Маҳфили идонаи «Ҳамешабаҳор» бахшида ба Рӯзи Модар

Баъд аз зуҳри дирӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон  маҳфили идонаи   «Ҳамешабаҳор»-и шоири баноми кишвар Хайрандеш доир шуд. Маҳифил ин бор ба Рӯзи модар бахшида шуда буд ва дар он аксаран бонувони суханвар  гирд омада буданд.
Гадобек Маҳмудов, муовини Директори Китобхона, ки бо суханони муқаддимавӣ аҳли маҳфил ва меҳмононро хайрамақдам мегуфт, дар бораи баҳру Наврӯз ва Рӯзи Модар ҳарф зад. Вай гуфт, ки аз он ки баҳору Модар тавъаманд, иди модарони мо дар остонаи баҳор баргузор мешавад.
Шоир Хайрандеш низ суханони Гадобек Маҳмудовро тақвият дод ва аҳли маҳфилро ба Рӯзи Модар табрик кард.
Гули сари сабади маҳфили навбатии “Ҳамешабаҳор” рӯзноманигор ва адиб Ҳуринисо Ализода, Шоираи Раҳимҷон, Куҳзоди Файзулло, Ороста, Хиромони Неъматулло ва дигарон буданд.
Маҳфил хеле шавқовар ва самимиву диданӣ гузашт. Миёни ширкаткунандагон шеърхониву байтбарак ва ҷо-ҷо таҳлили байту шеър баргузор шуд. 

Барчаспҳо: