Ҳар рӯзи шанбеву якшанбе барои кормандони Китобхонаи миллӣ рӯзи ободкориву низофат аст. Аз субҳи имрӯз чун анъанаи рӯзҳои пеш зумрае аз кормандон вориди ҳотаи Китобхона шуданд ва бехи гулу гулбуттаҳоро нарм намуда, ҷӯйборҳои обро аз хасрубаҳо тоза карданд.
Сипас, ба ҷойҳое, ки об ба душворӣ меравад, бо сатилҳо ба бехи гулҳои шукуфону гулбуттаҳои тару тоза об рехтанд.
Ҳамзамон бехи дарахтонро ҳам нарм карданд.
Фасли гарми тобистон нигоҳубини вижаи гулҳоро мехоҳад. Як рӯз ғофил будан метавонад муҷиби хушк шудани гулҳо гардад. Ин аст, ки ҳамарӯза ба ҷуз ин ки боғбони Китобхона обмониву нигоҳубин мекунад, боз охири ҳар ҳафта кормандон дастаҷамъӣ вориди ин користон мешаванд ва талош мекунанд ҳотаи Китобхона, растаҳои гулпӯши атрофи он ҳамеша таровати зебои худро нигоҳ доранд.