Ҷанг аз он сӯи баҳр оғоз мегардад
Нашр шуд 2018-12-11 15:56
Чунин ном дорад романи нависандаи маъруфи ҷопон Рю Мураками, ки ба қалами рӯзноманигори шинохт Абдулғаффор Қурбонов тарҷума ва чоп шудааст. Дар муаррифии кутоҳи оғози китоб мехонем: Рю Мураками, устоди сухан, ки ноумедӣ ва дарди насли азбайнрафтаро васф намудааст, романҳоеро эҷод кард, ки баъд ба афсона мубаддал шуданд. Ин китобест дар бораи фоҷиаи шахсӣ, фалокатҳои воқеӣ, талаби омурзиш, тарсу ҳароси доимӣ, хаёлоти дардовар, ки ҳамқадами муқаррарии қаҳрамонҳо мебошад ва аз худ дар ниҳояти кор ҳиссиёти дардноки сарчархзанӣ боқӣ мемонад.
«Ҷанг дар он сӯи баҳр оғоз меёбад» - ин суруди пур аз истеҳзои бераҳмона, насли аз тахайюлот маҳрумшудае мебошад, ки ақидаҳои нигилистии он ягона роҳи халосӣ дар ҷаҳони бенатиҷа ба олами зуроварӣ ва сангдилӣ ғӯтаваршуда, боқӣ мемонад…
Романро дар шакли электронӣ мегузорем ва шумо хонандагони арҷманд бо истифода аз фурсати муносиб, мутолиа мекунед. Аммо ин ҷо чанд сухане дорем дар бораи мутарҷими он Абдулғаффор Қурбонов:
Мутаваллиди соли 1961, зодбумаш шаҳри Бохтар. Соли 1985 факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Маскав ба номи М.В.Ломоносовро бо ихтисоси рӯзноманигор, соли 2008 факултаи молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси молия ва қарзро хатм кардааст.
Дар курсҳои ихтисосии дароз-муддат ва семинарҳои амалию омӯзишии кӯтоҳмӯҳлати донишгоҳҳо ва марказҳои таълимӣ, бонкҳои марказӣ ва ташкилотҳои молиявии Олмон, Федератсияи Русия, Ҳиндустон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Малайзия, Ҷумҳурии халқии Чин, Белорусия, Қазоқистов ва Қирғизистон ширкат варзида, донишу маҳорати касбии худро такмил додааст.
Фаъолияти корӣ: Солҳои 1985-87, хабарнигори редаксияи иттилоот барои матбуоти иттифоқӣ ва хориҷӣ, шуъбаи иттилооти кишоварзии Оҷонсии иттилоотии «ТоҷикТА»;
Солҳои 1987-89, хизмат ба ҳайси афсар дар нерӯҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ дар қаламрави Афғонистон;
Солҳои 1991-93 хабарнигори шӯъбаи сиёсии рӯзномаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Садои мардум»;
Солҳои 1993-94 сардори шӯъбаи ахбори иқтисодии Маркази иттилоотии Тоҷикистони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ховар;
Солҳои 1994-98 сармуҳаррири рӯзномаи «Посух» - нашрияи Вазорати фарҳанг ва иттилооти ҷумҳурӣ ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон;
Солҳои 1998-2000 сармуҳаррири идораи иттилооти хориҷӣ, муовини раиси Оҷонсии иттилоотии Тоҷикистони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ховар»;
Солҳои 2000-2008 муҳаррири Маркази матбуот ва маҷаллаи «Ахбори Бонки миллии Тоҷикистон»-и Бонки миллии Тоҷикистон;
Солҳои 2008-2016 сухангӯи Бонки миллии Тоҷикистон, роҳбари Хадамоти матбуоти БМТ, сардори Шуъбаи матбуот ва тарҷумаи БМТ;
Аз моҳи июли соли 2016 Сармуҳаррири маҷаллаи Бонки миллии Тоҷикистон “Бонкдорӣ Тараққиёт Ҷаҳонишавӣ”.
Аз соли 1992 узви Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Мукофот: Орден «Барои хизмат ба Ватан дар нерӯҳои мусаллаҳи ИҶШС дараҷаи 3», медалҳои «10-солагии инқилоби Савр», «Ҷанговари интернатсио-налист», «70-солагии Қувваҳои мусаллаҳи ИҶСШ», «Аз халқи сипосгузори афғон», Ифтихорномаи Президиуми Совети Олии СССР ба ҷанговари интернационалист, Ифтихорнома ва нишони КМ Созмони ҷавонони ИҶШС ва Ифтихорномаи Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон.
Дарёфти китоби “Ҷанг аз сӯи баҳр оғоз мешавад”