Китобхонаҳои миллии Тоҷикистон ва Озарбойҷон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ имзо карданд

Имрӯз дар ҳошияи нишасти сарварони китобхонаҳои миллии кишварҳои узви СҲИ миёни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Озарбойҷон Ёддошти тафоҳум имзо шуд.

Ёддошти тафоҳум аз 11 модда иборат буда, ҷонибҳо уҳдадор шудаанд, ҳамкорӣ ва табодули дуҷонибаро мутобиқ ба қонунгузориҳои миллӣ ва давлатии Тарафҳо ба роҳ монанд; дар асоси шартномаҳои дуҷониба оид ба ҳаёти фарҳангии кишварҳо, аз ҷумла оид ба чорабиниҳои байналмилалие, ки дар давлатҳои Тарафҳо гузаронида мешавад, мубодилаи афкор намуда, иштироки намояндагони хешро дар чунин чорабиниҳои фарҳангӣ таъмин менамоянд.

Ҷиҳати табодули нашрияҳову мутахассисони касбӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи якдигар ҳамкории қавӣ ба роҳ мемонанд; дар бахшҳои ҳифзу нигаҳдорӣ, таҳқиқ ва таъмиру тармими китобҳои таҷассумгари мероси фарҳангӣ ва инчунин ҷиҳати табодули нашрияҳову мутахассисони касбӣ дар соҳаҳои марбута ҳамкориҳоро тақвият мебахшанд.

Ҳамчунин ҳамкориро дар бахши маводи чопӣ ва электронӣ мувофиқи қонунгузории давлатҳои Тарафҳо ривоҷ дода, дар бахшҳои гуногуни мубодилаи китоб, нашриёти даврӣ, нашриёт оид ба фарҳанг ва ҳунар ривоҷ дода, ҳамчунин ширкати намояндагони худро дар намоишҳои байналмилалии китоб, ки дар давлатҳои Тарафҳо баргузор мегардад, ҳамкорӣ мекунанд

Ҳамкориро дар бахшҳои гуногуни омодасозии мутахассисони соҳаи китобдорӣ ва табодули таҷрибаҳо дар соҳаи китобдорӣ ривоҷ медиҳанд.

Ёддошти тафоҳумро Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, профессор Абдусалом Мирализода ва Директори Китобхонаи миллии Озарбойҷон, профессор Карим Тоҳиров имзо карданд.

Нишасти сарварони китобхонаҳои миллии кишварҳои узви СҲИ идома дорад.

Барчаспҳо: