Таърихи китоби тоҷик
Нашр шуд 2016-08-10 18:43
Китоб аст, ки таърихи куҳанбунёди мо, ганҷинаҳои тамаддуни башарӣ, дурдонаҳои назми ҳазорсолаи мо, достонҳо ва илму дониши даврони бостонӣ, хираду заковати наслҳо ва халқҳоро зинда нигоҳ медорад.
Китоб аст, ки бо нури донишу маърифат роҳи мардумонро равшан сохта, боиси ҳастиву пойдории миллат, таърих, забон, адабиёт ва фарҳанг гардидааст.
Китоб шиносномаи донишу андеша ва тамаддуни миллатҳо мебошад, таърихи пайдоиши китоб ба таррақиёти хат, забон, адабиёт, санъат, техника ва илм алоқа дорад. Зиёиёни тоҷик дар гузашта дорои савияи баланди фарҳангиву маънавӣ буданд ва аз байни онҳо олимону нависандагон, орифону фозилони зиёди ҷаҳоншумул ба арсаи таърих омадаанд. Аз ин ҷост, ки аҳли зиёи тоҷик аз қадим то замони мо китобҳои зиёди динӣ, мазҳабӣ, илмҳои мухталифи давру замон, фалсафаи ахлоқу одоб, тартибу қоидаҳои зисту маишат, кайҳоншиносӣ, риёзӣ, тиббӣ, кимиёвӣ ва ғайраро ба қалам додаанд. Ба зисту зиндагонии мардуми тоҷик чуқур ворид шудани китоб мазмуни ҳаётро муайян карда, тафаккури инсонро ташаккул медиҳад.
Баҳри аз наздик ошной пайдо намудани ҳаводорони китоб оиди таърихи китоби тоҷик корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон Валиев Ҷамил тасмим гирифт, ки ба таври мухтассар оиди сарчашмаҳои таърихи китоби тоҷик ба таври муфассал дастури услубӣ омода намуда пешкаши гурўҳи васеи хонандагон пешкаш намояд.