Донишманди асил
Зиёӣ кист ва дар зиндагии ҷомеа чӣ нақше дорад?
Имрӯзҳо дар даврони Истиқлолият мафҳуми зиёӣ, равшанфикр маънои тозае ба худ касб намудааст. Имрӯз зиёӣ равшангари роҳи аҳли ҷомеа ба сӯйи ояндаи дурахшони миллат аст. Миллате, ки баъд аз ҳазор соли бедавлатӣ соҳиби давлати миллӣ шудааст. Тавре Пешвои миллат дар мулоқот бо зиёиёни кишвар (20.03.2017) мефармоянд: «… Зиёии асил дар раванди ташаккул ва тавсеаи тафаккури миллӣ ҳамеша фаъол буда, ба раванди пешрафти маънавиёти ҷомеа таъсир мерасонад».
Хушбахтона, аҳли зиёи тоҷик имрӯз дар сафи пеши эҷодкориву созандагӣ қарор дошта, бо асару мақолаву фаъолияти шахсии хеш сиёсати пайгиронаи фарҳангии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар роҳи тарбияи насли ҷавон дар рӯҳи меҳанпарастӣ, худогоҳии миллӣ, аз худ кардани донишҳои замонавӣ ҳамаҷониба дастгирӣ ва дар амал татбиқ менамоянд.
Яке аз чунин шахсиятҳои фидокор, донишманди асил, Корманди шоистаи Тоҷикистон, доктори илми филология, профессор Маҷидов Ҳомид мебошад. Ӯ тамоми умри бобаракати худро сарфи хидмат ба Ватани азиз намуда, дар ҷодаи забоншиносӣ шогирдони зиёдро тарбия карда, акнун 80-умин солгарди зодрӯзи худро дар ҳалқаи дӯстону хешовандону шогирдон ҷашн мегирад. Ҷашни 80-умин солгарди зодрӯзро ба Шумо шодбош мегӯем, устоди азизу гиромиқадр!
Устод Ҳомид Маҷидов дар давоми фаъолияти пурмаҳсули эҷодиаш ба аксарияти бахшҳои забоншиносӣ (вожашиносӣ, овошиносӣ, дастур, сарфу наҳв, матншиносӣ, сабку услубҳои забонӣ) дахл намуда, дар ин мавзӯъҳо китобу мақолоти зиёде (11 монография, 170 мақола) навиштааст, ки аксари онҳо асарҳои рӯимизии на танҳо забоншиносон, балки мутахассисони дигар соҳаҳои илми филологияи тоҷик мебошанд. Асарҳои устод «Фразеологическая система современного таджикского языка» (соли 2006), «Забони адабии муосири тоҷик. Ҷилди 1. Луғатшиносӣ» (соли 2007), «Сеҳри сухани форсии тоҷикӣ» (соли 2014) ва ғайра осори бунёдии забоншиносии тоҷик буда, дар рушди илми забоншиносӣ дар даврони Истиқлол мақоми барҷастае доранд. Асос ва маҳаки фаъолияти илмиву пажӯҳишии ӯро таҳқиқу пажӯҳиши ҳамаҷонибаи илмии низоми фразеологияи забони тоҷикӣ ташкил дода, дар асару мақолаҳои гуногуни хеш ба ин масъалаи бисёр муҳимми забоншиносии тоҷик махсусан таваҷҷуҳ карда, дар онҳо масъалаҳои низоми ибораҳо ва таъбирҳои фразеологӣ, гурӯҳҳои маъноиву сохторӣ, қонуниятҳои амалкарди воҳидҳои фразеологӣ баррасӣ ва ҳаллу фасл шудаанд.
Метавон гуфт, ки устод Ҳомид Маҷидов аз бунёдгузорони назарияи фразеологияи забони тоҷикӣ мебошад. Устод дар баробари машғул будан ба пажӯҳиши ибораҳои фразеологӣ дар асарҳои дигари худ роҷеъ ба масъалаҳои калимасозиву вожашиносӣ, овошиносиву фарҳангнигорӣ фикрҳои ҷолибе пешниҳод намуда, дар пажӯҳиши ин бахшҳо низ нақши боризе гузоштааст. Ҷилди аввали китоби дарсии ӯ бо номи «Забони адабии муосири тоҷик» (соли 2007) ба масъалаҳои луғатшиносӣ, яъне вожашиносӣ бахшида шудааст. Ӯ дар ин асари худ дуруст таъкид мекунад, ки «Дар забоншиносии тоҷик то ҳол масъалаи калимаи ҷудо (= алоҳида, берун аз матн) мавриди тадқиқи махсус қарор нагирифтааст» (с.15). Бинобар ин, устод вазъи таркиби луғавии забони тоҷикиро дар ин асар мавриди баррасӣ қарор дода, истилоҳоти фаровони забоншиносӣ – ҳам аврупоӣ ва ҳам тоҷикиро истифода бурда, дар ҳамгунсозии истилоҳоти забон низ нақши муассир бозидааст. Ин асар аз панҷ боб: 1. Калима ҳамчун воҳиди забон; 2. Маъношиносӣ; 3. Маншаи калимаҳо; 4. Услубиёти луғавӣ; 5. Луғатнигорӣ) иборат буда, дар ҳар яки ин бобҳо вобаста ба мавзӯъ масъалаҳои муҳимми вожашиносии забони мо мавриди арзёбӣ қарор гирифта, бисёре аз масъалагузориҳо дар забоншиносии тоҷик нав буда, афкору андешаи забоншиносиро такмил медиҳанд.
Дар асари дигари устод Ҳомид Маҷидов «Сеҳри сухани форсии тоҷикӣ» (соли 2014), ки аз панҷ боб (фасл) иборат аст, масъалаҳои мубраму рӯзмарраи забони тоҷикӣ дар шакли мақола баррасӣ шудаанд. Фасли якум «Масъалаҳои умумии забони тоҷикӣ»; фасли дуюм «Сохтори забони тоҷикӣ»; фасли сеюм «Таркиби луғавӣ»; фасли чорум «Таъбирот» ва фасли панҷум «Номгузорӣ ва масъалаҳои дигар» номгузорӣ шуда, тавре аз номи ин фаслҳо дида мешавад, дар ҳар яки ин фаслҳо мақолаҳое гирд омадаанд, ки моҳиятан масъалаҳои номгузоришударо баррасӣ менамоянд. Масалан, муаллиф дар сарсухани хеш ба як масъалаи муҳим – масъалаи моҳияти забон дахл намуда, онро сарчашмаи муҳимми «маълумотҳои таърихӣ» дониста менависад: «Ҳар як забон ин ҳифозатгари зиндаи таҷрибаи ҳаёти соҳибони он, робитаҳои он бо халқҳои дигар дар тӯли таърихи дуру дарози мавҷудияташ аст. Ба ин сабаб ҳатто забони халқи аз ҳама хурди рӯйи замин ҳам чизе дорад, ки бо он тамаддуни умумибашариро бой гардонида метавонад. Ҳар як забон на фақат воситаи муомилоти халқ аст, он ҳамчунин ифодагари рӯҳия, мизоҷ, хислат ва махсусиятҳои дигари соҳибони он низ мебошад» (с.5).
Бинобар ин, дар фасли аввал ба гуфтаи худи муаллиф «... дар аввал масъалаҳои доғи рӯз – эҳтироми забони адабии тоҷикӣ, ки ба шарофати Истиқлол ба забони воқеии давлатии мамлакат табдил ёфтааст; роҳ надодан ба майлонҳои номатлуб дар ин самт, риоя намудани меъёрҳои истеъмолӣ ва равониву фасоҳати азалӣ, истифодаи дуруст аз қонуниятҳои корбасти он мавриди назар шудаанд» (с.8).
Фасли дуюм мақолаҳоеро дар бар мегирад, ки ба сохтори забони тоҷикӣ, қонунмандиҳои мавҷудияти низоми забон, сатҳҳо ва меъёрҳои дохилӣ, сохтори дастурӣ, овоӣ ва хаттии он иртибот доранд.
Дар фасли сеюм масъалаҳои мубрами вожаҳои забон – меъёрҳои истеъмолии луғавӣ, доираи паҳншавии вожаҳои асили тоҷикӣ, масъалаҳои фарҳангнигорӣ ва мувофиқату мутобиқати вожаҳои бегона ба меъёрҳои луғавии забон баррасӣ шудааст.
Фасли чорум таъсири воқеият, фарҳанг ва таърихи миллатро дар сохторҳои мухталифи таъбироти забони тоҷикӣ, робитаи маъноии воҳидҳои ин сатҳ бо тафаккури бадеӣ, образҳои миллӣ ва фасоҳати каломи мардуми мо инъикос намудааст.
Дар фасли охир бошад, мақолаҳои ба мавзӯъҳои ном, номгузорӣ, татбиқи Қонуни забон, таълими забони тоҷикӣ дар роҳи тарбияи солими насли наврас бахшидашуда гирдоварӣ шудаанд.
Албатта, мутолиаву баррасии тамоми осори устод ва ҳатто як асари ӯ дар чорчӯби як мақола аз тавон берун аст, вале як-ду нуктаи муҳимми масъалаҳои забоншиносиро таъкид намудан аз фоида холӣ нахоҳад буд. Дар фасли аввали китоби “Сеҳри сухани форсии тоҷикӣ” се масъалаи муҳимми забони тоҷикӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст, ки бисёр мубрам ба назар мерасад. Масъалаи аввал масъалаи таърихи забон ва пайванди он ба забони адабии ҳозираи тоҷик мебошад. ӯ дар бораи гунаҳои забони тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ) ва мавҷуд будани ин гуна воқеият дар дигар забонҳои дунё чунин таъкид мекунад: “Воқеан, гунанокӣ дар мавҷудияти забонҳо аз ҳодисаҳои табиист, на форсии классикӣ имрӯз дар шакли гунаҳои ҷудогона вуҷуд дорад, забонҳои зиёди маъруфи олам, масалан, англисӣ, арабӣ, испанӣ ва бисёр дигарҳо низ ба чунин гунаҳои мустақил соҳибанд, ки бисёре аз онҳо дар мамлакатҳои гуногун ҳамчун забонҳои мустақили адабӣ истифода мешаванд. Онҳо ҳамчун забони асосии миллии мамлакати соҳибистиқлол мақоми давлатӣ гирифтаанд. Ба ин нисбат талабу даъватҳои ҳамгун сохтани чунин гунаҳои адабии аз ҳам гусаста ва ба як забони умумии адабӣ табдил додани онҳо корест номумкин, орзуест амалӣ ношуданӣ ва ба ҷуз дасисабозӣ барои ҳусули ғаразҳои шахсӣ чизи дигаре нест” (с.10).
Аз тарафи дигар, забони тоҷикӣ ва шакли имрӯзаи меъёрии онро ба давраи маорифпарварӣ нисбат дода, онро давоми забони давраи классикӣ мешуморад: “Воқеан, забони адабии муосири тоҷикӣ маҳсули фақат даврони шӯравӣ нест. Таърихи ташаккулёбии он аз нимаҳои асри XIX шурӯъ мешавад. Агар аниқтар гирем, он аз даврони тавлиди аввалин падидаҳои маорифпарварӣ дар ҷомеаи онрӯза сарчашма мегирад. Ба вуҷуд омадани насли нави тараққихоҳ, ҷаҳду ҷадали он дар роҳи амалӣ намудани падидаҳои тоза дар ҷомеа, низоми маориф, маишати мардум боиси он мегардад, ки дар забони адабии ниҳоят душворфаҳми форсии анъанавӣ унсурҳои забони зиндаи умумихалқӣ ва забонҳои дигари олам ворид гарданд” (с.16). Устод қайд мекунад, ки дар натиҷаи муборизаи равияҳои “соданависӣ” ва “мураккабнависӣ” дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX равияи соданависӣ ва демократӣ кардану ба оммаи халқ наздик шудани забон боло гирифт. Ӯ чунин менависад: «Ба тавре ки аз тадқиқи осори хаттии гузаштаамон маълум мегардад, дар насри классикии тоҷику форс ду равия – равияи соданависӣ ва мураккабнависӣ дар истифода буд. Онҳое, ки дар ҳаёт ва эҷодиёти худ ба халқ наздик буданд, манфиати халқ, тартиботи одилона ва беҳбудии зиндагиро тарафдорӣ намуда, ба тартиботи мавҷудаи ҷомеа, муносибатҳои байни табақаҳои он бо назари танқид менигаристанд, услуби соданависиро пеш гирифта буданд» (с.17).
Ба масъалаҳои вазъи имрӯзаи забони тоҷикӣ дахл карда, забони матбуотро ба таври ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ намуда, ба чунин хулоса меояд: «Савияи фарҳангу маданияти мардум ҳар андоза баланд бошад, забони он ҳам ба ҳамон дараҷа пурра ва мукаммал аст. Ба ин маънӣ забони ҳар халқ, аз ҷумла, забони мардуми мо ҳам, намоёнгари сатҳи инкишофи ҳаёти моддӣ ва маънавии ӯст. Ворид шудани унсурҳои номатлуби забонҳои бегонае, ки имрӯз аз ҳама бештар дар забони расонаҳои ахбори омма ба мушоҳида мерасанд, аз сатҳи пасти маънавии баъзе қаламдастони ҷудогона шаҳодат медиҳад. Ба ақидаи ин ҷониб, дар забони адабии муосир, ба хусус, забони рӯзномаву маҷаллаҳо ва радиову телевизион се ҷараёни номатлубе ба назар мерасад, ки ба ҳусну зарофати он хисора меоваранд. Ба ин ҷумла дохил мешавад: а) баҳудаву беҳуда ворид намудани унсурҳои мухталифи забонҳои форсии бурунмарзӣ;
б) аз нав ба истеъмол ҷорӣ намудани унсурҳои аз истифода баромадаи арабӣ; в) бидуни мувофиқат ба меъёрҳои забон ба кор бурдани унсурҳои забони русӣ» (с.36).
Албатта, оид ба фаъолияти пурмаҳсули илмӣ ва осори гаронбаҳои устод Ҳомид Маҷидов садҳо мақола навиштан мумкин аст. Устоди бузургвор имрӯзҳо низ ба фаъолияти пурвусъати эҷодӣ машғуланд. Дар ин амали хайр ва хидматгузорӣ ба халқи азизи Тоҷикистон ба устод Ҳомид Маҷидов пирӯзиву комгориҳо хоҳонем!
Зи рӯзгори куҳан ин сухан маро ёд аст,
Басе зи меҳри падар беҳ ҷафои устод аст.
Гиреҳ ба нохуни дониш зи мушкилот гушуд,
Ба хоки пои муаллим ҳазор бор дуруд!
Сайфиддин Назарзода,
Рустам Шодиев
Суроғаи ҳамешагии мақолаи мазкур: http://sns.tj/node/158