Услуби созмондиҳии шабҳои адабӣ. Машварат ба китобдорон

Созмондиҳии шабҳои адабӣ дар китобхонаҳо вазифаи асоси кормандони китобхонаҳо ба ҳисоб меравад. Мақсаду мароми шабҳои адабӣ баланд гардонидани сатҳи фарҳангию маърифатӣ ва донишмандўзию иттилоотии хонандагону тарғиби осори адибон мебошад. Маҳфилҳои адабӣ яке аз воситаи муҳими ташфиқу тарғиби адабиёт ба ҳисоб рафта, созмондиҳии онҳо тайёрии ҳамаҷонибаро талаб мекунад. Барои ин китобдор ҳамаи чорабиниҳои ташкилию тарғиботии махзани китобро ба роҳ монда, ташкили намоишҳои китобию лавҳаҳои китобдорӣ ва баргузорнамоии хонишҳои баланд (вобаста ба синну соли хонандагон) ва ғайраро дар рафти он бояд анҷом диҳад.

Вақте ки китобдор мавзўи шаби адабиро муайян мекунад, бояд фонди китобиашро бо адабиёти зарурӣ пурра гардонад, то ки хонандагон бо китобҳои лозим таъмин гарданд. Агар адабиёти  лозима дар китобхона набошад, онгоҳ китобдор онҳоро аз мағозаҳои китобфурўши харидорӣ намояд. Дар ҳолати дастрас нагардидани китобҳо аз мағозаи китобфурўши бояд онҳоро аз китобхонаҳои шаҳрӣ (ноҳиявӣ), вилоятӣ ва дигар пайдо намояд ва барои муваққатан истифода бурдани китобҳои лозимаро талаб намояд. Сипас, доир ба мавзўи интихобкарда дар байни гурӯҳҳои хонандагон корҳои ташвиқотиро бояд роҳандозӣ намуд. Барои бомуваффақият гузаронидани ин чораҷўӣ бояд китобдор дар назди қасрҳою хонаҳои фарҳангӣ ва клубҳо, мактабу ташкилотҳои гирду атроф эълонҳо навишта, дар бораи мавзўъ, дар куҷо в акай гузаронидани шабӣ адабӣ маълумот диҳад.

Бояд китобдор дар вақти китобивазкунии хонандагон онҳоро бо мавзўи шаби адабӣ шинос намуда, суҳбатҳо гузаронад ва мулоҳизаҳои онҳоро дар дафтари махсус ҷамъ намояд. Бахшида ба мавзўи шаби адабӣ намоиши китобӣ низ ташкил намоянд, то ки он ба тарғиби махзани китобии китобхона мусоидат намояд.

Дар раванди маҳфилҳои адабӣ ҳамаи шаклҳои корҳои оммавиро истифода бурдан лозим аст. Дар ин давра намоиши филмҳои ҳуҷҷатию ҳунарӣ ва маводу асарҳои санъат, ташкили бозиҳои шавқовар ва ғайра мувофиқи мақсад аст. Дар аввали шаби адабӣ китобдор ё худ мутахассис маърўза намуда, баъд ба қисмати амалӣ ё бадеӣ мегузаранд. Бо хоҳиши иштирокчиён тамошои филми тасвирӣ, шунавонидани мусиқӣ, тамошои намоиши китобӣ ва ғайра ба роҳ монда мешавад ва он тасаввуроти хонандагонро васеътар мегардонаду ба ҷустуҷўи маводу адабиёт онҳоро сафарбар менамояд. Мақсади баргузории шабҳои адабӣ дар китобхона он аст, ки онҳо сатҳи фарҳангию маърифатӣ, донишандўзии хонандагонро баланд мебардоранд, таваҷҷуҳи онҳо ба қироати китобу дигар маводи хонданбоб меафзояд. Маҳфили адабиро метавон бо гурўҳи васеи хонандагон ва бо иштироки адибону омўзгорон, донишҷўёну толибилмон гузаронд, ки ин боиси шавқовару ҷолиб гардидани онҳо хоҳад гардид. Бурдани маҳфилро ба зиммаи шахси масъул (баранда) ё китобдор мегузоранд ва ў ба он ҳусни оғоз бахшида, дар 2-3 дақиқа мақсади шабнишиниро шаҳр медиҳад. Сипас, шоир ё адиб (агар ҳузур дошта бошанд) меҳмононро муаррифӣ менамоянд. Баъдан нотиқ доир ба ҳаёт ва фаъолияти шоир ё адиб сухан мегўяд. Нутқи ў на бояд беш аз 15-20 дақиқа идома ёбад, зеро вақти зиёд иштирокчиёнро хаста ва дилгир менамоянд. Сипас, саволу ҷавоб байни шунавандагону нотиқ сурат мегирад.

Музокираҳо пас аз қисми бадеӣ оғоз мегардад. Хонандагони пешакӣ тайёркарда шеърҳои эҷодкардаи шоирро ифоданок мехонанд ё асари насрии адибро қироат мекунанд. Хеле хуб мебуд, ки агар ҳунарманди касбӣ дар хондани шеърҳо ё асари насрӣ иштирок намояд. Дар сурати набудани чунин имконият, сабти овоз, навори сабти филми ҳуҷҷатӣ ё ҳунариро истифода бурдан мумкин аст. Ин қисми чорабинӣ 50-55 дақиқа давом мекунад.

Дар охир баранда бо суханони хотимавӣ аҳамияти чунин шабро мухтасар шарҳ медиҳад ё ҷамъбаст менамояд. Ў ба нотиқон, хонандагон, меҳмонон ва дигар иштирокчиёни маҳфил миннатдорӣ изҳор намуда, ба онҳо асарҳои шоирро бо соядасти муаллиф ва дар сурати набудани имконият аз номи маъмурияти китобхона ҳадя менамояд. Сипас, иштирокчиён бо намоиши китоб аз наздик шинос мешаванд....

Ин як бахши кутоҳ аз китоби Юлчибой Мӯсоев ва Ҷӯрабой Раҷабов “Созмондеҳии маҳфилҳои адабӣ дар китобхонаҳо” иқтибос шуд. Китоб барои китобдорон чун як дастури илмиву амалӣ таҳия шудааст ва он соли 2019 интишор ёфтааст.

Китоби “Созмондеҳии маҳфилҳои адабӣ дар китобхонаҳо”-ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

Таҳияи Мавзуна Назарова

Барчаспҳо: