Мо аз Худоем ва ба сӯи Ӯ бозмегардем!

Ҳайати кормандони  Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба Муҳриддин Соҳибзода, корманди бахши кадрҳои Китобхона бинобар даргузашти нобаҳангоми МОДАРАШ изҳори ҳамдардӣ мекунанд.

Аз Худованди меҳрубон барои модари азиз Фирдавси барин ва ба бозмондагонаш сабри ҷамил хоҳонанд. 

Эй модар, агар дастрасе доштаме, 
Санги сияҳ аз гӯри ту бардоштаме. 
Худро гилу хоки тира пиндоштаме 
Танҳот ба зери хок нагзоштаме.

Барчаспҳо: