Низофати остонаи баҳор дар Китобхонаи миллӣ

Субҳи бармаҳали имрӯз кормандони Китобхонаи миллӣ  ба корҳои тозагиву ободонӣ дар саҳни бинои Китобхона ҷалб гардидаанд.
Остонаи вуруди баҳори нозанин аст ва ин анъанаест, ки дар ин гуна рӯзҳо кормандон даст ба ободонӣ мезананд, атрофро тоза мекунанд, дару девори ин бинои муҳташамро мешӯянд, зери дарохтону буттаҳои атрофи биноро нарм мекунанд, сангпораҳо ва ҳар гуна алафҳои бегонаро, ки то ин дам рӯидаанд, мечинанд.

Хулоса, омодагӣ ба вуруди баҳор.

Барчаспҳо: