Ширкат муовини Директори Китобхонаи миллӣ дар конференсияи байналмилалӣ
Нашр шуд 2018-05-04 15:49
Бо даъвати Китобхонаи миллии Ўзбекистон ба номи Алишери Навоӣ дар Х11-умин Конференсияи байналмилалии «Central Asia – 2018» таҳти унвони «Интернет ва захираҳои иттилоотӣ-китобдорӣ дар илм, таълим, фарҳанг ва тиҷорат», ки аз 18 то 20-уми апрел дар шаҳри Тирмизи вилояти Сурхандарё баргузор гардид, муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гадобег Маҳмудов ширкат намуданд.
Дар кори конференсия намояндагони китобхонаҳо ва муассисаҳои бонуфузи кишварҳои Русия, Қазоқистон, Белоруссия, Тоҷикистон, Ўзбекистон, Туркия, Эрон, Покистон, Исроил, Корея ва чанд кишвари дигар иштирок намуданд.
Конференсия аз ҷаласаи ифтитоҳӣ ва чор бахш иборат буд, ки дар онҳо масъалаҳои мубрами соҳаи китобдорӣ аз қабили вазъ ва рушди фаъолияти иттилоотӣ-китобдорӣ, рақамигардонии дастхатҳо ва китобҳои нодир, феҳристнигории электронӣ, истифодаи таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ дар соҳаи китобдорӣ, мақоми китобдор дар замони муосир, нақши китобхонаҳо дар рушди илм ва таълим, омаднамоии кадрҳои китобдорӣ ва ѓайраҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гадобег Маҳмудов дар мавзўи «Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар фазои иттилоотӣ» бо маърўза дар Ҷаласаи ифтитоҳии конференсия баромад намуда, паҳлуҳои гуногуни фаъолияти Китобхонаи миллӣ, аз ҷумла истифодаи технолгияи муосири иттилоотӣ, мубодилаи иттилоот, қонеънамоии эҳтиёҷоти истифодабарандагон, такмили ихтисоси кормандони китобхонаҳо, ҳамкории байналмилалиро таҳлилу баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон дар рӯзҳои баргузории конференсия бо муовини директори Китобхонаи миллии Ўзбекистон ба номи Алишери Навоӣ Тешабоева Умеда Алимҷовна вохурда оид ба масъалаи ҳамкориҳои дуҷониба байни китобхонаҳои мазкур ҳамсуҳбат шуданд.
Инчунин бо дигар намояндагони китобхонаҳои кишварҳои ширкаткунанда дар самти тавсиаи ҳамкориҳои соҳавӣ вохӯриҳо баргузор намуданд.