Нимаи дуюми имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи сеюми Кумитаи байналмилалии ҳидояткунандаи Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 баргузор гардид. Мухбири АМИТ «Ховар» аз меҳмонхонаи «Сирена» иттилоъ дод, ки дар ҷаласаи мазкур Вазири корҳои хориҷии мамлакат Сироҷиддин Мӯҳриддин, муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Лю Чженмин, сармутахассиси Бонки
Истиқлолияти энергетикӣ аз ҷумлаи бузургтарин ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад. Дар ин роҳ қадамҳои устувор гузошта шудаанд ва намунаи олии онро чанде баъд тамоми ҷаҳон шоҳид хоҳад гардид. Ин намунаву самара бунёди НБО -и «Роғун» аст, ки заминаи бунёди он аз солҳои шастуми асри гузашта оғоз ёфта буд.
Бо сабабҳои зиёду монеаҳои гуногун анҷоми он тӯл кашид ва чанд сол қабл корҳои сохтмонии он аз нав оғоз гардид. Ин амал, пеш аз ҳама, аз матонату устуворӣ ва садоқату меҳнатдӯстии Пешвои