Ба ифтихори Рӯзи Рӯдакӣ: Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме...

Банда 33 сол қабл аз ин ба муносибати як нашри тозаи осори устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ бо номи “Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён ё Боди ҷӯйи Мӯлиён” мақолае навишта дар ҳафтавори “Адабиёт ва санъат” чоп кунонда будам, ки дар ҷилди 4-уми ҳафтҷилдаи “Маҷмӯаи осор”-ам ҳам омадааст. Ҳоло ду ҷои он мақоларо, ки дар он оид ба кӯри модарзод будан ё набудани устод ва таъбири “бӯйи ҷӯйи Мӯлиён” сухан меравад, ки ҳоло ҳам баъзан мавриди баҳс қарор мегирад, мухтасаран ба дӯстон пешниҳод мекунам.

...Дар абадияти устод Рӯдакӣ ҷои шубҳа нест. Шоире, ки шеъраш дар тӯли ҳазор сол дар забони мардум будааст, яқинан ҷовидона хоҳад монд.

Аммо дар замони устод Рӯдакӣ ҳам касоне буданд, ки ё аз ҳасад, ё аз нофаҳмӣ ба қадри пояи баланди шеъри ӯ нарасидаанд. Яке аз ин гуна мисолҳо то замони мо ҳам расидааст, ки шеъри шоири ҳамзамон, вале ҳасуд, Абӯзироа, дар мазаммати устод Рӯдакӣ мебошад.

Шарофати устод Рӯдакӣ чунон бузург аст, ки номи мазамматкунанда ва ҳасудашро ҳам дар ҳазор сол зинда дошт. Ҳоло мақсади мо аз шеъри Абӯзироа дигар аст. Ӯ навишта буд:

Агар ба давлат бо Рӯдакӣ на ҳамсонам,
Аҷаб макун, сухан аз Рӯдакӣ на кам донам.

Агар ба кӯрии чашм ӯ биёфт гетиро,
Зи баҳри гетӣ ман кӯр буд натвонам.

Ҳазор як з- он, к- ӯ ёфт аз атои мулук,
Ба ман диҳӣ, сухан ояд ҳазор чандонам.

Дар масъалаи кӯри модарзод ва ё дар натиҷаи ихтилофҳои дарборӣ минбаъд кӯр карда шудани устод Рӯдакӣ мубоҳисаи дуру дароз ҳаст. Ҷонибдорони ҳар ду тахмин ҳам дар байни тадқиқотчиёни аҳвол ва ашъори Рӯдакӣ бисёранд. Ҳар кадоме аз ин гурӯҳ, агар барои тақвияти тахмини худ аз маъхазҳои ҳар қадар қадим санад ёбад, онро ҳамон қадар мӯътамад ва асли воқеа ба қалам медиҳад. Ин, бешубҳа, кори дуруст аст. Аммо, дар айни ҳол, ба назари ман, аз ин шеъри Абӯзироа, ки ҳамзамони устод Рӯдакӣ ва аз ҳоли вай огоҳ будааст, маъхази қадимтаре нест. Ин шеър санади қадимтарин ва бурҳони қотеъ аст дар масъалаи муайян кардани кӯри модарзод будан ва ё ҷабран кӯр карда шудани устод Рӯдакӣ.

Аммо... ҳамаи онҳое, ки ин шеъри Абӯзироаро барои тасдиқи кӯри модарзод будани Рӯдакӣ овардаанд, аз маънои мисраи чаҳоруми шеър сарфи назар ва ё онро нодурст маънидод кардаанд. Абӯзироа дар байти дуюми ин шеър гуфтааст:

Агар ба кӯрии чашм ӯ биёфт гетиро,
Зи баҳри гетӣ ман кӯр буд натвонам.

Шоири ҳасуд, агар дар мисраи аввали ин байт гетиро ба ду маъно истифода карда, ҳам ба олами маънавӣ ва ҳам ба молу сарват расидани устод Рӯдакиро таъкид карда бошад, дар мисраи дуюм барои он мазаммат мекунад, ки ӯ гӯё барои гетӣ, яъне молу сарват аз чашм ҷудо шудааст. Ин таъна ба он далолат мекунад, ки устод Рӯдакӣ дар натиҷаи ихтилофҳои дарборӣ ҷабран кӯр карда шуда, ҳаргиз кӯри модарзод набудааст.

Аз овардани ин шеъри Абӯзироа ду мақсад буд, ки аввалаш баён шуд ва дуюмаш он аст, ки дар таъйин кардани асли воқеа на фақат дар маъхазҳои ҷинси луғат, тазкира, таърих ва ғайра, балки дар худи шеър ҳам маълумотҳои дақиқ ва бурҳонҳои раднопазир ҳастанд...

Акнун дар бораи «Бӯи ҷӯи Мӯлиён».

Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме,
Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.

Дар хусуси шаклҳои гуногуни ин байт, ки аз асри 12 то замони мо дар тазкира, баёту маъхазҳои гуногун омадаанд, мақолаи махсуси Ҷамшед Гиунашвили («Як байти устод Рӯдакӣ», дар журнали «Садои Шарқ», 1983, №9 саҳ. 120-124) ба табъ расида ва ӯ таҳриреро, ки дар нашри тоза овардаанд, (яъне “боди ҷӯйи Мӯлиён”-ро) чун шакли дурусти ин байт пешниҳод карда буд. Аммо маро далелҳои мақолаи Ҷ. Гиунашвили қаноатманд намекунанд. Ҷ. Гиунашвили навиштааст: «Дар замони мо ҳангоми хондани таҳрири бӯи ҷӯи Мӯлиён» ба сабаби шакли марғуб ва оҳанги хуби шеър шояд нуқси маъноие, ки мо зикр кардем (яъне шоир аз масофаи хеле дур ба амири худ бӯи ҷӯи Мӯлиён меояд намегуфт – А. Ҳ.), аз ҷониби тоҷикон ва форсҳо ҳис карда нашавад ва аз ин рӯ шояд ин нуқс ба чашми соҳибони забон барнахӯрад. Вале ҳангоми тарҷумаи ин шеър ба забонҳои ғайр, вақте ки матн бадеияти марғуби забони аслро аз даст медиҳад, ҷанбаи маонии шеър аҳамияти дараҷаи аввал касб мекунад. Маҳз дар ҳамин маврид аксари мутарҷимон ба вазъияти душвор меафтанд. Аввалан, худи Ҷ. Гиунашвили менависад, ки «бо сабаби шакли марғуб ва оҳанги хуби шеър шояд нуқси маъноӣ… аз ҷониби тоҷикон ва форсҳо ҳис карда нашавад ва аз ин рӯ шояд ин нуқс ба чашми соҳибони забон барнахӯрад». Асли масъала маҳз дар ҳамин аст, вақте нуқс, ҳол он ки дар ин ҷо нуқс нест, ба чашми соҳибони забон барнамехӯрад, онро чӣ сон метавон нуқс гуфт, он ҳусн аст. Шеърро ба забони модарӣ ва барои соҳибони забон менависанд, на барои тарҷумонҳо. Дар ин гуна ҳолатҳо ҳунари тарҷумон дар он зоҳир мешавад, ки ӯ аз захираи забони худ истифода карда, таъсир ва ҷаззобиятеро, ки шеър дар забони аслаш дорад, барои хонандагони забони худ ҳам ҳосил кунонад...

Соҳиби забони тоҷикӣ, ҳатто оне, ки маълумоти махсуси забон надорад, ҳаргиз боди ҷӯ намегӯяд, зеро ӯ савқан ва сареҳан ҳис мекунад, ки бод дар нисбати ҷӯ бузургтар, фарохтар, тундтар аст ва ба ҷӯ мувофиқат намекунад. Инро ҳатто худи забон ҳис карда, ҳангоми зарурат барои нармтар кардани бод ба он аз қабили сабо, форам сифатҳо дода, таркибҳои боди сабо, боди форамро барои ифодаи мақсади зарурӣ муҳайё кардааст, на фақат бод ҳатто насим, ки аз бод тобиши маъноии хеле нармтар дорад, барои ҷӯй дуруштӣ мекунад ва аз ин рӯ аз насими ҷӯй гуфтан насими ҷӯйборон гуфтан услубан сареҳтар аст. Бинобар, мавриде, ки устод Рӯдакӣ нисбат ба ҷӯй ба ҷои бод ва ё калимаҳои дигар бӯйро оварда, бӯи ҷӯ гуфтааст, мавриди зоҳир шудани савқи модарзоди суханшиносии ӯст...

Як қиёси дигар меорам. Боди ҷӯ гуфтан мумкин нест, зеро номутаносиб ва гӯшхарош аст, аммо накҳати ҷӯ гуфтан мақбул аст, пас чӣ эътироз аст нисбат ба бӯи ҷӯ? Ба замми ин, таъбири бӯи ҷӯ дар забони халқ маъмул аст ва ниҳоят ҷӯй фақат ҷадвал, хонаи об нест, дар он даҳҳо навъи гулу гиёҳ мерӯяд, ки аз онҳо бӯйҳои гуворо мерасад. Ва ниҳоят нуктаи аз ҳама муҳим: дар ин байти устод Рӯдакӣ, бӯи ҷӯ на фақат бӯи ҷӯи Мӯлиён аст, балки бештар ва пештар аз ҳама бӯи ватан, зодгоҳ аст, ва маҳз дар ҳамин аст, сабаби пас аз хондани ин шеър дар дили мо пайдо шудани он ҳиссиёти гарм, ки маҳсули муҳаббати ширину дардомези гуворо ба ватан аст...

Аз хушоҳангии

Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме,
Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. –

бисёр навиштаанд, ки ман дигар таъкид ва такрори онро ҳоҷат намебинам, вале мегӯям, дар қиёс таҳрири дигари он, ки пешниҳод шудааст:

Боди ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме,
Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.

байтест, ки дар он аз эъҷоз ва афсуни байти боло хеле чиз коста шудааст...

Агар ба назари касе ҳамаи ин далелҳо нокифоя намояд, пас ба худи устод Рӯдакӣ рӯ меоварам, ки гуфтааст:

Зи оби ҷӯй ҳар соат ҳаме бӯи гулоб ояд,
Дар ӯ шустаст пиндорӣ нигори ман рухи гулгун.

Вақте ки мо дар ин шеър аз оби ҷӯй омадани бӯи гулобро қабул дорем, пас чӣ ҷои баҳсу талош аст, аз бӯи ҷӯ? Ин масъала ба мадади худи устод Рӯдакӣ ҳал шуд.

Бинобар ҳамин ҳам, ба қавли Ҳофиз:

Хез, то хотир бад-он турки самарқандӣ диҳем,
К-аз насимаш бӯи ҷӯи Мулиён ояд ҳаме.

Аскар Ҳаким,
Шоири халқии Тоҷикистон

Барчаспҳо: