Дар қаламрави шеър (Суҳбати Аскар Ҳаким бо Лоиқ Шералӣ)

Банда дар бораи устод Лоиқ мақолаҳои алоҳидаи бисёр навиштаам, дар ҳамаи мақолаҳоям, ки дар бораи шеъри муосири тоҷик мебошанд, бештар аз ҳама дар бораи эҷодиёти ӯ сухан рондаам ва ҳамчунин дар тадқиқоти илмие, ки зери унвони “Вежагиҳои анвои шеъри ғиноӣ (дар мисоли шеъри ғиноии тоҷикии нимаи дуюми садаи ХХ)” анҷом додаам ва нусхаи тоҷикии он дар ҷилди 3-уми ҳафтҷилдаи “Маҷмӯаи осор”-и банда ва русиаш бо номи “Видовые особенности лирической поэзии (на материале таджикской лирической поэзии второй половины ХХ века) ба чоп расидааст, дар ҳар панҷ боби он бештар аз ҳама ашъори ӯро мавриди таҳқиқ қарор додаам. Аммо ҳоло ба муносибати зодрӯзи устод Лоиқ муносиб донистам, ки як суҳбати 42 сол пеш аз ин бавуқӯъпаваста ва як сухани мухтасареро, ки ба муносибати 60-умин зодсоли ӯ эрод карда будам, ҳамчун барги сабзе ба ҳаводорони шахсият ва эҷодиёти ӯ пешниҳод кунам.

****    ****    ****

Аскар. Ман аз андешаҳои худ ба ҳамин расидам, ки умдатарин хусусияти назми замонии мо пурқувват шудани бунёди воқеӣ ва ҳаётии он аст. Дигар он шеърҳои бебунёд, умувиву гўё тавсифӣ, ки як замон хеле ривоҷ доштанд ва, мутассифона, ҳоло ҳам ҳастанд, ки пас аз хондани онҳо кас ба маҳал ва ашёи тасвирашон (агар бошад) руҷўъ намекунад, харидор надоранд. Хушбахтона, як гурўҳи шоирони солманд ва миёнсол ва зумрае аз шоироне, ки дар даҳ - понздаҳ соли охир бар арсаи назм омаданд, бо биниши тозаи худ бозори он гуна шеърҳоро касод карданд.
Лоиқ. Хуб сари риштаи суҳбатро ёфтед. Дар ҳақиқат шеърҳои тўлонии тавсифии бепредмет мисли он кўдакест, ки ба навдаи бед савор шуда, худро савора пиндошта медавад, бехабар аз он ки пиёда аст. Ба муқобили ин гуна шеърҳо дар ҳамаи адабиётамон ва хусусан дар солҳои охир шеърҳое пайдо шудаанд, ки макон, замон, унвон ва фазои парвоз доранд.

Аскар. Агар ба муқобили ин гуна шеърҳо гўем, заминаи пайдоиши рўҳи тозаро дар назм як андоза тангтар маънидод намекунем? Шояд онро васеътар бояд шарҳ дод?

Лоиқ. Аз зиндагӣ ва талаби замон бояд ҷуст,- гуфтанӣ ҳастед?
Аскар. Бале.

Лоиқ. Ба муқобили шеърҳои бад хубашро гуфтан ҳам яке аз талаботи замон ва зиндагист.
Аскар. Дуруст, лекин, фақат яке...

Лоиқ. Розиям, аз ин нуқтаи назар, масалан, достони «Ҷони ширин»-и Мирзо Турсунзодаро гирем. Ин достон дар назари аввал суҳбати маҳрамонаи шоир бо ҳамсари худ, ҳикояти таасурот аз дидаву шунидаҳо ва сайру саёҳатҳои ўст. Ин заминаи воқеии достон фақат як воситаи баёни эҳсосот ва тафаккури як гражданини соҳибватан ва соҳибзамони мост, ки масъулияташ дар назди оила камтар аз масъулияти иҷтимоияш нест. Дар ин ҷо як оилаи бо тамоми ватан ва ҷаҳон ҳамқисмат, оилае, ки ҳама гарму сарди ҷаҳонро аз дуру наздик эҳсос мекунад, тасвир шудааст. Дар паси ҳар байти ин достон мо одами зинда, нафасҳои гарми ў, ташвишу тараддудҳои умумиинсонии ўро мехонем. Масалан, ин байтро гирем:

То кунам таъзим мисли пахтачин,

Чорқат гардида бар сўи замин.

Дар назари аввал чунин менамояд, ки ин ҷо шоир ба таъзими худ ташбеҳи хеле зинда ёфта бошад, аммо агар ба тааммуқ нигоҳ кунем, аз он тамоми саҳнаи меҳнати духтари пахтачинро дидан мумкин аст.

Аскар. Ман аз ин гуфтаҳои Шумо чунин хулоса бармеорам, ки мубориза барои шеъри имрўз аз кайҳо сар шудааст. Оре, агар ин масъала фақат дар солҳои охир дар мақолаю тақризҳои адабиётшиносону мунаққидон мавриди гуфтугўи ҷиддӣ қарор гирифта бошад, дар худи шеър ин такопў хеле пештар шурўъ шудааст. Далели ин даъво ҳам шеърҳо ва ҳам мақолаҳои пурҳаяҷони ҳабиб Юсуфист. Ё, масалан, «Қиссаи ҳиндустон»-ро гирем. Дар он солҳо дар танқид мақолае ба дараҷаи ин силсила, ки худ тозагии шеърро кашф кард, пайдо нашуд ва то имрўз ҳам ба истиснои зикри ин ё он хусусияти ғоявӣ, моҳияти навоварона ва бадеии он, равобити дохилии маънавӣ, ғоявӣ ва шакли он ба дараҷае, ки зарур аст, таҳқиқ нашудааст.

Лоиқ. Баҳси мо дар сари заминаи ҳаётии лирика буд. «Қиссаи ҳиндустон» ҳам дар он давра навишта шуд, ки адабиёти мо аз шеърҳои «умумӣ» пур буд. Баъзе шоирон ҳар сол дар бораи 1-уми Май ё 8-уми Март шеър менавиштанд ва оҳанги ҳамааш чунин буд: хуш омадӣ, эй иди фархунда... Шояд барои ҳамин ҳам танқид ба чунин шеърҳо одат карда буд.

Аскар. Бубахшед, Лоиқ, агар Шумо гуфтанӣ бошед, ки назари адиб аз мунаққид вусъатноктар аст, ин фикр андак ислоҳ металабад. Чунки завқи мунаққид ҳам ба монанди завқи шоир дар заминаи танҳо як адабиёт парвариш намеёбад. Агар имрўз мунаққиде дар тангии чунин чаҳорчўба монда бошад, гуноҳ аз вай аст, на аз ҳамаи мунаққидон. Дарёи Сир то ки чунин паҳновар шавад, бештар аз 620 - сарчашма об мегирад.

Лоиқ. Танқиди мо ҳоло ҳам суст аст, чӣ ҷои он ки солҳои баъд аз ҷанг... Ман мехостам, ки танқидамонро мисли шеърамон баландпоя бинам. Вале афсўс, ки ҳоло ҳам мунаққидон шеъри хубро сари вақт дар миёни ин ҳама шеърбофон ва даъвои бузургманишӣ доштагон тақдир намекунанд. Азбаски шеъри хуб ҳамеша кам аст, дар байни қитъаҳои зиёди шеърмонанд мисли кўдаке метобад, ки дар миёни ошуфтабозор афтода бошад.

Аскар. Агар ин ташбеҳи Шумо раво бошад, хушбахтона, ин кўдак аз ошуфтабозор ба дунёи фарохи адабӣ раҳ ёфт ва худаш имрўз ба ҷараёни назм раҳбарӣ мекунад. Ин кўдак дар сурати «Ҳасани аробакаш», «Ленин дар Помир», «Кўчабоғи ошиқон», «Достони оташ», «Сурўши Сталинград» ва шеърҳои алоҳидаи Боқӣ Раҳимзода, Аминҷон Шукўҳӣ, Қутбӣ Киром, Мастон Шералӣ, Бозор Собир, Гулназар, Гулрухсор ва дигарон ба камол расид. Ман номи Шуморо, Лоиқ, аз ин силсила махсус ҷудо кардам, чунки мехоҳам дар бораи ашъоратон муфассалтар сухан кунам.

Лоиқ. Азбаски баҳси мо аз боби заминаи ҳаётии назм аст, хоҳиш дорам, баҳсро фарохтар бо иштироки ҳамаи шоирони покҳунар, ки дар ин ҷода қалам судаанд, давом диҳем.

Аскар. Ман ҳам ба ҳамин кор мекўшам, аммо дар мисоли эҷодиёти як шоир ҳам дигаронро қатъи назар накарда, ба ин мақсад расидан мумкин аст. То ҳол сухани мо асосан оид ба жанри бузург, калонҳаҷм, достонҳо буд. Достон аз жанрҳои хурди лирикӣ бо сифатҳои махсусаш фарқ мекунад ва ин фарқият талаб дорад, ки заминаи ҳаётӣ ва ангезиши эҳсосоти башарӣ дар он бештар ва қавитар бошад ва достон ин чизро бисёртар гунҷоиш дода метавонад. Дар лирика ин саҳл коре нест.

Лоиқ. Хушбахтона, дар шеърҳои алоҳида, руҷўъҳои лирикӣ, шеърҳои соф ишқӣ ва қитъаҳои гуногуни ҳам устодон ва ҳам ҳамсолони мо заминаи воқеӣ, иҷтимоӣ ва ҳаётӣ рўз аз рўз қавӣ мешавад. Дар шеърҳои Мўъмин Қаноат «Бузургӣ ва хоксорӣ», «Хоби қаҳрамон», «Ёд», «Гули Бодом», Қутбӣ Киром «Бўи нон», «Хаткашон», «Хоки пайвандӣ», «Коммунист Салимов», Бозор Собир  «Асп», «Борон», «Падарҳо», Гулназар «Осиёи кўҳна», «Раис», Гулрухсор «Ватан», «Аскарбачаҳо» рўҳи солими назми замонӣ муҷассам шудааст. Ман тарафдор ва хайрхоҳи чунин равияи назм ҳастам ва давоми неки онро ба сад дил орзу дорам.

Аскар. Ман ба ин силсила аз шеърҳои худи Шумо боз номи бисёреро илова карда метавонам. Аз панҷ маҷмўаи пешинаи тоҷикии Шумо ва китоби наватон «Хоки Ватан» (муборак бошад!) шеърҳои бисёреро ном гирифтан мумкин аст. Масалан, шеърҳои «Модарнома», «Суруди хайрбод», «Замини меросӣ», «Хоки Ватан», «Баччагӣ» ва дигарҳо. Дар он шеърҳое, ки Шумо ном бурдед ва инҳое, ки ман зикр кардам, зиндагӣ табъан дохил шудааст. Шоирони онҳо на аз шеър ба сўи зиндагӣ рафтаанд, балки аз зиндагӣ ба сўи шеър омадаанд.

Лоиқ. Зимнан, ҳамаи ин шеърҳои ман як кўшиши шеъри хуб гуфтан, ба гуфти мардум, «даст рост кардан» аст. Бале, зиндагӣ саросар пур аз шеър аст, лекин на ҳама метавонанд онро бинанд, дарёбанд ва гўянд. Хубии шеърҳои боло дар он аст, ки дар паси ҳар сатр ва ҳар банди онҳо инсоне нафас мекашад, кўдаке ба ҷаҳони бузург ба умед менигарад, қаҳрамоне дар нафасҳои вопасин дар забон каломи Модар - Ватан мемирад, аспе бо ҷангисаворе ба сўи корзор парвоз мекунад, осиёбони дар ришу абрувонаш гули орд ҳамчун санги осиёб барои чашмсерии мардум пурҳаракат аст. Яъне, ҳар чиро, ки дар ин шеърҳо тасвир шудааст, мо бо чашм мебинем. Ин гуна шеърҳо дар рў ба рўи он шеърҳое, ки бо ибороти китобӣ, бо риояи ҳама қонунҳои арўз иншо шудаанд ва агар хушоҳангии калимаҳои зебои тоҷикӣ ва арўз набошад, ҳарзае беш нестанд, умри дароз доранд.

Аскар. Хушоҳангии калимаҳои зебо ва арўз ҳанўз шеър нест. Бунёди шеър ҷавҳари маънист. Дар ин мисраҳое, ки суханҳои зебо доранд, ба хаёлам, ҷавҳари шеър камтар аст ва, агар бошад ҳам, дар чунон амиқист, ки ба он расидан муҳол аст:

Аз сукути роздори абри пуркин,
Аз намуди фитнакори чархи рангин, 
Наъра мезад баҳр
Наъра мезад бод, бехуд гашта хашмин.

Лоиқ. Ин хел «ғамзаҳо» ман ҳам доштам:

Баҳор омад зи борони баҳорӣ,
Баромад дар дилам рангинкамонҳо.

Ин шеъри дарози наврўзие буд. Вақте ки дўстам Доро нақизае (пародия) бофт ва хуб хандидем, аз баҳри он гузаштам. Дар ҳақиқат  ҷои ханда аст, дар дил чӣ хел рангинкамон мебаромада  бошад?

Аскар. Чунин «бофтаҳо» дар шеърҳои маҷмўаи наватон ҳам ёфт мешаванд. Масалан, дар шеъри «Рўдҳои кўҳистон» - атон. Рўдҳо аввал чун кўдакони бепаноҳ сарсон ва чун ғарибон кў ба кў саргардон буданд, баъд касб омўхтанд, боз баъдтар чун сағираҳо дар сағирхонаҳо донишу фазлу ҳунар омўхта, имрўз фарзона шуда, як бурда нони хешро ёфтаанд. Ба фикрам, «ташхисонидан» - и рўд аз ҳад гузаштааст. Ё гирем, шеъри «Духтари тоҷик» - ро. Дар ин шеър, ки банди аввалаш хеле шоирона гуфта шудааст, духтар дар чаҳор банди аввал «хоксору шармнашкаста» бошад ва мисли ҳамаи одамон дар замин гардад, дар панҷ банди охир фақат «парвоз» мекунад.

Лоиқ. (Ханда...) Маълум, ки пар баровардааст. Лекин агар ҷиддан гўем, ман хостам, шитобу беқарорӣ ва такопўи духтари тоҷикро ба «парвоз» ифода кунам. Намедонам, ки парвоз ба ҷое расид ё не?

Аскар. Парвоз дар бисёр шеърҳои Шумо ҳаст. Бештар ин парвозҳо ба дуродур ва ба фазои мақсадҳои бузургу наҷиб аст. Бидуни он ки шеърҳои дар «Ҳамсолони паровари ман», «Ба ёдбуди Гагарин» парвоз табиист, яъне худи мавзўи шеърҳо парвоз аст, дар аксари шеърҳои Шумо парвози илҳом ҳис мешавад, чӣ ҳоҷат буд, ки дар «Катибаҳо»-и китоби наватон «суханреза» гўед? Гирем, катибаҳои Шуморо дар чигас (асо), шпал ва ишоратчўби раҳбон. Шояд, ҳамин гуна хурд гирифтани мақсад аст, ҳатто Хайёме, ки аз рубоиёти Шумо бештар чун файласуф ва марди оламшинос арзи ҳастӣ карда буд, ба майкадаи «Фароғат» омада, мегўяд:

Шумо шоҳид, ки ҳозир омадам ман,

Дар он дунё буфету ресторан нест...

Лоиқ. Ростӣ, катибаҳо лозиманд, лекин катибаҳои хуб. Ман боре гўристонҳои Самарқандро зиёрат карда, дар санги қабрҳо байтҳои аҷиб хондам. Ман он вақт донишҷўи институт будам. Аз дилам гузашт, ки халқ ба катибаҳои ёдгорӣ эҳтиёҷ дорад. Ҳамон вақт мехостам чунин катибаҳо нависам, аммо натавонистам. Баъд катибаҳои Расул Ҳамзатов баромад. Онҳоро хонда боз пай бурдам, ки катиба лозим аст.

Аскар. Ба ин маънӣ, оё ҳамаи шеърҳо катибаи умри инсон нестанд?

Лоиқ. Бале, ҳақ ба ҷониби Шумост. Чӣ гўям, ки нон ҳам нону нонреза ҳам нон... Дар баъзе катибаҳо ман хостам ҳазл кунам...

Аскар. Агар катибаи ба Хайём бахшидаатонро дар назар дошта бошед, бубахшед, рўҳи Хайём ҳазлбардор нест.

Лоиқ. Набошад то хирад комил,

Ҷунун комил намегардад...

Аскар. Ба ҳар ҳол, ман тарафдори он ҳастам, ки «нонрезаҳоятон» ҳам тўша шуда тавонанд. Шумо бояд бо катибаҳоятон нақши Рустамро дар кўҳсоронамон нависед, мисли он ки Брюллов ҳангоми наққошии сақфи Маъбади Исҳоқ дар Ленинград аз ҷўши илҳом ва табъи саршор, «Ба ман ин сақф тангӣ мекунад, сақфи осмон боястӣ!»- гуфта буд.

Лоиқ. Барои он ки мо мисли Брюллов сақфи осмонро наққошӣ кунем, бояд рангҳои осмонзебро аз замин бигирем. «Осмонро замин баландӣ дод», - гуфтааст Бедил. Мавзўъҳои хурду «заминӣ»-ро бо рангҳои хаёл, сухан, ғоя ва пирояи шоирона шукўҳи осмонӣ бояд бахшид. Афсўс, шоирони қудсӣ мисли Ҳофиз каманд. 

Аскар. Ҳар асру замон Ҳофизи худро дорад ва бояд дошта бошад! Замони мо шоироне дошт ва дорад, ки мисли Владимир Маяковский, Александр Твардовский, Расул Ҳамзатов, Эдуардас Межелайтис, Мирзо Турсунзода ҳар кадоме алоҳида як пора сақфи гардунро ва ҳама дар якҷоягӣ тамоми осмони асри моро мунаққаш кардаанд. Осмон беканор аст, муъҷиза ва қудрати тафаккур ва тахайюли инсон ҳам.
Шоири имрўз ҳар қадар «заминӣ», ҳамнафаси халқ ва замон, ашъораш иҷтимоӣ ва худаш фидоии ормонҳои олӣ бошад, осмони ў ҳамин аст. Ба қавли худи Шумо:

Муддаоям зи назм ин бошад,
Пос дорем назми дунёро.
Бо сухан то ҳама раво дорем,
Фарзи имрўзу қарзи фардоро.

Соли 1976

 

Барчаспҳо: