Хабари марги ту омад, ки ситонад ҷонам...

Ба даргузашти шоири дардошно Лоиқ Шералӣ 18 сол шуд

ПАДРУДИ ОФТОБ

Устоди бузургвори ман! Ин сайёраи ятим, ин ҷаҳони бепарастор, ин лаҳзаҳои бесаъодат, ин миллати ғафлатпаноҳ ва ин мани дилшикаста бе ту буданро чӣ сон таҳаммул кунем? Бе касе, ки вуҷуди мунаввараш гилҳову дилҳову қандилҳову маҳфилҳоро офтобӣ мекард, бе касе, ки ҳузури азизаш ба зиндагонии пучи мо маъно мебахшид, бе касе, ки садои шаффофаш дар фазои мо рехта ва ҷонҳои мурдаи моро ангехта буд: Он зинда рафт ва ин мурдаҳо монданд.

Охир ин хок бад-ин сардиву дарундорӣ чӣ гуна ҳадяи илоҳиро, он шоҳкори бебадалро, он ягонаву бемасалро, он тӯфони ишқро оғӯш мекунад? Магар он растахези ҷовидон хомӯш мешавад? Эй устод, эй армуғони азал, эй беназири улвӣ, эй содаву заминиву одӣ! Бе ту будан чист, медонӣ? Ту аз ин дард бехабарӣ, чунон ки осмониён аз илми марг бехабаранд.
Дар вуҷуду суруди устод Лоиқ чизе маснӯй набуд. Агар ӯ мехост фарёд занад, фарёд мезад. Барояш фарқ намекард, ки ин ҷо биёбон аст ё анҷумани вакилон. Агар мехост дашном диҳад, дашном медод бе он ки андешад, ки ин шоҳ аст ё гадо. Агар мехост май нӯшад, менӯшид ва аз чашми Худову халқ пинҳон наменӯшид, ҳамеша чун нуқтаи паргор дар назаргоҳи ҳама қарор дошт. Баъзе афрод шояд барои он менӯшанд, ки аз ғами худашон андак раҳо шаванд, аммо дарду алами як миллат, дӯшбори замину замон ва тамоми башар дар дӯши устод Лоиқ буд.
Рӯзе бо ҳавопаймо ба Душанбе меомадем. Як ҳамсафари мақомдор хост пеши ҳамроҳон худнамоӣ кунад. Бо ин умед 6а устод гуфт:
- Устод Лоиқ, мо ҳам шеър медонем. Ва байти хуберо аз Бедил хонд. Ӯ хеле чашмдори аҳсану офарин буд, аммо ғайримунтазира чунин посух шунид:
- Донӣ, барои худат медонӣ, барои Лоиқ Шералӣ намедонӣ.
Агар як нафари маъсум бе хаёли худситоӣ он байтро мехонд, ҳатман истиқболи гарм медид.
Устод Лоиқ қомуси ҳақиқат ва фарҳанги муҳаббат буд. Агар касеро дӯст медошт, зиёда навозиш намекард ва ҳамд намехонд. Аммо аз камтарин ишораташ ва аз сукути чашмони мутафаккираш меҳраш пайдо буд. Вале агар аз ҳарфи касе хушаш намеомад, ҳатман ӯро садама медод ва иштибоҳашро фош мегуфт.
Ман агар имрӯз маҳзуну ранҷурам, ба ҷуброни саъодати дӯшин аст. Саъодате, ки ба қадраш нарасидам ва осон раҳо кардам. Магар ба тамомии он лаҳазоти зебое, ки бо падари бузург ва устоди бешабоҳатам ба сар бурдам, рашки офоқ намеомад? Ёд бод он лаҳза, ки ман нахустин бор бо ҳамраҳони тозаҷавонам пироҳани ҳақир ба бар, содаву бепироя, бо шиддати бузурги эҳсос ангушт бар дари сардабири маҷаллаи «Садои Шарқ» задем ва шоири орзуҳо дар чашмам тулӯъ кард. Ман чашмдори муҷассамаи мӯҳташамй ғуруру тафохур будам, аммо як инсони маъмулӣ бо вуҷуди одӣ ва ҳарфҳои бетилисм намудор шуд. Вале чӣ чашмоне дошт. Нигоҳи чашми умқпаймояш ҳафт осмонро пар задаву аз ҳафт дарё гузашта буд, ки чунин осон қафаси синаи моро шикаст ва дар дили мо нишаст. Ман он рӯз фаҳмидам, ки одӣ будан сифати нобиғагон аст ва нубуғ дар далқи хоксорӣ паноҳ мебарад. Бузургӣ - сода будани мӯъҷизаҳост.
Устод ҳар бор, ки ба Хуҷанд меомад, рӯзҳову ҳафтаҳо дар манзили мо мондагор мешуд ва мо, хушбахтона, имкон меёфтем, ки аз сӯҳбатҳои хуҷастааш суд бардорем. Он ҳама лаҳазоти биҳиштӣ, ки дар хидматаш будем, инак, унвони «ҳамеша» дорад ва он вуҷуди мутабаррик мафҳуми «ҷовидона»-ро комил мекунад. Чандин бор чун дӯстонам ба манзили мо меомаданд, медиданд, ки ман пироҳани устодро уту мекунам, мегуфтанд:
- Фарзона, ту ҷомаҳои худатро уту намезанй, аҷаб ин ки либоси устодро дарзмол мекунӣ. Ва ман мегуфтам:
- Эй нодонҳо! Устоддориро ёд гиред ва худситоӣ мекардам: Ман барои устод ба фарози дарахт мебароям ва шоҳтут мечинам. Ман дар рӯзҳои бегазиву бечароғӣ дар қумғони қадимии ахди Дақёнус барои устод чой меҷӯшонам (дар асл ин корро модарам анҷом медоданд), ман тамоми рӯзро масраф мекунам барои таҳияи гулқанди «Шабовез», ки устод онро намечашанд (Мегӯянд, бачам, ман шириниро хуш надорам), ман панҷараи хонаи хоби устодро боз мекунам ба субҳи нилуфарӣ, ки чун таронаҳои устод пур аз шамимаи нур аст. На, на, на, ман барои устод коре накардаам. Ман лаёқате надоштам, ки ба бузургиву меҳрубонии ӯ посух гӯям. Аслан ман ҳазор сол бояд ба даргоҳи Худованд шукргузорӣ кунам, ки нобиғае чун Лоиқ маро фарзанд хонд ва инсони дили худ шинохт. Ӯ соатҳо бо ман дар дафтари кораш, дар идораи маҷаллаи «Садои Шарқ» менишаст ва чакомаҳои ибтидоии маро қалам мезад. Баъзан ман густохӣ мекардам, ки «не, устод, мисраъи ман бетағйир монад, охир ин ҷурм надорад», устод мегуфтанд:
- Ту, ки дарёро напаймуда бошӣ, соҳил ҳам дар назарат дарёст. Ту гунҷишке нашав, ки дар кӯлмак оббозй кунад ва бо ҳамин қаноат варзад. Ту тӯфонро шинос.
Рӯзе устод ба мани тӯфонношинохта супориш дод: Ин мисраъро худат ислоҳ кун, ман сигор кашида меоям.
То омадани устод ман ба таҳлукаи бузург мисраъи муносиб ҷустам, аммо нашуд, ҳарфҳое ба сарам меомаданд бисёр берангу беҷараққа. Устод баргашту пурсид:
- Ҳа, навиштӣ?
Ман хомӯш интизори коҳиши устод истодам. Ӯ бо табассум дар ҳошияи варақи ман навишт:

Ончунон нозукӣ, ки метарсам, 
К-аз сигорам дилат фигор шавад.

Ва бо ифтихори кӯдакона гуфт: «Дидӣ, устодат чӣ хел шоири зӯр аст
Ман дар ситоиши устод Лоиқ шеъре навишта будам бо унвони «Шоирхудо» ва дар тафаккури махдуди бистсолаи худ мутмаин будам, ки шеъри хубест. Вақте устод онро мехонд, ман бо фахру саъодати беназир истиқболи шодонаашро интизор будам, аммо ӯ рӯи он тарона хати бутлон заду гуфт: -Намешавад, маънӣ надорад.
Ман фаҳмидам, ки як муҳаббати муҷаррад бо он ки мояи ҳунар ва офариниш аст, шеърро комил намекунад, нерӯи азалие ҳам мебояд барои сухани собит гуфтан ва ҷаҳони шоиронаи худро боз кардан.
Устод ба як бор ҳарфҳои содаи маро пазируфт ва барои идомаи раҳ фотиҳаи нек дод. Ин пуштвонагии шоири беҳамто аз як дӯшизаи ҷавон, ки ҳанӯз ҷавҳараш нопайдост, чандин муҳаққиқ хонандаро ба иштибоҳ андохта ва маҳву ҳайрон карда буд. Дар шумораи аввали маҷаллаи «Садои Шарқ», соли 1986 силсилаи ашъори ман бо сарсухани устод Лоиқ, ки «Ҷодае ба диёри одампарастӣ» ном дошт, чоп шуда буд ва чунин ҳарфҳо дошт: «... шоираи навқалам бо дили пур ба ҷаҳони шеъри Аҷам ворид хоҳад шуд. Дар шеъри нахустини ин гулчин байти хубе ҳаст:
Дини ман оташпарастӣ не, Дини ман одампарастӣ бод.
Дар ин байт Фарзона мароми шоирии худро иброз доштааст».
Дар посухи устод Лоиқ даймоҳи ҳамон сол, дар пленуми ИН Тоҷикистон адибиётшиноси дақиқназар Аҳмад Абдуллоев чунин суханронӣ карда буд: «Вақтҳои охир шоираи навбаромаде бо номи Фарзона пайдо шудааст, ки шоирони номвари
мо номи ӯро зиёд табл мезананд. Як шеъраш бо унвони «Одамони нек», ки мисраъи «Дини ман одампарастӣ бод» дорад, хеле таърифу таҳсин шуд, аммо аслан шеъри заифу норасост».


Ман ба тасодуф дар он маҷлис ширкат доштам. Вақти танаффус чандин нафар ба ман барои танқид шуниданам тасалло медоданд. Дар он миёна устод Лоиқ ҳам. Ман гуфтам:
- Ин нафар айни ҳақиқатро гуфт ва нахост инсони ҷавон фирефтаи ситоишҳои бемаҳал шавад. Ҳарфҳояш ҳарфҳои дили мананд. Равам, ба ӯ сипос гӯям?
- Одам мешӣ, бачем - гуфт устод ва рафт... 
Исми имрӯзини ман низ бо устод Лоиқ муртабит аст.
Аслан волидайн ба ман номи Иноят додаанд, ки бо вуҷуди калимаи арабӣ буданаш вожаи хушояндест ва шояд рӯзи аласт дар осмон ба ман рақам зада шудааст.
Аввалин чакомаҳои ман бо ҳамин ном мунташир шудаанд ва ман ҳаргиз хаёл намекардам, ки рӯзе ин исм фақат дар ҳалқаи хонаводагӣ боқӣ хоҳад монд. Дар рӯзгори донишҷӯиям бародар ва устоди гиромиям Сафари Абдуллоҳ, ки он солиён муқими Маскав буд, ба ман телефун мекард ва мегуфт, ки Иноят исми мардона аст, бояд номи латифи форсӣ ёбӣ ва номҳои хуштаркиберо пеш меовард: Симо, Дарё, Рухшона, Афсона, Фарзона, Фаришта. Аммо ман ҷавоб медодам:
не, не, не!
Рӯзе дар донишгоҳ устоди ҳидоятгарам Усмонҷон Ғаффорӣ маро бо номи Фарзона, ки дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (майи 1985) муаррифӣ шудааст, табрик гуфт. Ин таҳаввул бароям ғайримунтазира ва бидуни ризоят буд. Ба Маскав телефун кардам ва бо оҳанги ранҷиш аз бародарам пурсидам, ки ин чи номест? Магар ин исми бегона ба вуҷуди ман васлаи ночаспон нест? Ӯ посух дод, ки аз миёни ҷумла исмҳо устод Лоиқ Фарзонаро пазируфтанд ва илова кард, ки магар мешавад ба фикри чунин нобиға муқовимат намуд? Ҳамин тариқа, ман номи Фарзонаро чун ҳадяи шоирона ва бузургворонаи устод Лоиқ пазируфтам ва бо он ки ҳаргиз лаёқати ин мафҳумро надоштам, боз ҳам ин ном бо ҳастии ман пайванди ҷовидона ёфт. 
Сояи 1986 вақте устод Лоиқ Девони Кабирро ба ман дод, дар Хуҷанд кам касе чунин давлатманд буд. Ман девонро пеши чашмам боз кардам ва хондам:

Донаи бечора будам зери хок,
Донаро дурдона кардӣ оқибат.

Ҳоло ба худ мегӯям: Эй донаи дурдонанашуда! Хабарат ҳаст, ки дарёро бохтӣ? Он дарёи мутаҳҳарро, ки мавҷ бар ҳам чаданаш соҳилнишинони мурдаро таҳрики сабзи зиндагонӣ медод ва фазои фикри моро меполуд:

Ду раҳсозему раҳпаймо ману дарё, ману дарё, 
Ду ҳамроҳему ду танҳ, ману дарё, ману дарё. 
Зи як сарчашма меоем, як сарчашмаи кӯҳӣ, 
Ба поинҳо аз он боло ману дарё, ману дарё.

Устоди бешабоҳати ман вом зи Мавлоно дошт. Дар тинати дарёияш шӯри Рӯдакиву Ҳофиз буд. Ӯ қофиласолоре буд, ки имрӯзиёнро бо корвони муҳаббат то ниёкони бузург мебурд ва ба фардо раҳнамоӣ мекард. Ӯ ба гӯши ҷовидона сало ме-
зад:

Ало девони Ҳофиз, ҳофизам бошӣ зи ҳар марге, 
Ало девони Мавлоно, маро ту зинда хоҳӣ дошт.

Одамаконе ҳақир инкори комилонро бо таъбири Бедил нуқли маҷлис кардаанд. Шояд инон мехоҳанд, ҳастии ночизашонро бо инкори бузургон тасдиқ кунанд ва худашонро дар чашми худашон сафед созанд. Аммо лаҳзаҳову мардумони лаҳзагӣ мегузаранд, бузургӣ боз мемонад. Устод Лоиқ бо иродат ва хулуси фузуда исми ниёкон ва муъосирони арҷмандро ба забон меовард. Аммо навхостагону навпарон низ дар иҳотаи лутфи ӯ мезистанд. Вагарна ман кӣ будам, ки устод ҳамеша маро ҳамроҳаш ба маҳфилҳо барад, китобҳо ҳадя кунад, борҳо ба гуселам барояд ба фурудгоҳи Душанбе то ҳадде, ки бо ман дохили ҳавопаймо шавад, баъд таркам кунад. Меҳрмоҳи соли 1995 мо бо аҳли хонавода ба Душанбе рафтем ва чанд рӯз дар манзили устод Осимӣ зистем. Як шаб то нимашаб устод Лоиқ бо мо нишаст ва хеле сармасту шӯрида буд, аммо вақти рафтан гуфт: «Ман соати шаши субҳ меоям, шуморо ба фурудгоҳ мебарам».

Баъди рафтанаш мо бо устод Осимӣ хандидем, ки то субҳ се соати дигар ҳаст, Лоиқи сияҳмасти мо чӣ гуна бармегардад, бо ҳамин шоми дигар аз хоб мехезад. Аммо устод Лоиқ соати панҷуними субҳ, дар ҳоле, ки мо ҳанӯз нимхобу нимбедор будем, бо мошини писараш Диловарҷон омад, тару тозаю шодоб, гӯё ҳаргиз дар ҳоли мастиву ташаннуҷ набудааст. Чунон ҷиддиву сипоҳу бесухану пуршаҳомат, ки Озарахш гуфт:

 Устод, мо Лоиқи сармастро бештар дӯст медорем. - Воқеан Озарахш ба устод Лоиқ муҳаббати беҳудуд дошт. Дар ҷашни арӯсии мо устод Лоиқ зарфҳои булӯрй ҳадя овард, соқии маҷлис шуд ва гуфт: «Домоди азиз, дили булӯрии духтари маро эҳтиёт кун». Баъди чанд фурсат он домоди азиз ба писари устод Лоиқ табдил ёфт ва ҳамеша дар хидмати ӯ буд. Агар устод дар беморхона бошад, ҳамарӯза ба дидораш мерафт, агар дар манзили мо бошад, нозбардораш мешуд ва агар устод иҷоза диҳад, сабтҳоеву наворҳое аз ӯ мебардошт.
Устод Лоиқ хурдодмоҳи соли 1996 аз сафари Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ҳавопаймои Тошканд баргашт ва чандин рӯз дар Хуҷанд меҳмон шуд. Китоби тозааш «Дасти дуъои модар» дар чопхонаи Донишгоҳи Исфаҳон мунташир шуда буд ва ду нусхаи онро бо чунин хутуте ба мо ҳадя дошт: Ба писарам Озарахш, ба духтарам Фарзона аз мани ягона!
Оре, оре, Лоики ягонаи мо! Дигар Худованд тимсоли туро ба ин бузургиву фару шукӯҳ таҷдид нахоҳад кард. Ва дигар касе нахоҳад гуфт:

Кавдано! Баҳс баҳси Эрон нест, 
Баҳси ман аз табори хештан аст. 
Оташи порсии ту табхол, 
Оташи порсии ман Сухан аст!

Магар он кавданҳо, ки мегуфтанд, Тоҷикистон имрӯз шоир надорад, намедонистанд, ки бо гил намешавад офтобро андова кард? Касе агар мегӯяд, ки масалан, Бағдод ё Исфаҳон ё Хуҷанд дарё надорад, чанд бебасар бовар мекунанд. Аммо дарё дастафшон ба ин ҳарфҳои касиф бузургворона ба роҳи худ меравад, зеро медонад, ки буданаш ҳақиқати бетардид аст.
Баъди яке аз сафарҳояш ба Эрон устод Лоиқ гуфт: Рӯзе дар манзили донишманди эронӣ Алии Кофӣ маҳфили шеър доштем, ки Симини Беҳбаҳонӣ омад. Зани солхӯрдае буд қариб ҳафтодсола, бо чеҳраи шикаставу маҳзун ва як ғазал хонд -панҷоҳсола шуд, дигар ғазал хонд - сиюпанҷсола шуд ва сеюмашро хонд, ҳаждаҳсола гардид ва мо ҳама маҳву шефтаи ӯ мондем. Нерӯи рӯҳонии ин хонум чунон дар саропояш партав зада буд, ки ҳама дар иҳотаи ин зебоӣ гирифтор омаданд.
Чеҳраи устод ҳам нури азалӣ дошт, ки бо рабоиши бузургаш ҳамаро парвона мекард. Устод ба иморати зоҳир чандон мутаваҷҷеҳ набуд. Бо ҳавсала мӯяшро шона намезад, гиребони сапедашро оҳар намедод, гарданбандҳои муҷаллои нав ба нав намебаст, кафшашро лок намемолид. Дар сураташ андак парешонии қаландарона буд, ки худаш ҳам иқрор мекард:

Дар жанда даро як дам, то зшдадтон бинӣ, 
Атлас бадар андозӣ, ҳамжанда шавӣ бо мо. 
Чун дона шуд афканда, баррусту дарахте шуд, 
То рамзи чунин ёбӣ, афканда шавӣ бо мо.

Аммо устод медонист, ки бо ҳамин сару сурати таҳрирнаёфта ҳам, ки тимсоли бенамунаи зебоист, ҳамаро фатҳ мекунад. Магар он ҳама оростагону нозанинон, ки дар кӯю барзан бешуморанд, дилҳои соҳибназаронро таҳрик медиҳанд? Магар милиюн нафаря хушгилу барозандаро мешавад бо Лоиқи рустоӣ ба мизон гузошт?!
Дар як сӯҳбати родиюӣ нависандаи тозакор Темури Зулфиқор гуфта буд: «Худованд ба ин хотир инсонҳои азизи моро мебарад, ки ҳақиқати маргро бовар кунем ва худро ба рафтан омода созем. Рафтан он қадар мусибати бузург нест, вақте медонӣ, ки пайвандону меҳрубонони ту дар он олам нишастаанд ва муҳаббат ҳам он ҷост».

Рӯҳи устоди дилбанди ман ҳоло шояд бо рӯҳи Ҳофизу Мавлавӣ ҳампарвоз аст ё шояд дар кӯҳи Чилмеҳроб бо модари биҳиштияш сӯҳбат дорад. Шояд ҳанӯз дили нооромаш фарёди бефарёдрас мезанад ба гӯши қуфлбастаи мо. Ай устоди дарёии ман! Чӣ шабҳои нозанине буд, ки ту фарёд мезадӣ: Модар! Модар! Ва ба ёди он илоҳаи якто мегиристӣ. Як лаҳза пас рӯи ҳавлӣ рақс мекардӣ ва зиндагиро шукр мегузордӣ. Як шаб таҳи дарахти себ менишастӣ , ки ба сарат як себ афтод, гуфтӣ:

- Ҳамин тавр як рӯз марг маро ғофил мегузорад ва ба сарам меояд. Баъд ҳамаи дардҳои маро, дардҳои ин мардуми бетолеъро кӣ мегӯяд? Паёмҳои маро кӣ ба ояндагон мерасонад? Шумо, ҷавонон, фардо садои маро ба гуши мардум расонед.

Устоди беҳамтои ман! Касе дӯшбори Лоиқро нахоҳад бардошт ба ҷуз шеърҳои таҳамтанаш. Охир, шонаҳои нозуки мо мешиканад. Ту бори тамоми офоқ, бори замину замон, бори афроду башарро дар тааҳҳуд доштӣ. Коре, ки мо мекунем, муҳаббати туро ба фардо бурдан аст, эй таронаи зебои абадият, эй дарёи раҳмат, эй кӯҳи побарҷо, эй шаҳиди худнисори миллат, эй ҳамосаи ишқи меҳан, эй донои розу ормонҳои мо, аё бузургу фанонопазири мо! Магар сӯги дили ман поён дорад, эй миллати бепир?! Ту истиқболу гусели бузургонро чӣ медонӣ? Магар хабарат ҳаст, ки Лоиқи якто рафт? Осмон хабар дорад, ки буғзе дар гулӯ хомӯш аст. Офтоб хабар дорад, ки он офтоби саъодатпартави мо рафт. Замин хабар дорад, ки бе муҳаббати Лоиқ ятим мондааст. Тамоми аҷзои ҷаҳон хабар доранд, эй миллати фарзандбохта! Ту ҳам хабар дорӣ? Туе, ки номи азизат дар лаб он ягона рафт. Мешунавӣ?!

Баъди мурдан ҳам даруни гӯри тар ишки маро 
Хок медонад. Биё, бар хокдони ман биё!

Соли 2000

 

 

ФАРЗОНА, Шоираи халқии Тоҷикистон
(Аз китоби Дарёи сўзон.
Душанбе: Адиб, 2014.)

Барчаспҳо: