Дар Исроил профессор Михаэл Занд дар синни 91-солагӣ аз олам даргузашт. Михаэл Исаакович Занд аз ҷумлаи маъруфтарин муҳаққиқони адабиёти форсу тоҷик буд. Занд муаллифи таълифоти зиёде дар бораи адабиёт ва фалсафаи форсӣ ва тоҷикӣ ва низ дар бораи фарҳанги яҳудиён дар Иттиҳоди Шуравӣ мебошад. Як қатор осори адабии марбут ба забонҳои эрониро тайёр кардааст, аз ҷумла насри адабии яҳудиёни Бухоро дар поёни асри 19 ва оғози асри 20 ва ғайра.
Ба даргузашти шоири дардошно Лоиқ Шералӣ 18 сол шуд
ПАДРУДИ ОФТОБ
Устоди бузургвори ман! Ин сайёраи ятим, ин ҷаҳони бепарастор, ин лаҳзаҳои бесаъодат, ин миллати ғафлатпаноҳ ва ин мани дилшикаста бе ту буданро чӣ сон таҳаммул кунем? Бе касе, ки вуҷуди мунаввараш гилҳову дилҳову қандилҳову маҳфилҳоро офтобӣ мекард, бе касе, ки ҳузури азизаш ба зиндагонии пучи мо маъно мебахшид, бе касе, ки садои шаффофаш дар фазои мо рехта ва ҷонҳои мурдаи моро ангехта буд: Он зинда рафт ва ин мурдаҳо монданд.