Ёди марди ҳунар ба хайр бод!
Нашр шуд 2018-08-17 16:49
Роҳбарият ва кормандони Китобхонаи миллӣ ба Муовини Директори Китобхона Салима Раҷабова ба даргузашти нобаҳангоми хоҳарзодааш ҚУДРАТ АФАРДӢ – Раиси дафтари намояндагии телевизиони “МИР” дар шаҳри Душанбе изҳори тасаллият мекунад. Ба марҳум аз даргоҳи Худованди пок Фирдавси барин ва ба бозмондагонаш сабри ҷамил хоҳон аст.
Маврид ба ёдоварист, ки Қудрат Афардӣ-писарбузурги нависандаи тавоно марҳум Сайф Раҳими Афардӣ буд, ки тайи даҳ соли охир сарпарастии дафтари намояндагии телевизиони “Мир” дар пойтахти кишварро ба уҳда дошт.
Қудрат Афардӣ солҳои зиёде дар идораҳои давлатӣ, аз ҷумла идораи “Тоҷиккино” кор кардааст.
Хотираи неки Қудрат Афардӣ, ки дар синни 44-солагӣ олами моро тарк кард, дар ёди дӯстону ҳамкорон ва ҳамаи касоне, ки ӯро мешинохтанд боқӣ хоҳад монд.
Мо аз Худоем ва ба сӯи Ӯ бармегардем.