Публисистикаи Саломиддин Мирзраҳматов-муаррифгари чеҳраҳои таърихӣ ва сиёсӣ

Чунин ном дошт мизи гирде, ки охири ҳафтаи гузашта дар Китобхонаи миллӣ бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, коршиносон ва таҳлилгарон баргузор шуд. Саломиддин Мирзораҳматов-рӯзноманигори шинохта, ки ҳамакнун дар Қазоқистон ҳаёт ба сар мебарад, ахиран бо иншои чандин очерк аз ҳаёти маъруфтарин чеҳраҳои сиёсӣ ва фарҳангии Тоҷикистон маъруфияти бештаре касб кард. Ширкаткунандагони ҳамоиш ҷанбаҳои гуногуни эҷодиёти рӯзноманигори маъруфро таҳлил ва очеркҳои таърихии вайро арзёбӣ карданд.

Дар ин ҳамоиш Раиси Иттифоқи нависандагони кишвар Низом Қосим, роҳбари дастгоҳи КИМ ҲХДТ Абдураҳмон Хонов, нависанда ва публисист Бахтиёр Муртазоев, директори МТЖТ Хуршед Ниёзов, рӯзноманигор ва драманавис Ҷумъа Қуддус ва дигар нависандагону рӯзноманигорони саршиноси тоҷик иштирок ва суханронӣ намуданд.

Бахтиёр Ҳамдамов – гардонандаи мизи гирд дар оғоз дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Саломиддин Мирзораҳматов, саҳми вай дар рушди журналистикаи тоҷик маълумот до два аз ӯ ба унвони эҷодкори хушнавис ва меҳандӯсту миллатдӯст ёд кард. 

Дар ин нишаст ҳамчунин китоби нави рӯзноманигори шинохта «Оинаи каҷнамои демократияи тоҷик» муаррифӣ гардид, ки дар он аз ҳақиқати талхи зиндагии қаҳрамонҳо-иштирокчиёни ҳодисаҳои фоҷиабори солҳои 90-уми асри гузашта нақл карда мешавад ва барои пайдо намудани ҷавоб ба саволҳои «Кӣ кӣ аст?» ва «Кӣ чӣ арзиш дорад?» кӯшиш менамояд.

Маврид ба ёдоварист, ки ин ҳамоиш бо ташаббуси ҳафтаномаи «Минбари халқ» ва Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ баргузор карда шуд.

Муаррифии мо: Саломиддин Мирзораҳматов 1-уми июли соли 1951 дар шаҳри Қурғонтеппа ба дунё омадааст. Фаъолияти кориашро аз мактаби миёна оғоз кардааст. Соли 1976 факултаи забон ва адабиёти руси Донишкадаи педагогии шаҳри Душанберо бо баҳои аъло хатм кардааст ва дар ҳамон муассисаи илмӣ то соли 1978 кор кардааст. Аз соли 1978 то 1979 декани факултаи забон ва адабиёти руси Институти педагогии шаҳри Қурғонтеппа будааст. Муддати се соли оянда дар вазифаи муовини директори мактаби миёнаи рақами 46 шаҳри Қурғонтеппа кор кардааст.

Аз соли 1982 ба кори журналистӣ гузашта, дар нашрияҳои  «Ҳақиқати Қургонтеппа» (“Курган-Тюбинская правда”), «Коммунист Таджикистана»  (ҳоло «Народная газета») фаъолият кардааст. Соли 1988 ба дарёфти ҷоизаи Иттиҳоди журналисттони Тоҷикистон ба номи Лоҳутӣ шарафёб шудааст. 

Аз моҳи ноябри соли 1992 дар Ҷумҳурии Қазоқистон зиндагонӣ мекунад. Бо Ифтихорномаи Вазорати умури хориҷии Қазоқистон ва Иттиҳоди журналистони ин кишвар барои таблиғи дастовардҳои Қазоқистон дар нашрияҳои хориҷӣ мушарраф шудааст.

Барчаспҳо: