Китоби нависандаи маъруфти тоҷик Темур Зулфиқоров “Бозгашти Хоҷа Насриддин” муаррифӣ шуд

Дар ҳошияи нишасти сарварони китобхонаҳои миллии кишварҳои узви СҲИ романи нависандаи маъруфи тоҷик Темур Зулфиқоров бо ҳузури муаллиф ва тарҷумон муаррифӣ шуд.

Муҳаммад Маҳдии Мазоҳирӣ, Раиси муассисаи фарҳангии ЭКО дар сарсуханаш бо номи “Маънии баланд фаҳми тунд мехоҳад” менависад: “Табъу нашри китоб ҳам яке аз фаъолиятҳои муассисаи фарҳангии ЭКО аст, ки дар авлавияти аҳдофи мо қарор гирифтааст. Китоби “Бозгашти Хоҷа Насриддин”, ки ҳамакнун дар ихтиёри алоқамандон қарор гирифтааст, ба қалами яке аз нависандагони тавонои минтақаи ЭКО тааллуқ дорад, ки осораш бо шуморагони зиёд ва бо забонҳои дигар тарҷума ва нашр шудааст аст. Ҳеч чиз монанди сухан мондагор нест ва арзиши смухани воло дар ҳеч замоне коҳиш наёфта ва нахоҳад ёфт”.

Неъматуллоҳ Имомзода, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон низ ба суханони муқаддамотие роҷеъ ба нақши фарҳанг дар равобити кишварҳо ва маъруфияту ҷойгоҳи Темур Зулфиқоров дар адабиёти тоҷик ва минтақа навиштааст: “Он чи Зулфиқоровро дар миёни доираҳои адабӣ ба унвони нависандаи халлоқ ва навпардоз матраҳ намуд, румонҳои ӯ аз зиндагӣ ва осори Хоҷа Насриддин, Умари Хайём, Иван Грозний, Александр Пушкин, Камолиддин Беҳзод ва дигар шахсиятҳо буд, ки бо сабки вижа нигошта шудааст”.

Сафири Тоҷикистон дар Эрон дар идома менависад, ки “дар ин асар зулм ва бедоди ҳокимони ҷоҳил, ки омили аслии харобии кишвар, бенавоӣ ва бечораҳолии мардум шудаанд, ба сурати истиораҳои бадеӣ шево ба тасвир кашида шудаанд. Аз нигоҳи муаллиф зулми ҳокимон на танҳо вазъи мардум ва ҷомеаро бад ва ногувор мекунад,  балки ба олами ҳайвонот ва наботот ва умуман табиат ва муҳити зист ҳам асари манфӣ боқӣ мегузорад, ки инро мо метавонем аз лобалои асар мушоҳида намоем”.

Романи “Бозгашти Хоҷа Насриддин” дар тарҷумаи Шоҳмансури Шоҳмирзо, вироиши Рустам Ваҳҳоб дар Теҳрон ба теъдоди 1000 нусха чоп шудааст.

Маврид ба ёдоварист, ки дар ҳамин нишаст китоби дигаре ҳам бо номи “Як байти парниён” ки маҷмуъи мақолоти донишмандони тоҷик дар бораи ҳаёт ва фаъолияти устод Рӯдакиро дар бар мегирад, низ муаррифӣ шуд.

Суратгир Хусрави Милод

Барчаспҳо: