Директори Китобхонаи миллӣ Мирализода Абдусалом Мустафо

Мирализода Абдусалом Мустафо  22-юми марти соли 1961, дар деҳаи Баҳористони ноҳияи Фархор ба дунё омадааст. Омӯзгор, физик, доктори илми педагогика, профессор (соли 2006), Аълочии маорифи халқ (соли 1997); Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2008).

Фаъолияти корӣ: лаборанти кафедраи физикаи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (солҳои 1987-1988); муаллими Техникуми политехникии шаҳри Душанбе (соли 1988); раиси Иттифоқи касабаи муаллимон ва донишҷӯёни Техникуми политехникии шаҳри Душанбе (солҳои 1988-1992); мудири шуъбаи таҳсилоти ғоибонаи Техникуми политехникӣ (солҳои 1992-1994); аспиранти ДДТ (солҳои 1994-1997); мудири шуъбаи таҷрибаомӯзии ДМТ (солҳои 1995-2004); декани факултети такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои ДМТ (солҳои 2004-2006); мудири кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (солҳои 2006-2011); сардори раёсати таълими ДМТ (соли 2011); муовини аввал, муовини ректори ДМТ оид ба таълим (аз соли 2012 то 15.08.2017).

Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми августи соли 2017 директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» таъйин карда шуд.

Соли 1997  рисолаи номзадии хешро дар мавзӯи «Асосҳои иҷтимоию педагогии омодасозии хонандагон дар интихоби касб» ва соли 2006 рисолаи докториро дар мавзӯи «Системаи педагогии омодасозии донишҷӯён дар ташкили раҳнамоии касбӣ ва тарбияи меҳнатии хонандагон» сарбаландона дифоъ намудааст.

Самтҳои асосии тадқиқоти илмии Мирализода А.М. такмили маҳорати касбии муаллимони мактабҳои олӣ, касбинтихобкунии донишҷӯён ва хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, роҳнамоии касбӣ ва тарбияи меҳнатии хонандагон мебошад.

Муаллифи 3 монография, 2 китоби дарсӣ (дар ҳаммуаллифӣ), 8 дастури методӣ ва зиёда аз 70 мақолаи илмӣ мебошад.

Мирализода А.М. аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (соли 2008) ва аз ҷониби Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 1996) сарфароз гардидаст.

Осор:
1. Паҳлӯҳои иҷтоимоию педагогии интихоби касб. – Душанбе: Сино, 2003. – 173 с.;
2. Системаи роҳнамоии касбӣ ва тарбияи меҳнатии хонандагон. – Душанбе: Ирфон, 2004. – 273 с.;
3. Тарбияи ахлоқии наврасони душвортарбия. – Душанбе: Сино, 2007. – 59 с.;
4. Педагогика ва психология. Душанбе: Ирфон, 2007. – 343 с.;
5. Дар Боғистони Саъдӣ. – Душанбе, 2008. – 35 с;
6. Педагогикаи умумӣ ва касбӣ. – Душанбе: Ирфон, 2012. - 562 с.

Барчаспҳо: