Ман ронда зи майхонаам, аз ман бигурезед!
Дурдикаши девонаам, аз ман бигурезед!
Дар дасти қазо ҷон ба лабу дида ба мино,
Саргашта чу паймонаам, аз ман бигурезед!
Он шамъи мазорам, ки раҳи анҷуманам нест,
Маҳҷур зи парвонаам, аз ман бигурезед!
Бар зоҳири ободи ман уммед мабандед,
Ман хонаи вайронаам, аз ман бигурезед!
Девонаи занҷири ҳавасҳои муҳолам,
Афсунии афсонаам, аз ман бигурезед!
Он сели ҷунунам, ки ба ҷон омада аз кӯҳ,
Бунёнкани кошонаам, аз ман бигурезед!
З-он рӯз, ки дил мурду аташ мурду ҳавас мурд,
Ман аз ҳама бегонаам, аз ман бигурезед!
Бо ташаккур аз шоири тоҷик Исмоил Зарифӣ,
ки ғазали зеборо дар саҳифа гузоштанд.