Истиқлолияти давлатӣ муборак, ҳамватанони азиз!

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ арзиши олӣ барои ҳар як миллат аст, ки на ба ҳар халқу миллат насиб мегардад. Ин арзиши муққадас баъди ҷонбозиҳои зиёд насиби миллати тоҷик гардидааст, ки дар таҳкими он саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург аст.

Посдориву мустаҳкамсозии зеҳниву амалии моҳияти Истиқлолият дар шуури қишри ҷавони ҷомеа кафолати бақои миллату давлат ва тамаддуни чандҳазорсолаи мо тоҷикон мебошад, ки дар ин самт фаъолияти пурмаҳсули Китобхонаи миллии Тоҷикистон басо муҳим ва назаррас аст.

Таманнои онро дорем, ки Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҷовидонӣ бимонад.

Ин ҷашни фархундаро ба кулли Тоҷикистониён ва тамоми тоҷикони ҷаҳон табрик мегӯям.

Ҷашни Истиқлол мубораку фархунда бод, ҳамватанони азиз!

Бо эҳтиром, Директори Китобхонаи
миллии То
ҷикистон
Мирализода Абдусалом

Барчаспҳо: