаровад ва филҳол дар саҳфаи Фейсбук мерезад. То ин лаҳза баъзе аз онро ҷамъ овардем ва пешкаши хонандагони азизи худ мекунем.

 

Баҳор омад, зи шеъри Ҳофизу Хайём гулчин кун,

Ҳаловат бахш бар дил, зиндагиро боз ширин кун.

                     ****   ***   ***

Баҳор омад, май овар баҳри қавми орифу доно

Зи Фирдавсию Саъдӣ, Рӯдакӣ, Аттору Мавлоно.

                    ****   ***   ***

Баҳор омад, зи Лоиқ шеър хон дар боғу дар гулгашт,

Ки шоиртар зи ҳар шоир пур аз шӯр аз ҷаҳон бигзашт.

****   ***   ***

Баҳор омад, бичин бо ёр гулҳои баҳориро,

Бихон бо шавқи дил ашъори Аҳлиддин Ҳисориро.

****   ***   ***

Баҳор омад, ҳама заҳри ҷаҳон шаҳду шакар гардад,

Ба шаккарханд Азизи Сангин аз Донморк баргардад.

****   ***   ***

Баҳор омад, бирӯяд гул ба қалби одамони нек,

Ба гулчинӣ бароем аз китоби Сайдалӣ Ӯзбек!

****   ***   ***

Баҳор омад, чу Сайёди ҷигархун масту мамнун шав,

Саҳар паймонае бардору баъд аз хона берун шав.

****   ***   ***

Баҳор омад, зи шеъри Орзу Исо бишав мадҳуш,

Ки дар ин баҳри туғёнмавҷ маъниҳост гавҳарҷӯш.

****   ***   ***

Баҳор омад, Ибодуллоҳи Солеҳ масту шайдо бод,

Ҳар он чӣ орзу дорад, барояш зуд пайдо бод!

****   ***   ***

Баҳор омад, Адиба масти гулзори сухан ояд,

Гули ҳар мисрааш сайри гулистони Ватан ояд.

****   ***   ***

Баҳор омад, гули шеъру сухан бо фазлу панд ояд,

Хирадафрӯз Фарзона зи гулзори Хуҷанд ояд.

****   ***   ***

 Баҳор омад, хирад хандад, бихандад ҳикмату одоб

Чу фазлу ҳикмату тамкини шеъри Рустами Ваҳҳоб.

****   ***   ***

Баҳор омад, бихон шеъри Алимаҳмад Муродиро,

Агар хоҳӣ кунӣ дар ғуссаҳо эҳсос шодиро.

****   ***   ***

Баҳор омад, зи авроқи гул, эй булбул, фаротар хон,

Баҳоратро бихоҳӣ нозанинтар, шеъри Озар хон!

****   ***   ***

Посухи Озар:

Гаҳе ҷӯшад миёни танз, гаҳ дар шеър тар гардад,

Баҳор омад, ки Хайрандеш Хайрандештар гардад.

****   ***   ***

Хайрандеш:

Баҳор омад, навои булбул андар шохи гул бишнав,

Зи Мирзо Кенҷа шеъри шаккарин аз Барнаул бишнав.

****   ***   ***

Посухи Мирзо Кенҷа:

Баҳор омад, бихон бори дигар ашъори Хайрандеш,

Ки нирӯят бияфзояд, шавӣ хурсанд беш аз пеш.

 

 

 

 

Барчаспҳо: