Баҳор омад наомад Лоиқи мо... Лоиқ аз нигоҳи Гулрухсор
Суҳбати зер бо бону Гулрухсор, ёдест аз Лоиқ. Бузургворе, ки бе номаш наметавон шеъри ним асри ахири тоҷикро таҳлил кард. Касе мисли Гулрухсор наметавонад Лоиқро барои ин миллат аз шеъраш, аз хулқу рафтори наҷибонааш, аз инсонияташ, аз ҷавонмардиву садоқаташ шиносонад. Лоиқ инсоне буд, ки ҳар ҳарфаш омўзанда аст. Гумон аст шеъри каси дигар ба ҳадди маъруфияти шеъри Лоиқ ҳаддақал барои як асри оянда миёни хонандагон маъруф бимонад.
- Вохурии аввалинатонро бо Лоиқ ёд доред?
- То аввалин вохўрӣ чизе дар бораи Лоиқ намедонистам. Як бегоҳ дар телевизори сиёҳу сафеди аммаи шаҳриам, ки бо падарам дар таътил ба аёдаташ омада будем, маҳфили шеъри Ҳабибулло Файзуллоро дидам, ки бароям хеле аҷиб буд. Дар маҳфил дигар шоирони ҷавон низ шеър хонданд, ки номашон дар ёд намондааст. Аммо шоире, ки баъдан фаҳмидам, ки пешоҳанги суханварони навовари насли хеш будааст, дар байнашон набуд. Лоиқро дар назар дорам.
Вақте донишҷў шудам, пахтачинӣ рафтем. Сармо хўрда бемор шудам. Устоди меҳрубон, Мансур Бобохонов (рўҳашон шод бод!), ки декани факулта буданд, маро ба бемористоне оварданд, ки дар бари хобгоҳи мо, дар кўчаи Айнӣ воқеъ буд. Рўзи дигар навбатдор маро даъват кард:
- Сафиева, на выход!
"Кӣ омадааст?" - пурсидам ман, ки касеро интизор набудам.
- Шералиев, - ҷавоб дод духтур...
Ҳайрон шудам, зеро чунин хеш ё шинос надоштам.
- Салом. Ту Гулрухсорӣ? - маро дида суол кард меҳмони ношинос.
- Гулрухсорам, аммо ту кистӣ?
- Лоиқ Шералӣ! - даст дода гуфт ў, - Шунидам беморӣ, хабаргирит омадам.
- Шамол хўрдаам, - гуфтам дар ҷавоб.
- Дигар шамол нахўр, мева хўр! - гуфт дастовези пур аз меваро чун шиноси дерина ба дастам дода.
Он замон ман намедонистам, ки Лоиқ Шералӣ кист, дар бемористон низ ўро намешинохтанд, аксар духтурону кормандон рус ё русзабон буданд.
Ин аввалин мулоқоти мо буд. Ҳанўз чеҳраи Лоиқ, чеҳраи шоир, чеҳрае, ки танҳо дар як акси камёфташ боқӣ мондааст, дар чашми хотираам боқист.
Дуввумин мулоқоти мо, хушбахтона, зуд фаро расид. Кумитаи марказии комсомол гурўҳи эҷодие ташкил кард, аз ҷумлаи аҳли илму адабу фарҳанг, барои мулоқот бо деҳқонони тоҷик, ки соли сахту сардеро пеширў доштанд.
Гурўҳи эҷодии мо ба мулоқоти деҳқонони ноҳияи Шаҳритус сафарбар шуд. Сархели гурўҳ ба қавли ин ҷониб, ду Шералиев буданд, Лоиқ ва Мастон. Тарона мехонданд, латифа мегуфтанд, месуруданд, шеър мехонданд, шеъри худу бузургонро.
Аз он замон, то дами аз дунё рафтани Лоиқу Мастон, ки мутаассифона, хеле барвақт фавтиданд, бо ҳам дўстони меҳрубону қадрдон будем, дар аксар маҳфилҳову сафарҳои эҷодии дохиливу хориҷӣ бо ҳам ширкат доштем. Баъдан Мастон Шералӣ, ки яке аз беҳтарин шоири насли хеш буду ҳаст, муҳаррири чандин китобҳои ман шуд.
Минбаъд ману Лоиқ зиёд вомехўрдем, ҳарчанд тафовути синнусол доштем, ин фосила эҳсос намешуд. Ба ҳамдигар "ту" гуфта муроҷиат мекардем.
- Мегўед дар ибтидо ҳамдигарро намешинохтед, вале Лоиқ ба аёдати шумо ба бемористон омадааст. Ин ҷо чӣ иртибот буда метавонад, ки шахсе ношиносеро диданӣ ояд?
- Ба аёдати як донишҷўи ношинос бо дастовез ба бемористон омадани Лоиқи машҳурро намедонам. Он гоҳ шеърҳоям дар рўзномаву маҷалаҳо чоп мешуд, шояд барои дидани Гулрухсори шеърнавис омад. Шояд барои дидани духтараки интернатие, ки дараҳову пайраҳаҳои зиёди деҳаи дурдасти кўҳистонро паси сар гузошта, ба шаҳр омада, на танҳо донишҷўй, балки шеъргўй низ ҳаст, омада буд.
- Дар бораи иртиботи давраи ҷавонӣ, ширкат дар маҳфилҳо ва дигар равобити дўстона чӣ хотироте доред?
- Дар аксар маҳфилҳои шеър ширкат мекардем. Шеърҳои навамонро барои якдигар мехондем. Гоҳе ду нафар ба минбар мебаромадем ва рубоиву дубайтиҳои мардумиро мехондем. Лоиқ бештар дубайтӣ мехонд, ман - рубоӣ. Мегўянд, вақте Лоиқ чашм аз ҷаҳон пўшид, рубоиву дубайтихонии наврўзии моро дар телевизиони Панҷакент намоиш медоданд,
Аз маҳфилҳои дукасаамон хотираҳои хубе дорам. Ёд дорам, бори нахуст бо ташаббуси Бунёди Фарҳанги Тоҷикистон, ки ин ҷониб раисияшро ба ўҳда дошт, ҷашни Меҳргон таҷлил гардид. Онҳое, ки ин ҷашнгириро ёд доранд, медонанд чӣ ҷашне буду чӣ ифтихори миллие. Ману Лоиқ барандагони ин ҷашн будем. Бори аввал Лоиқро чунин ҳаяҷонзада медидам.
- Тамоми шаб хобам набурд, дар назди ин қадар халқ сухан гуфтан, маҳфилро гарм кардан ба Худо заҳмати камаршикан аст! - гуфт Лоиқ сигори дигаррашро дар дода.
- Маро ҳам хоб набурд, хоб набурде! - гуфтам ман бо оҳу воҳ. - То пагоҳӣ фикр кардам, ки чӣ пўшам.
Ҳич гоҳ чунин баланд хандидани Лоиқро нашунида будам...
"Ба рафтору гуфтори нодуруст тунд аксуламал нишон медод..."
- Лоиқ чӣ гуна инсон буд?
- Ба номаш сазовор. Шахсияти барҷаста, самимӣ, бобақо, дўсти қадрдон, Шоирро шахсияташ шоир мекунад. Заминиву самимӣ буд. тамаъ, хушомад, чоплўсӣ, дурўғу бўҳтонбофӣ, ғаразу кина дар вуҷудаш набуд.
Деҳотӣ буд, аммо бо роҳу равиши пур аз фазилату маънӣ. Ин ҷо сигор кашидану кўлоҳ пўшидан дар назар нест. Лоиқ худашро таъриф намекард, фурўтану хоксор буд, беҷо вожаи "устод"-ро ба кор намебурд, ба устодони воқеӣ самимона арҷ мегузошт.
Ҳарфи дурўғро дўст намедошт. Як худнамоии ҷавонӣ дошт, махсусан дар ҳузури духтарони ҷавону нозанин, ки ба худаш мезебид. Бисту чаҳор соат шоир буд.
- Миёни шумо баҳсҳо, эрод гирифтан ба ашъори якдигар сурат мегирифт?
- Лоиқ шоири баркамол буд, ман шогирди донишгоҳ. Ў бераҳмона эрод мегирифт, ман сарсахтона эътироз мекардам. Аммо баҳсу талоши эҷодии мо беғаразу самимона буд.
Ёд дорам, аввалин баҳси мо замони донишҷўии ман буд. Лоиқ аллакай шоири шинохта буду силсилаи "Модарнома"-аш сари забонҳо. Дар радиову телевизион пайваста ин силсила садо медод. Худаш аз ҳама беҳтар мехонд. Дар яке аз маҳфилҳо Лоиқ дар сафи дигар навқаламоне, ки мавзўъи худро надоранду гуфтаи дигаронро такрор мекунанд, маро низ ном бурд, аммо бидуни мисоли мушаххас, ки ба ман нафорид, зеро дигаронро бо мисол танқид кард, маро ба қавли маъруф ҳавоӣ.
Аз минбар посухи эродашро додам. Ба Лоиқ гуфтам, бояд дар ин саф худатро низ ном мебурдӣ, зеро шеъри "Ватан сар мешавад аз гаҳвора",- и ту аз шоири маъруфи рус фалонист. Дар исботи эродам чанд мисраъ аз он шеър хонда, гуфтам:
- Минбаъд бо мисол танқид кун!
- Ҳолӣ ист! - гуфт Лоиқ дар танафус.
- Ана истодам! - ҷавоб додам ман.
Ҳарду баробар хандидем. Мо баҳси сўзанда надоштем, баҳси шеър доштем, яке аз дигаре меомўхт.
Пас аз чоп шудани як шеърам маро Кумитаи марказӣ даъват карданд. Хонуме, ки ба ман эрод гирифт, медонистам, ки суханони худашро намегўяд, зеро як мисраъ бо забони тоҷикӣ намедонист.
- Наход дар дунёи советии мо ягон шодӣ намонда бошад, ки шумо навиштед:
Кулбаи шодӣ дар ин олам чу чашми сўзан аст,
Сарҳади ғам кишвари беқуфлу бедарвоза аст.
Душманамро дўст кардам, дустон душман шуданд,
Қаҳқаҳи ман баҳри ин мотам фиғони тоза аст...
- Шояд дунёи шумо аз чашми сўзан калонтар бошад, аммо дунёи ман ба назарам чун чашми сўзан аст, гуфтам дар ҷавоб.
Дар он даврон эроди сиёсӣ аз ҳукм камтар набуд. Дере нагузашта ин шеърро аз минбари анҷумани нависандагон (таърихашро ёд надорам) Лоиқ ҳам танқид кард, аз ҷумла;
Худбахуд хандаву бигириста ово кунам,
Дар таги ин осмон ман аз хато афтодаам!
- Аз Гулрухсор пурсиданиям, ки ў дар таги кадом осмон афтодан мехост? - танқидашро бо суол ҷамъбаст кард дўсти шоирам.
Адиби машҳури рус Александр Боршаговский, ки меҳмони анҷумани адибони тоҷик буд ва гурўҳи адибони иттиҳодияи нависандагони шўравиро раисӣ мекард, маърўзаҳоро бо диққат ба воситаи тарҷума мешунид. Вақте ки ин адиби шинохтаву зиндагидида ба минбар баромад, ҳеч гумон надоштам, ки сўҳбаташро аз ҷонибдории шеъри ман оғоз мекунад. Воқеан ин ҷонибдории намояндаи марказ хеле бамаврид буд.
Дар танафус Лоиқ , ки барои ҳардуямон чой меовард, гуфтам:
- Ҳолӣ ист!
- Ана истодам, - гуфт хандида.
Ба шеъри "Дар назди ойина"- ам низ Лоиқ эрод дошт, аз ҷумла:
...Чашмҳои ман пур аз афсонаанд,
Мардумони ман маро бегонаанд,
Мегурезам аз нигоҳи хештан…
Лоиқ аз минбаре гуфт;
- Чӣ гуна ҳама мардуми мо барои Гулрухсор бегона будаанд? - суол кард боре дар кадом маҳфиле.
- Гулрухсор "мардумаки чашмро дар назар дорад", посух додам аз толор...
Лоиқ дар баҳогузорӣ ва сухангӯӣ бодиву саҳлангор набуд, аммо чанд бор, ки аз шеъри ман эрод гирифт, муваффақ нашуд. Шояд зери таъсири лаҳзагии баъзе ёвагўйҳои беҳунар, ки дар ҳама давру замон бешумору бебарору харобкоранд ва ба эҷодиёт ва шахсияти худи Лоиқ низ ҳусни маънӣ набахшидаанд, қарор дошта буд.
Кинагир, беинсоф набуд, аз комёбии дигарон хушҳол мешуд. Вақте сармуҳаррири маҷаллаи Садои Шарқ буд, романи "Занони Сабзбаҳор" ва достони "Мотами сафед"-ро ба қавли маъруф " бенавбат" чоп кард. Фарзандонамон Ромишу Азиз дар як рўз ба дунё омадаанд. 3-уми март, дар зодрўзашон ҳамроҳ ба сайри дараи Варзоб мерафтем. Шеъри " Эй баҳори бе Лоиқ!.." ёди маҳзунест, аз он рўзҳои бебозгашт.
Хеле дилсафеду дилпок буд. Мегуфт, беҳтарин дўсти ман ин Парӣ аст. Маро Парӣ мегуфт. Зебуннисо ҳанўз маро Парӣ меномад.
- Лоиқро ҳам танқид мекарданд?
- Аз дигар ҳамқаламон камтар танқид мешунид. Вақте шахсиятро дўст медоранд, ҷурмашро намекобанд, камбудияшро ба ҷойи ҳусн мебинанд, Лоиқ маҳбуб буду ҳаст.
Зиёд мутолиа мекард. Нусхаҳои қаламиро меҷўст, пайваста луғат меомўхт. Ба рафтору гуфтори нодуруст тунд аксуламал нишон медод. Чандин шоиртарошони беҳунарро байни ҳама сахт ранҷонда буд, ки то дами охир истеъдоди модарзодии Лоиқро набахшиданд.
"Зебуннисо намебуд, шояд Лоиқ аз даст мерафт..."
- Мегўянд инсонро бештар дар сафар мешиносанд. Шумо дар сафарҳои дур ҳам бо ҳам будед. Чӣ хотироте аз он сафарҳо доред?
- Донишгоҳро хатм карда, ба фестивали шеъри ҷавонони Иттиҳоди Шўравӣ ба Украина, ба шаҳри Николаев роҳхат гирифтам. Дар фестивали умумиҷаҳонии шеър Лоиқ ва инҷониб намояндаи Тоҷикистон будем. Алҳақ, одамро шинохтан хоҳӣ бо ў сафар бикун. Сафари хубе буд, хоса барои мани донишҷў хотирмону омўзанда. Бо ҳамдигар хеле унс гирфтем, ҳангоми ба поён расидани сафар ғамгин шудем. Дар фурудгоҳи Душанбе ба Лоиқ пайғоми писардор шуданашро расонданд. Ин аввалин фарзанди Лоиқ буд.
Сафари тўлонии дигаре доштем ба Афғонистон ва Ҳиндустон. Лоиқ ҳамсафари хуб буд.
- Ҳамсари устод Лоиқ ба шумо рашк намекард?
- Ба ман не, зеро бо дили занонааш хуб дарк мекард, кӣ рақибаш кӣ ҳасту дўсташ кӣ. Баръакс онҳое, ки Лоиқи шоирро дўст медоштанд, ба Зебуннисо рашк мекарданд. Ҳамсари Лоиқ бонуи бомаърифатест. Кӣ будани Лоиқро хеле хуб медонист, қадр мекард, хонаи бахташонро бо заҳмат месохт. Беҳуда Лоиқ нагуфтааст:
Гар равад зери замин ё ба фалак хайма занад,
Ҳар куҷо марди бузургест гирифтори зан аст...
Аз шонаҳои нозуки занаш шоири мо такягоҳи беҳтаре надошт! Зебуннисо намебуд, шояд Лоиқ аз даст мерафт.
- Бо Зебуннисо кай ва чӣ гуна шинос шудед?
- Дар яке аз сафарҳоямон ба Панҷакент бо ў шинос шудам. Баҳор буд, айёми пўхтани гелос. Дар боғи сабзу пурсамаре, ки баъд фаҳмидам, боғи падарии Зебуннисо будааст, ман болои дарахт баромадам, Лоиқ коса медошту ман гелос мечидам. Аз дарахт серу хушҳол фаромада, таги гелос бонуи зебоеро дидам.
- Шинос шав, Парӣ, ҳамсари ман Зебуннисо.
Зебуннисои арўс ба ҷойи рашку пархош косаи гелосро аз дасти ман гирифт ва моро ба сари дастархон даъват кард.
Зебуннисо гўиё пеш аз сабру таҳаммул ба дунё омадааст. Ҳамсараш, модари фарзандонаш якумр такягоҳи шоир буд. Ман якумр ба сабру тоқату ишқи ду зани занон, ки сутуни хонадони шавҳарони боистеъдоди хеш гаштаанд ва пеши роҳи эшонро бо меҳри худ равшан кардаанд, ба София Қодирова (руҳаш шод бод!), ҳамсари дўсти шодравонам Ҳабибулло Файзулло ва Зебуннисо Қутбидинова ҳамсари Лоиқи зиндаёд сари таъзим фуруд меорам.
Зебуннисо сабр кард, бурд кард. Зеро ўро дўст медошт ва хуб медонист, ки Лоиқи шоирро дигар карда намешавад. Барояш Лоиқи дигар даркор набуд!
Оре, сабр кард, бурд кард. Яке аз охирин ва самимитарин шеъри Лоиқ "Дидор дар қиёмат ...!" маҳз ба ҳамсари вафодораш бахшида шудааст.
"Лоиқ пулдор набуд, аммо саховатманду дасткушод буд..."
- Ҳатман, ки устод аз замони кўдакиашон ба дўсти наздикаш қиссаҳое карда. Мешавад, ки чизеро аз он нақлҳо ёд кунед?
- Оре, нақл мекард, гоҳ-гоҳе, нақли пурсўз, аз бачагии азиятдидаву машаққаткашида. Ашъори саршори муҳаббату эҳсоси шоир ҳама хонданист, аммо шеъри "Бачагӣ" ва "Кафандўзи дилам нест..." бароям хеле азизанд. "Бачагӣ"-и Лоиқ, як шеъри кўтоҳест баробари як қисса, аз ҳаёти як навраси хеле барвақт аз мўшти бераҳмонаи рўзгор ба балоғат расида. Ин шеърро бе оби дида хондаву шунида наметавонам. Шеъри "Кафандўзи дилам нест...", ки Афзалшоҳи ҳунарманд хеле хуб оҳанги гиряашро ёфтааст, низ як қиссаи фоҷиаи инсонист. Фоҷиаи инсоне, ки таваллуд шудааст, то ки бимирад, омадааст, то ки биравад…
- Аз чопи китоби ҳамдигар чӣ гуна истиқбол мекардед?
- Чопи ҳар китоб бароямон хурсандибахш буд. Аз чопи китоби ҳамдигар шод мешудем. Ҳаққи қалами хуб мегирифтем. Ними ҳаққи қалам дар "китобшўйӣ" харҷ мешуд. Лоиқ пулдор набуд, аммо саховатманду дасткушод буд.
Ҳар китоби навашро бо соядаст, бо байте, дубайтӣ ё рубоӣ ба ман ҳадия мекард. Дар китоби "Варақи санг" - аш аз ў чунин ёдгорие дорам:
Қарзам зи ту ин аст, ки пас аз "Варақи санг",
Дар васфи ту гўям ғазале дар варақи гул!
- Замоне маҷаллаи машҳури Иттиҳоди шўравӣ "Огонёк", дар бораи Тоҷикистон мақолаи айбдоркунандае чоп карда, аз ҷумла Лоиқро низ танқид кард, ки бенавбат хона гирифтааст. Чӣ таъсире он мақола дар рўҳияи шоир гузошт?
- Албатта, чопи он мақола барои Лоиқи сарбаланд бетаъсир намонд. Оне, ки шоистаи таърифу тавсиф буд, аз ин бархўрди ноодилона хеле ранҷидахотир гашт.
Ба шоире, ки обрўи кишвар асту падари панҷ фарзанд оқибат дар қатори дигарон як манзили бетонӣ дода, онро ҳам миннат карданд.
- Ёд дорем, ки боре номзадии Лоиқ ба Раисии Иттифоқи нависандагон пешниҳод шуд, вале овоз нагирифт. Ҳадаф аз пешниҳод кардану шикаст додан чӣ буд?
- Солҳои пеш вобаста ба эҷодиёт, маҳбубият ва ному нишони арзандаашон ба ташкилотҳои илмиву эдодиву фарҳангӣ роҳбар интихоб мекарданд. Ёд бод он рўзгорон, ёд бод!
Дар анҷумане, ки шумо ёдрас кардед, онҳое, ки барои расидан ба курсии раиси иттифоқи нависндагон рақобат мекарданд, бояд ашхоси маъруфу маҳбуб, шоиставу арзанда бошанд ва аз рақобати солим фосила нагиранд. Яке аз чунин номзадҳо Лоиқ буд.
Номзадиашро гузошт. Лоиқ маҳалчӣ набуд, дар тинати ў ҳисси маҳалгароӣ ҷо надошт. Аммо саҳми хеле "фаъолона"- и онҳое, ки худро мухлисони сарсупурдаву шогирдони бовафои Лоиқ муаррифӣ мекарданд ва ҳоло ҳам мекунанд, боиси нокомии ў шуд. Дар пешбарии номзадии Лоиқ чун ҳамеша онҳое пешоҳанг шуданд, ки имрўз ҳам сари ҳоланд ва дар ҳар маврид ҳар амали ноҷавонмардонаро зидди шахсиятҳои арзанда анҷом медиҳанд.
Дар он анҷуман, ки пешвоёни вақт хостанд ба нафъи худ созмон бидиҳанд ва то ҷое муваффақ низ шуданд, беҳтарин ҷавонони эҷодкори мо, аз ҷумла Баҳманёр, Фарзона, Сайф Раҳим ва амсолашон низ ноком монданд.
Баъди коре, ки бо Лоиқ карданд, дилмонда шудам. Ба ҷойи ў каси сазовортар интихоб мешуд, шояд аламовар набуд.
- Чӣ шуморо бештар ба ҳам меовард? Кадом хислатҳои Лоиқ дўстии миёни шуморо қавӣ нигоҳ медошт?
- Лоиқ аз дурўғу тамаъ, таърифу тавсифҳои бепоя, хушомадгўӣ ва ҳазёнгўиҳои дилбазан мегурехт... Андешаманд буд, андешаашро ба дигарон таҳмил намекард, зуд аз гапаш намегашт. Суханро рўйрост, бепарда, гоҳе талху дардовард мегуфт. Хато кунад узр мепурсид.
Ҳасудакони зиёд дошт, бархе беҳунариву нокомии хешро аз ў медиданд. Боре дар омади гап нақл кард, ки як ҳамшаҳрияш, номашро низ гуфт, дар ҳама ҷо мегўяд, ки агар ҳамин Лоиқи бахилу ҳасуд намебуд, имрўз ў Лоиқ мешуд. Ман низ чанд қиссаи ба ҳамин монанд нақл кардам,ў хандида гуфт:
- Ба қавли худат; "Рақиби ман илоҳо зинда бошӣ, ки умри ман надорад бе ту маъно!.."
- Дар шеърҳои Лоиқ воқеан тамаллуқ ҳис намешавад ва бахусус шеърҳои охири устод хеле бараҳнаву ростанд. Аммо ҳастанд касоне, ки мегўянд, Лоиқ хушомад ҳам гуфтааст, ҳарчанд мо дар шеъҳои ў инро надидем.
- Лоиқ касеро таърифу тавсиф накардааст, хушомад назадааст. Ман ҳам шунидам, ки мегуфтанд, аз паси фалонӣ рафтааст ва фалониро ситоиш кардааст. Бахусус, солҳои охири ҳаёташ, ки як зиндагии мушкиле дошт.
Лоиқ фаҳмида буд, ки "моро бо дасти мо задан оини сарварҳои мост." Лоиқ тани танҳо монд. Касоне, ки даст ба сиёсат задаву худро сиёсатмадор эълон карданд, ҳокимият мехостанд, вале мо чизе намехостем, на ман, на Лоиқ ва на дигар рушанфикрон аз аҳли фарҳанг. Ҳоло мегўянд, ки Лоиқ чунин карду чунон. Лоиқ ҳич кор накардааст. Ҳар коре карданд, бо Лоиқ карданд. 18 сол аст, ки вафот кардааст, вале дар ёдҳо зинда аст. Ва ман фикр мекунам мо то ҳол эҳтироми Лоиқро ба ҷо наёвардем. Лоиқу Лоиқҳои дигарро ҳам.
Духтури дил Соҳибназар Раҳмонов 10 - 12 соат садои дили Лоиқа сабт кардааст. Садои дили бемори шоирро.
"Ба ҷойи худу Лоиқ ман маҷлисро тарк кардам..."
- Шунидем дар ҷашни 70 -солагии Лоиқ шумо ширкат надоштед. Дар сафар будед?
- Он рўз яке аз аввалинҳо будам, ки ба толори театри Лоҳутӣ ворид шудам. Аммо бароям сахт аламовар буд, ки дар ҷашни 70-солагии Лоиқ устодаш Муъмин Қаноат, ки худ низ зодрўз дошт, дар толор менишаст, аммо бархе, ки аз рўйи вазифа ё масъулият ширкат доштанд, аз баландии раёсати ҷашни шоири миллат толорро беҳавсала назора мекарданд. Чунин рафтор нисбат ба шахсият мумкин нест. Лоиқ зинда мебуд, бешак маҷлисро тарк мекард. Ба ҷойи худу Лоиқ ман маҷлисро тарк кардам.
- Имрўз мешунавем, ки фалониву фалониҳо худро дўсту шогирди Лоиқ муаррифӣ мекунанд, китобҳои зиёде ҳам навиштаанд, дар ин масъала шумо чӣ андеша доред?
- Русҳо мақоле доранд, "бигўй, дўстат кист, то бигўям, ки худи ту кистӣ!"
Лутф мекунанд баъзеҳо, ки Лоиқро шогирди худ ном намебаранд. Ҳар кас дўст ё шогирди инсони нотакроре чун Лоиқ буда наметавонад. Дар пиёлае чой рехта ба Лоиқ додан, чунин маъно надорад, ки ту ҳамнишин ё ҳампояи ў будиву ҳастӣ.
Лоиқ ҳар касро шогирди худ намеҳисобид. Ошкор мегуфт, ки рав, кори худата кун. Аз ҳич кас тарсу бим надошт. Шоҳидон нақл карданд, ки дар рўзҳои мотами миллӣ камондори бовиқоре Лоиқро ба наврўзӣ даъват карда, базми тараб оростааст, ба маънии мурдаро монда, тутхўрӣ. Ин шодии хунолуд Лоиқро сахт ошуфта кардааст, ки фарёд бардошта аст:
- Туе, ки мехоҳӣ ин миллатро бикушӣ, биё, аввал маро бикуш.
Оне, ки шоири бесилоҳ ба куштани миллат айбдораш кардааст, метавонист бо як тир шоири миллатро низ аз байн бибарад.
Рўзе, ки ҳамон камондори бовиқор сар ба пойи аъмоли худ гузошт, дар иттифоқи нависандагон бо ҳамдастии Созмони Миллали Муттаҳид Фарҳангистони шеъри ҷаҳон маҳфили ваҳдат дошт бо номи "Замзамаи сулҳ, таронаи ваҳдат!..." Лоиқ низ бояд дар ин ҳамоиш шеър мехонд, аммо дер кард. Сабаби дер карданаш ин буд, ки ў дар ҷанозаи ҳамон камондори бовиқор суханронӣ карда, ўро ба роҳи охират гусел кардааст.
- Баъд аз ҳама он таҳқиру озори наврўзӣ ту ба ҷанозаи ў рафтӣ? - пурсиданд ӯро.
- Дар зиндагӣ солҳо ҷўраам буд, имрўз аз мурдааш бигрезам? - гуфт ғамгинона.
Лоиқ мард буд. Вақте ки сарбозони Фронти халқӣ барои бурдани ман ба хонаам омаданд, дар ин лаҳзаи мудҳиш ду кас ба ман занг заданд, яке Лоиқ буду дигаре Ойниҳол Бобоназарова.
- Парӣ, ман биём? - гуфт Лоиқ, ки ҷони худаш низ дар сари ангўшти аҷал буд.
- Ман биём? - гуфт ў. Суоли зиёду беҷо надод, напурсид, ки туро кӣ ба куҷо мебарад.
- Ман биёям? - гуфта пурсид ва аз ин суоли кўтоҳ ман бори аввал ба таги даҳшати фоҷиаи худ расидам. Бисёр лаҳзаи ҳассос буд. "Ман биёям"-и Лоиқ, маънии агар бикушанд, ҳардуямонро бикушанд"-ро дошт.
Гуфтам, ту дону Худо, Лоиқ, ҳолӣ наё, ман худам меём. Гуфт: "Куҷо"? Гуфтам: "Ба хонаат".
Он лаҳзаро зинҳор аз ёд нахоҳам бурд.
Ҳамин гуна мардонагиҳо дошт Лоиқ. Ба кўдак, модар, зан, бонувон..., муносибати хоса дошт, эҳтироми ҳар кадомро ба ҷо меовард.
Як сол пас аз даргузашташ барои таҷлили шастсолагии Лоиқ ба Панҷакент рафтем. Дар бозгашт, дар ноҳияи Айнӣ меҳмони шоиру рўзноманигор Субҳони Туйғун (руҳаш шод бод!) будем. Мизбон бо алам нақл кард, ки чанд сол пеш устод Лоиқ дар ҳамин кат менишаст. Ман пурсидам, ки Гулрухсор ҳоло куҷо бошад? Лоиқ аз ҷояш бархосту гуфт:
- Чаро ба захми дили ман намак мепошед? Чаро инро аз ман мепурсед? Бояд Гулрухсор ин ҷо бо мо менишаст.
Лоиқ инро гуфту таом нахўрда рафт.
"Баҳор омад наомад Лоиқи мо..."
- Замоне, ки шумо дар Тоҷикистон набудед, Лоиқро медидед?
- Муддати хеле тўлонӣ ўро надидам. Мулоқотҳо хеле кутоҳ ва тасодуфӣ буд, дар маҳфилҳои адабӣ берун аз хоки кишвар. Охирин ҳарфаш, ки дар гўши ҳушам мондааст, ки аз телефон гуфта буд: "Парӣ, ман биём"?
- Рўзи ҷанозааш ҳузур доштед?
- Дар сафар будам. Хостам биём, лекин ҳавопаймо ҳафтае ҳамагӣ се маротиба парвоз мекард. Вақте шунидам, ки ба кома афтидааст, факс равон кардам. Умедвор будам, ки Лоиқ мебарояд, чун пештар ҳам ин гуна ҳодисаҳо рух дода буд. Аммо ҳеч боварӣ надоштам, ки ин қадар зуд моро тарк мекунад.
- Аз охирин дидорбинӣ чӣ дар ёд доред?
- Бори охир дар ҷашни 60-солагии вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд вохўрдем. Дилшикаста буду аз оламу одам дилмонда. Пас аз як моҳ аз олам даргузашт. Ҳамагӣ 59 сол умр дид. Охирин китобаш акси садои охирин дарду аламаш, охирин суханаш буд, аз фоҷиаи милли мо.
Ҷойи Лоиқ ҳамеша, дар чаҳор фасли сол холист, аммо фасли баҳор набудани ин шоири ҳамеша ошиқу зебопараст бештар эҳсос мешавад;
Баҳор омад наомад Лоиқи мо,
Наомад шоири мо, ошиқи мо,
Парешонем чун барги хазонрез,
Чӣ кардӣ ҷамъи моро, Холиқи мо?!
Суҳбати Бобоҷони Шафе