Ободонии аввали июл: Гулҳои шукуфон ва сабзаҳои дилрабо
Нашр шуд 2017-07-01 14:56
Имрӯз аз сари субҳ дар Китобхонаи миллӣ чун анъанаи рӯзҳои пеш рӯзи ободониву низофат буд. Ҳотаи Китобхона саҳнаи ин ободкорӣ қарор гирифт. Кормандон бо белу дигар асбобҳои корӣ вориди ин ҳота шуданд ва аввал ба гулу буттаҳо обмонӣ карданд. Ба он минтақа аз саҳни китобхона, ки ҷӯйи об надошт, бо сатилҳо об рехтанд.
Баъдан ҷӯйборҳоро аз хасрӯбаҳо тоза карданд ва роҳи ҷараёни обро ба самти дарахтону гулбуттаҳои дигар боз намуданд.
Рӯзҳои ободӣ охири ҳар ҳафта баргузор мешаванд ва дар ин рӯзҳо кормандон талош мекунанд даромадгоҳу саҳни коргоҳашон тозаву озода ва дилкаш бошад.