Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ: Тавсифи ҷаҳонгардӣ дар осори Саъдӣ

Туризм ё худ сайёҳӣ дар дунёи муосир ба як санъати муҳими даромадзо ва судовар табдил шудааст. Имрӯзҳо таваҷҷӯҳ ба сайёҳӣ ва бунёди зербиноҳои зарурӣ барои ҷалби сайёҳон аз саросари дунё, бахши аъзами даромади бархе кишварҳои ҷаҳонро ташкил медиҳад.

Тоҷикистони азизи мо низ ба хотири доштани табиати бикру зебо, ҳавои пок, кӯҳҳои осмонбӯс, сангҳои гаронбаҳо, дарёву рудхона ва чашмаҳои софу зулол, гиёҳҳои шифобахш, меваҳои тару тоза, хушкборҳои ширину давобахш, манзараҳои афсунгару дилфиреб, дашту дамани сабзу хуррам, мардумони шоду меҳмоннавоз, фарҳанги бостонӣ кишваре бисёр ҷаззоб барои ҷалби сайёҳон аз саросари олам аст. Масъулияти аввалини мо ба унвони шаҳрванд дарки ин воқеияти беназир, шинохт ва қадрдонии ин неъматҳои худодод, бунёди зербиноҳои асосӣ ва зарурӣ барои санъати гардишгарӣ, эҷоди шароити муносиб барои сафар ва будубоши сайёҳон ва меҳмонони хориҷӣ ва табдил додани ин неъматҳо ба сарвати даромадзо ва судовар барои аҳолии кишвар мебошад.

Боғи ҷаннатмаъоб кишвари мост,
Хонаи офтоб кишвари мост.
Руду дарёву баҳру чашмаи пок,
Ватани оби ноб кишвари мост!
Тавсифи ҷаҳонгардӣ дар осори Саъдӣ

Дар мақолаи мазкур муаллиф ҷойгоҳи сайёҳӣ ва аҳамияти ҷаҳонгардиро дар осори Саъдӣ пири ҷаҳонгардони олам мавриди таҳлилу баррасӣ қарор додааст. Таҳқиқоти адабиётшиносӣ нишон медиҳад, ки тавсифи табиат аз мавзӯоти меҳварии осори шоирони сабки Хуросонӣ будааст. Саромади шоирони табиатгарои аҳди қадим сардафтари адабиёти форсу тоҷик устод Рудакӣ аст. Ба дунболи ӯ шоирони дигаре, ки по ба арсаи адабиёт гузоштаанд ба монанди Фирдавсӣ, Дақиқӣ, Унсурӣ, Манучеҳрӣ, Фаррухӣ, Саъди Салмон ва дигарон, мавзӯи васфи табиат ва зебоиҳои онро бо фасоҳату латофату зебоӣ, тавсиф кардаанд, ки мо дар ин фурсат аз овардани намунаҳои шеърии онҳо худдорӣ менамоем. Дар радифи мавзӯи васфи табиат ва зебоиҳои он, мавзӯи ҷаҳонгардӣ ва сайёҳӣ низ дар адабиёти гузаштаи мо ба таври пурранге инъикос ёфтааст. Ҳаштсаду анде сол пеш Саъдии Шерозӣ сафари тулонии худро дар “ақсои олам” шурӯ кард ва пас аз сӣ сол сайру сайёҳат, осори мондагоре барои мо ба ёдгор гузошт. Ӯ худ дар ибтидои “Бӯстон” мефармояд:

Дар ақсои олам бигаштам басе,
Ба сар бурдам айём бо ҳар касе.
Таматтӯъ зи ҳар гӯшае ёфтам,
Зи ҳар хирмане хӯшае ёфтам.

Дар ҳақиқат аз хирмани бобаракати Саъдии ширинсухан метавон дар ҳар мавзӯи дилхоҳе хӯшаи пурборе пайдо кард бахусус дар мавзӯи сайёҳӣ ё худ ҷаҳонгардӣ. Аввалин нуктаи ҷолиб дар ин робита вуҷуди вожаҳо ва ё истилоҳоти марбут ба санъати туризм дар осори Саъдӣ аст. Дар “Бӯстон”-у “Гулистон” мо ба роҳати бо вожаҳое монанди сайёҳ, ҷаҳонгард, ҷаҳондида, ҳӯшманд, ҳақоиқшинос, ҷаҳонгашта, донишандӯхта, сафаркарда, суҳбатомӯхта, офоқ ва ақсои олам бармехӯрем, ки далолат бар таваҷҷӯҳи Саъдӣ ба ин мавзӯи муҳим дорад. Саъдӣ дар осори худ ҳар ҷо, ки хоста касеро ба некӣ тавсиф кунад аз ӯ ба унвони ҷаҳондида, сарду гарм чашида, ҳӯшманд ва ғайра ном мебарад:

Ҳақоиқшиноси ҷаҳондидае,
Ҳунарманди офоқгардидае
.

 

Матни комили мақола: Ғарибошно бошу сайёҳдӯст…

Барчаспҳо: